logo

ҳуқуқ

ҲУҚУҚ БА ТАҲСИЛ. ВАЗЪ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

Моҳи марти соли равон маърӯзаи солонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (ВҲК) нашр гардид. Ин ниҳод соли 2019 бо истифода аз салоҳияташ, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намудааст, ҷиҳати барқарор кардани ҳуқуқҳои вайроншудаи кӯдакон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, такмили қонунгузорӣ дар ин самт, ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон мусоидат намуд.
Аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, яке аз бахшҳои маърӯза ҳуқуқ ба таҳсили кӯдакон буда, дар ин замина ваколатдор дар як қатор муассисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ санҷишу маниторингҳо гузарондааст. 
Тавре ваколатдор дар маърӯзааш зикр кард, онҳо соли 2019 бо мақсади муайян кардани вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил дар доираи амалисозии «Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2020» дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии № 72  - и ноҳияи Фирдавсӣ, № 1 - и ноҳияи Шоҳмансур, № 4 - и ноҳияи И. Сомонӣ ва № 96 - и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе санҷиш гузарондаанд. 
Санҷишҳо нишон доданд, ки таълиму тарбия тибқи талаботи қонунгузорӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Аммо набудани айвончаҳои замонавӣ, мумфарш набудани роҳравҳо, воситаҳои электронии муосир ва мизу курсиҳои нав дар синфхонаҳо, аз ҷумлаи мушкилиҳо ба ҳисоб мераванд. 
Инчунин, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № № 96, 111 - и шаҳри Ҳисор, № 34 - и ноҳияи И. Сомонӣ, № № 89, 54 - и ноҳияи Сино, Гимназияи “Тоҷикистон”- и шаҳри Душанбе, № 12 - и ноҳияи Шуғнон (ВМКБ), № 1 - и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, № 8 - и ноҳияи Рашт, № № 1, 14 - и ноҳияи Лахш, № 12 - и ноҳияи Дӯстӣ ва № 8 - и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мониторинг гузаронда шуда, базаи моддӣ - техникии муассисаҳои мазкур зери санҷиш қарор гирифтааст. Аз натиҷаҳои санҷиш бармеояд, ки таъмин набудани муассисаҳои таълимии деҳот бо баъзе китобҳои дарсӣ, синфҳои фаннӣ, лингофонӣ ва касбомӯзӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ, мизу курсиҳои нав, дорувории зарурӣ ва ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ набудани ҷойҳои истифодаи умум, инчунин, ба меъёр ҷавогӯ набудани сифати хӯрока аз мушкилоти умда ба ҳисоб меравад. Масъалаи нигаронкунандаи дигар дур будани макотиби деҳот аз маҳалли истиқомат ва хатарнок будани роҳ дар давраи тирамоҳу зимистон, ки чунин ҳолат метавонад сабаби аз таҳсил дур мондани кӯдакон, хусусан духтарон гардад. 
Дар муассисаҳои таълимии шаҳрҳо мушкилиҳо аз қабили зиёд будани теъдоди хонандагон дар синфҳо, муноқишаҳои гурӯҳӣ дар байни хонандагон, нокифоя будани китобҳои дарсӣ ба забони русӣ, нарасидани омӯзгорони фанҳои ҳуқуқи инсон, дақиқ, ҷуғрофия ва таърих, ки бо забони русӣ таълим медиҳанд, дастрас набудани  маводҳои  тестӣ  ба  забони  русӣ  ва   амсоли  инҳо ба назар мерасанд. Ҳамзамон, бинои МТМУ № 89 - и ноҳияи Сино дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. 
Дар ҷараёни санҷишу мониторингҳо муайян карда шуд, ки на ҳамаи омӯзгорон аз курсҳои дахлдори такмили ихтисос гузаштаанд. Хонандагон оид ба санадҳо ва механизмҳои милливу байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, аз ҷумла доир ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, огоҳӣ надоранд. 
Илова бар ин, омӯзгорони муассисаҳои санҷи-дашуда хоҳиш кардаанд, ки китоби дарсии «Ҳуқуқи инсон» дар таҳрири нав ва содатар, инчунин, ба забони русӣ таҳия шуда, тибқи имкониятҳо соатҳои дарсӣ аз ҳамин фан зиёд карда шаванд. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2020    №: 53    Мутолиа карданд: 430
22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ 56 654 ТОННА ПАХТА

ЗАРКОРОНИ ЛЕВАКАНТ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

ММВЗО «СОЛОР» – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ НАВРАСОНИ ТО 14 - СОЛА

07.10.2020


МОИ “СУҒД”. КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК БУНЁД МЕГАРДАД

ҶАМЪОВАРИИ 2660 ТОННА ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

ДАНҒАРА. ОМОДАГИҲО МУТАШАККИЛОНА ИДОМА ДОРАНД

06.10.2020


ЛИГАИ ОЛӢ. КМВА ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ВА «ЛОКОМОТИВ – ПОМИР» БА ЛИГАИ АВВАЛ РАФТ

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН: 122 НОЗИР ВА 258 РӮЗНОМАНИГОР АККРЕДИТАТСИЯ ГИРИФТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед