logo

ҳуқуқ

“РИСОЛА” – И ШУБҲАБАРАНГЕЗ

Мо - устодон аз он нигарон ҳастем, ки як нафар ҷавони тоҷик бо роҳи суистифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ мардум, бахусус ҷавононро ба роҳгумӣ водор месозад. Ҳол он ки тибқи муқаррароти қонун дар кишвари мо муаллифон барои нашри китоб ё маҷаллаву рӯзнома бидуни қайди давлатӣ ба миқдори 99 нусха ҳуқуқ доранд. Тавре аз расонаҳо огоҳӣ ёфтем, рисолаи “Ҳазрати Муҳаммад ва терроризм” аз ин миқдор зиёд чоп шудаву аллакай ба нафароне тақсим шудааст. Албатта, ҳар шаҳрванд ҳуқуқи озодии баёни афкорро дорад, ҳамчунин, маҷмӯи қонунҳои вобаста ба ВАО-и кишвар имкон медиҳанд, ки журналистон андешаҳои хешро дар асоси фактҳои воқеӣ баён намуда, ба омма расонанд. Аммо ин ҳуқуқу озодӣ ҳад дорад. 
Озодии баён маънои онро надорад, ки ҳар чи хоҳем, бигӯем. Хуб аст, ки аксари ҷавонони имрӯз рӯҳияи демократияро бо навиштаҷоташон тақвият мебахшанд. Аммо доир ба мавзӯи динӣ “рисола” таълиф намудан боиси шубҳа низ ҳаст.  Маълум нест, ки он навишта дар кадом асос ин унвонро гирифтааст. Барои таълифи ҳама гуна рисола, хоҳ хурд, хоҳ бузург, дониш ва омӯзиши амиқ зарур мебошад. 
Чун медонем, ки масоили динӣ дар донишгоҳҳои кишвар тибқи барномаи муайян ва аз ҷониби Вазорати дахлдор (маориф ва илм) тасдиқгардида гузаронида мешавад, пас ба рисолаи мазкур ба ҷуз бо назари шубҳа нигоҳ кардан чизе дигар боқӣ намемонад. Аз ҷониби дигар пӯшида нест, ки имрӯз гирифтани донишҳои динӣ дар назди муллоҳо бо назардошти эмин нигоҳ доштани мафкураи ҷавонон ва амнияти кишвар ба низом дароварда шудааст, ки комилан боиси дастгирист.
Суоли дигар ба миён  меояд, ки дар ҳоли таълифи “рисола” дар асоси донишҳои сарчашмаашон пинҳонӣ натиҷаи ин омӯзиш низ оё боиси шубҳа нест? Яқин, боиси шубҳа ва нигаронист, зеро ҳама гуна рисола дар асоси донише навишта мешавад. Аз ин лиҳоз, таълифи чунин “рисола”-ро бояд маҳкум намоем.  

М. ҶӮРАЕВ, устоди ДДХ  ба номи академик 
Бобоҷон Ғафуров
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2020    №: 53    Мутолиа карданд: 453
22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ 56 654 ТОННА ПАХТА

ЗАРКОРОНИ ЛЕВАКАНТ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

ММВЗО «СОЛОР» – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ НАВРАСОНИ ТО 14 - СОЛА

07.10.2020


МОИ “СУҒД”. КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК БУНЁД МЕГАРДАД

ҶАМЪОВАРИИ 2660 ТОННА ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

ДАНҒАРА. ОМОДАГИҲО МУТАШАККИЛОНА ИДОМА ДОРАНД

06.10.2020


ЛИГАИ ОЛӢ. КМВА ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ВА «ЛОКОМОТИВ – ПОМИР» БА ЛИГАИ АВВАЛ РАФТ

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН: 122 НОЗИР ВА 258 РӮЗНОМАНИГОР АККРЕДИТАТСИЯ ГИРИФТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед