Хабарҳо
МАШЪАЛИ ОЛИМПӢ. 20 МАРТ БА ТОКИО МЕРАСАД
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, 12 март дар шаҳраки Олимпиаи Юнон оташи олимпӣ афрӯхта шуд. Аз офтоби гарми Юнон то машъали Варзишгоҳи олимпии Токио оташи олимпӣ ба ҷаҳониён паёми сулҳ, умед ба ояндаи нек ва иттиҳодро мерасонад.
Эстафетаи оташи олимпӣ 19 март ба Афина мерасад. Машъали олимпӣ сайрашро ҳамроҳи чемпиони Бозиҳои олимпии Рио - де - Жанейро – 2016 Анна Корокаки (тирандозӣ аз туфанг, 25 метр) аз Юнон шурӯъ кард.
Маросими тақдими оташи олимпӣ ба Токио 19 март дар Варзишгоҳи “Панафенаик”-и Афина доир мегардад. Баъдан, оташ тавассути тайёра 20 март ба Ҷопон мерасад.
ФУТЗАЛ. ТОҶИКИСТОН ДАР РЕЙТИНГИ ҶАҲОНӢ БОЛО РАФТ
Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ, ки 16 март дар сомонаи futsalworldranking.be нашр шудааст, ҳафт зина боло шуд ва дар байни 115 кишвар бо 918 имтиёз дар мавқеи 63-юм қарор гирифт.
Дар феҳристи нави ҷаҳонӣ мунтахаби футзали Бразилия ҷойи аввал (1810 имтиёз), Испания дар зинаи дувум (1801 имтиёз ) ва Аргентина дар зинаи сеюм (1694 имтиёз) ҷойгир шудаанд.
Тоҷикистон дар байни тимҳои Осиё бошад, дар мақоми 13-ум аст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал, Ҷопон дувум ва Ӯзбекистон сеюм мебошанд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2146