Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
АИР Новости. Роҳи оҳани Россия бар асари коронавирус ҳаракати қатораҳои байналмилалиро бо Тоҷикистону Қирғизистон муваққат бозмедорад.
Жэнмин жибао. Олимони чинӣ озмоиши клиникии доруи зиддивирусии «Фавилавир»-ро ба охир расонданд, ки ҳарорати баланди мубталоёни коронавирусро мефурорад.
Sky News. Ҳукумати Эрон бинобар хуруҷи COVID-19 аз маҳбасҳо муваққатан 85 000 маҳбусро ҷавоб медиҳад.
INTERFAX.RU. Дар Лаҳистон баъди сироятёбии вазири муҳити зист бо коронавирус 15 вазирро ба карантин фиристоданд.
Centralasian.org. Мақомоти Ӯзбекистон ба як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳангоми бозгашт аз Россия дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон дармонда буданд, иҷозати гузаштан дод.
ТАСС. Нархи нафти тамғаи Brent то $29,44 ба як баррел арзон шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2222