Хабарҳо
ЁРИИ БОР БА ТОҶИКИСТОН БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID-19
Спутник. Бонки осиёии рушд барои дастгирии ҷидду ҷаҳди Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз коронавирус $100000 грант ҷудо хоҳад кард.
Маблағ барои хариди лавозимоти мавриди ниёзи аввал - ниқобу дастпӯшакҳо, респиратору термосканерҳо ва таҷҳизоти зарурии ташхис масраф мешавад. Мавриди зикр аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар 4 марти соли равон барои ёрӣ ба БОР муроҷиат намуда буд.
То 17 март дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, 1566 нафар дар карантин қарор дорад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2330