Хабарҳо
МИШУСТИН ВАЗЪИЯТИ КОРОНАВИРУСРО БО ҲАМТОЁНАШ АЗ ИДМ БАРРАСӢ НАМУД
АИР Новости. Сарвазири Россия Михаил Мишустин иттилоъ дод, ки бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба вазъи мубориза бо бемории хатарноки нав, тадбирҳое, ки ҳукуматҳо меандешанд, мубодилаи афкор намуд.
"Ман онҳоро воқиф кардам, ки аз 18 март алҳол то 1 май вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа маҳдуд карда мешавад", - изҳор дошт Мишустин дар ҷаласаи машваратӣ бо Президенти ФР Владимир Путин.
"Ин тасмим аз ҳолатҳои моҳиятан фавқулода бармеояд ва ба тавсияҳои созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мувофиқат мекунад. Он хусусияти муваққатӣ дорад", - тавзеҳ дод сарвазир.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2305