logo

Хабарҳо

МАСТЧОҲ. НАМОИШИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ

Дар ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади дар муҳлати мусоиди агротехникӣ анҷом додани кишти баҳорӣ ва вусъат бахшидани  корҳои саҳроӣ намоиши  техникаи кишоварзӣ баргузор гардид. Барои кишоварзон  техникаю  мошинолоти  шудгоркунӣ, алафдарав, картошкакан, дорупош  ва  ғайра муаррифӣ гардиданд.
Ба гуфтаи Тоҳир Азиззода, раиси ноҳия,  норасоии техника яке аз  мушкилиҳои асосии  кори деҳқон аст, ки бо дастгирии давлату Ҳукумати кишвар тадриҷан бартараф шуда истодааст.
- Сатҳу сифати кишт ва натиҷаи заҳмати деҳқон  аз ҳолати техника вобастагии калон дорад.Бо  супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишоварзони Мастчоҳ солҳои охир ба техникаю мошинолоти муосири кишоварзӣ дастрасӣ ёфта,  домони фаъолияташонро васеътар намуданд. Ҳамин аст, ки соли равон дар ноҳия нақшаи  кишти зироатҳои баҳорӣ қариб ба  22 ҳазор гектар расид. Дар 12400 гектар пахта кишт мешавад, - гуфт раиси ноҳия.
Зикр гардид, ки ҳоло дар ноҳия барои гузарондани кишти баҳорӣ ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ 984 адад техникаю мошинолоти кишоварзӣ  мавҷуд аст. Кишоварзон бовар доранд, ки бо чунин техника кишти баҳориро сари вақт ва бо сифати баланд мегузаронанд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2268
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед