logo

фарҳанг

ҲАМА РӮЗГОРИ МО НАВРӮЗ БОД!

Фарҳангу тамаддуни тоҷикон аз даврони бостонӣ то кунун бо табиату коинот ва муҳити атрофи сарзаминаш пайвандии ногусастанӣ дорад. Бавижа бунёди ҷашнҳои миллии тоҷикӣ хислати мавсимӣ дошта, аслан таҷлили тағйир ёфтани фаслҳои сол мебошанд. Агар Меҳргон аз омадани тирамоҳи зарнисор мужда диҳад, Сада гардиш ба сӯи фасли баҳор бошад, пас Наврӯз фаро расидани баҳори дилафрӯз аст. Ба ибораи дигар, ҷашнҳои ориёӣ ҳеҷ гуна асосу пояи диниву мазҳабӣ надоранд ва сирф ҷашнҳои милливу табиӣ мебошанд.
Дар робита бо ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид кардаанд: «Далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти бадастовардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад».
Ҷашнҳои сегонаи миллии мо, тоҷикон – Наврӯз, Меҳргон ва Сада аз замонҳои бостонӣ дар Меҳани азалии худ бо ҳамон ҷанбаи табиии хеш таҷлил карда мешаванд ва дар замони соҳибистиқлолии кишвар мақоми расмӣ касб намуданд.
Аҷдоди ориёии мо соҳиби идҳои зиёди мавсимӣ буданд, ки ҳар якеро бо шукӯҳу манзалати хос таҷлил менамуданд, аммо дар миёни онҳо Наврӯзи дилафрӯз, чун Ҷашни Соли нав мавқеи махсус дошту дорад. Соли навро ниёгони мо дар рӯзи эътидоли баҳорӣ, ки шабу рӯз баробар мешавад ва нуру рӯшноӣ бар торикӣ пирӯз мегардад, истиқбол мекарданд. Онҳо метавонистанд рӯзи эътидоли тирамоҳӣ ва ё айёми инқилобҳои тобистониву зимистониро, ки дар коиноту табиат тағйирот ба амал меоянд, ба ҳайси мабдаи  сол интихоб намоянд, зеро  оғозу анҷоми ҳар яки онҳо аз 365 ё 366 рӯз, яъне аз як соли пурра иборат аст.
Вале ниёгони мо маҳз эътидоли баҳориро интихоб намуда, онро мабдаи Соли нав қарор доданд ва Наврӯз ном ниҳоданд. Онҳо бо ин амали хеш нисбат ба мавсимҳои дигар, ба фасли фораму фараҳангези баҳор ва аз хоби тӯлонӣ бедор шудани табиат, авлавият бахшиданд. Ба қавли Носири Хусрави Қубодиёнӣ:
Наврӯз беҳ аз Меҳргон, агарчи,
Ҳар ду рӯзонанд эътидолӣ!
Ба ин хотир, фаро расидани Ҷашни Наврӯзи дилафрӯз ва омадани фасли баҳори хуррам тавъам ва мутародифи якдигар гардида, яке аз дигаре ҷудо набуда, бо ҳамин мазмун дар эҷодиёти шифоҳии мардуми тоҷик, ки соҳиби аслии ҷашнҳои деҳқониву мавсимӣ мебошад, васф шудааст:
Фасли Наврӯз гашт саҳро лолазор,
Занги дилро мебарад бӯи баҳор.
Булбулон андар хурӯшанд дар чаман,
Кӯдакон андар тамошо беқарор. 
Ва бо ҳамин мазмун дар эҷодиёти кулли шоирони классику муосири тоҷик мавриди тавсиф қарор гирифтааст, ки ин ҷо танҳо мисоле меорем аз устод Садриддин Айнӣ, чун пайвандгари шеъру адаби гузаштаву имрӯза:
Зимистон гузашта, шуда навбаҳор,
Фалак беғубору замин сабзазор.
Ҳаво буд форам, на сарду на гарм,
Насимаш чу анфоси маҳбуба гарм.
Дарахтони сесабзаи мевадор,
Шукуфта зи мастӣ чу рӯи нигор.
Зи бас ҷашни фирӯзи Наврӯз буд,
Ҳама чиз гӯё, ки фирӯз буд.

Рамзу суннатҳои наврӯзӣ – суманакпазӣ, гулгардонӣ, ҷуфтбаророн, ҳафтсину ҳафтшин, сайру саёҳат дар оғӯши табиати эҳёшуда, баргузор намудани бозиву мусобиқаҳо дар  ҳавои форами дашту талу саҳроҳо – ҳамагон, бо фасли баҳору оғози корҳои деҳқонӣ алоқаманд мебошанд.
Аз ин миён оини суманакпазӣ ва сабзаи суманак рамзи асосии Наврӯзу баҳор ба ҳисоб рафта, дар тамоми минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ маъмул мебошад ва ба ҳайси рамзу оини асосии наврӯзӣ шинохта мешавад. Бо назардошти ин анъанаи куҳани мардумӣ  рамзи Иди байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ аз ҳафт табақи суманаки арчамонанд иборат аст.
Рамзи мазкур аз ҷониби сокинони ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо хушнудӣ пазируфта шуда, дар кӯчаву хиёбонҳо, аз ҷумла бузургтарини онҳо дар майдони марказии пойтахти кишвар чун пайки неки Ҷашни Наврӯзу фасли баҳор насб гардидааст. Ин рамз дар қалбу зеҳнҳои хурду бузурги кишвар эҳсоси омад - омади Ҷашни Наврӯз, фасли баҳор ва Соли нави миллиро такон медиҳад ва амиқтар менамояд.
Инак, ба диёри биҳиштосои мо боз фасли фараҳангези баҳор, Ҷашни оламафрӯзи Наврӯз ва Соли нави миллӣ фаро расида, як соли пурбаракат сипарӣ гардид. Бигзор Соли нав ба кулли сокинони кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти роҳбарии хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музаффарияту комёбиҳои нав ба нав орад.
Ба қавли Фирдавсии бузург:
Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,
Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!

Масрур АБДУЛЛОЗОДА, доктори илмҳои филологӣ,
профессори Донишгоҳи славянии
Тоҷикистон ва Россия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2020    №: 58    Мутолиа карданд: 255
22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД

ДАРВОЗ. САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ НОҲИЯ БЕШТАР МЕГАРДАД

БОЗОРИ ТРАНСФЕРӢ. АРЗИШИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДАСТАҲОИ ЛИГАИ ОЛӢ

ПЕШНИҲОДИ ВОХӮРИИ НАМОЯНДАҲОИ ИДМ ВА СҶТ БАРОИ МУБОДИЛАИ ТАҶРИБАИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. САҲМИ РАЁСАТИ КҲФ ДАР ПЕШГИРИИ COVID-19

14.05.2020


КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ТАЪСИСИ МАХЗАНИ ЭЛЕКТРОНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед