logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд истиқбол гирифтанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ифтихори Наврӯзи оламафрӯз як силсила иншооти таъйиноти гуногун бунёд, тадбирҳои зиёди ободонӣ амалӣ гардиданд ва Иди байналмилалии фархундаи Наврӯз бо омодагии комил ва рӯҳияи фараҳмандона, бо иҷрои ҳамаи анъанаҳояш ҷашн гирифта мешавад.

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ХУСУСИИ ИСТЕҲСОЛИ ЛӮЛАҲОИ ПЛАСТИКӢ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН
Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ “Сифат пласт”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат бо хатҳои истеҳсолӣ, имконияти коргоҳи нав ва маҳсулоти ниҳоии он шинос шуда, бо кормандон суҳбати самимӣ карданд.
ҶДММ “Сифат пласт” ба истеҳсоли лӯлаҳои пластикии қутрашон гуногун машғул буда, маҳсулоти ниҳоии он барои кашидани хати оби нӯшокӣ пешбинӣ гардидааст. Дар корхонаи нав асосан ду навъи лӯлаҳои пластикӣ, ҳам барои оби хунук ва ҳам барои оби гарм истеҳсол гардида, талабот ба ин навъи маҳсулот дар бозори дохилию хориҷӣ хеле зиёд аст. Муҳлати кафолати лӯлаҳои пластикии корхона 50 солро дар бар мегирад. 
“Сифат пласт” дар як моҳ имкони истеҳсоли 30 ҳазор метр навъҳои гуногунқутри лӯлаҳои пластикиро дошта, маҳсулот бо сифати баланд ва назардошти талаботи байналмилалӣ истеҳсол мешавад. Аз рӯйи баҳогузории мутахассисон, лӯлаҳои дар корхона истеҳсолгардида рақобатпазир буда, ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба бозорҳо бароварда мешавад. То ин дам лӯлаҳои пластикӣ аз кишварҳои мухталиф ба Тоҷикистон ворид мегардиданд ва ифтитоҳи корхонаи нав имконият фароҳам намуд, ки то ҷое талаботи бозор бо ин навъи маҳсулоти ватанӣ қонеъ карда шавад.
Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, бо назардошти талабот корхона имконият дорад, ки минбаъд содироти лӯлаҳои пластикиро ба ҷумҳуриҳои Қирғизистону Афғонистон ба роҳ монда, дар бозорҳои дохилу хориҷ чун тавлидкунандаи маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда рақобат намоянд.
Иншоот дар масоҳати 1 гектар бунёд ёфтааст. Корҳои сохтмонӣ дар он моҳи ноябри соли 2019 оғоз гардида, бо назардошти талаботи замони муосир сохта ба истифода дода шуд. Корхона бо хати муосири истеҳсолӣ, ки аз ширкатҳои маъруф харидориву насб гардидааст, муҷаҳҳаз буда, 50 фоизи ашёи хом аз дохил ва боқӣ аз Россия ва Ҷумҳурии Корея дастрас мегардад. ҶДММ “Сифат пласт” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Илҳомҷон Бобоҷонов бунёд ёфтааст. Дар корхонаи мазкур то 20 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардид.
Қобил ба тазаккур аст, ки дар доираи нақша - чорабиниҳо бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкор дар шафати коргоҳи нав бунёди корхонаи истеҳсоли зарфҳои пластикиро оғоз кардааст, ки то таҷлили ин ҷашни муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Пас аз амалишавии ин иқдом, 30 нафари дигар соҳиби ҷойи кор гардида, истеҳсоли маҳсулоти нави содиротӣ ба роҳ монда мешавад.
Аснои шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ маънидод намуда, барои истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир ба кормандони он дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

ФАЪОЛ ШУДАНИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ШИФЕР ВА ЛӮЛАҲОИ АСБЕСТӢ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН
Дар шаҳри Бӯстон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли шифер ва лӯлаҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восидзода» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Корхона дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон дар майдони қариб як гектар бо харҷи зиёда аз 1 миллион сомонӣ аз ҷониби  соҳибкори ватанӣ Абдувосид Очилов бунёд ёфта, дорои ду хати муосири технологӣ - истеҳсоли шифер ва лӯлаҳои асбестӣ мебошад ва ба гуфти мутахассисони соҳаи саноату сохтмон маҳсулоташ аз лиҳози намуд ва сифат ба стандартҳои замони имрӯз ҷавобгӯ аст.
Аснои шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхонаи саноатӣ дар як шабонарӯз зиёда аз 1500 дона шифер ва наздики 500 адад лӯлаҳои асбестии қутрашон гуногун истеҳсол карда мешаванд. Ба гуфтаи муассиси корхона, дар натиҷаи бештар шудани талаботи бозор ба шифер ва лӯлаҳои асбестӣ имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур доданд, ки дар вақти истеҳсоли шифер ва лӯлаҳои асбестӣ масолеҳи сифаташ баландро истифода баранд. Барои истеҳсоли шифер ва лӯла ашёи хом - асбест аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид гардида, сементи аълосифати корхонаҳои Тоҷикистон истифода мешавад. Дар шаҳри Бӯстон ин аввалин корхонаест, ки шифер ва лӯлаҳои асбестӣ истеҳсол менамояд.
Ба таъкиди мутахассисони соҳа лӯлаҳои асбестӣ ба гармию сардӣ тобовар буда, муҳлати истифодабариашон бештар аз 50 сол мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар оянда содироти шифер ва лӯлаҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восидзода» ба кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба нақша гирифта шуда, истеҳсоли дигар намуди масолеҳ, ки асосан аз асбесту семент истеҳсол карда мешаванд, роҳандозӣ мегардад.
Қобили зикр аст, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Бӯстон зиёда аз 50 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардид. Дар корхона аслан муосиртарин технология насб карда шудааст, ки истеҳсоли бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ мебошанд.
Зимни суҳбат бо коргарону мутахассисони корхонаи нав Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар раванди татбиқи ҳадафи чорум - саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ бештар буда, ин саҳмгузорӣ ҳам дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ҳам дар таъмини сокинон бо ҷойи кору маоши хуб заминаи воқеӣ мегузорад.
Дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва ворид намудани технологияи муосири истеҳсолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар карда шудаанд. 

БИНОИ МАЪМУРИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН ҚОМАТ АФРОХТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи таҷлили 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ бунёд шуда, аз 3 ошёна иборат аст. Бинои маъмурӣ бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпешаи шаҳр аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд гардида, бо тамоми таҷҳизоти муосири корӣ таъмин мебошад. Ошёнаи якум аз ҳуҷраҳои кормандон, қабати дуюм аз маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст ва толори хурд иборат буда, ҳуҷраҳои роҳбарият, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон қабати сеюми биноро ташкил медиҳанд.
Атрофи бино бо дарахтони сояафкану гулҳои  мавсимӣ оро ёфта, роҳраву гузаргоҳҳои он сафолакпӯш ва чароғон карда шудаанд. Зимни шиносоӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулонро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.
Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба истифода супурдани бинои навро кормандон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон туҳфаи арзанда хонда, иброз доштанд, ки минбаъд низ корро дар самти татбиқи самараноки барномаҳои ҳизбӣ ва ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷоннок намуда, дар пешрафти ҷомеа ҳиссагузор хоҳанд буд.  

ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ ҶДММ “МУРҒИ АЪЛОСИФАТ” ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН
22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд, дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи аълосифат” оғози расмӣ бахшиданд.
ҶДММ “Мурғи аълосифат” дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар заминаи тадбирҳои вобаста ба амалисозии стратегияи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд гардида, сохтмони корхонаи парандапарварӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, моҳи апрели соли 2019 оғоз ёфта буд ва дар як муддати кӯтоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
ҶДММ “Мурғи аълосифат” аз ҷониби соҳибкор Парвиз Бобоев сохта шудааст. Корхона дорои чор бино буда, дар ҳудуди он барои фаъолияту истироҳати кормандон низ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти истеҳсолӣ 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.
Дар корхона 4 бинои парвариши чӯҷа ба пуррагӣ сохта, барои истифобарӣ омода карда шудааст. Дар ин биноҳо 70 ҳазор чӯҷа парвариш ёфта истодааст. Бинои забҳи паранда бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин буда, иқтидори истеҳсоли гӯшти мурғ дар ҶДММ “Мурғи аълосифат” 1000 тонна дар як сол мебошад.
Сехи истеҳсоли хӯрокаи чӯҷаҳо низ ба фаъолият оғоз карда, дар он панҷ намуди хӯрокаи паранда омода мешавад. Иқтидори коргоҳи мазкур дар як шабонарӯз коркарди 30 тонна хӯроки парандаро ташкил медиҳад. Ҷиҳати таъмини мунтазами паранда бо хӯрок дар анборҳои корхона ба қадри кофӣ гандуму ҷуворимакка ва дигар номгӯи маҳсулот захира карда шудаанд.
Давоми 40 рӯз чӯҷаҳои зоти бройлерӣ ба ҳисоби миёна 2-2,5 кг вазн мегиранд ва барои пешниҳод ба бозор омода мешаванд. Ҳадафи асосии ташаббускорони бунёди корхона бо гӯшти мурғи хушсифати ватанӣ таъмин намудани ҷумҳурӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои корӣ барои аҳолии маҳаллӣ мебошад. Чӯҷаҳои гӯштӣ дар инкубатори корхона бароварда мешаванд.
То Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афзун шудани ҳаҷми истеҳсолот шумораи коргарон ба зиёда аз 120 нафар хоҳад расид. Зимнан, ба кор андохтани боз 6 мурғхонаи дигар дар нақша аст. Истеҳсоли гӯшти парҳезӣ дар ин давра ба 3 ҳазор тонна расонда хоҳад шуд. Соҳибкор тасмим дорад, ки маҷмааи парандапарвариро дар заминаи ҳамин корхона ташкил карда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи саноати хӯрокворӣ ҳисса гузоранд.
 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ибтикори соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, изҳори бовар намуданд, ки корхонаҳои парандапарварӣ дар ояндаи наздик на танҳо бозори Тоҷикистонро комилан ба даст меоранд, балки дар хориҷи кишвар низ харидорони зиёд пайдо мекунанд.
Пешвои миллат ба соҳибкор дастур доданд, ки бобати афзоиши саршумори паранда ва зиёд кардани ҳаҷми гӯшти парҳезӣ аз имконоти мавҷуда самаранок истифода барад.
Роҳбарияти корхона ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхориҳои пайваста ва дастгириҳои ҳамешагии соҳибкории хурду миёна изҳори миннатдорӣ карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҶДММ “Мурғи аълосифат” аз намоишгоҳи корхонаҳои парандапарварии ҳудуди вилояти Суғд дидан намуданд. Маълум гардид, ки бо истифода аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати рушд бахшидан ба соҳаи парандапарварӣ, тараққии ин бахш дар вилоят баръало ба мушоҳида мерасад. Дар ин ҷо дар баробари корхонаҳои парвариши паранда, инчунин, маҳсулоти коргоҳҳои ҳасиббарорӣ ба намоиш гузошта шуданд.

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ ҚОҒАЗ ВА БОЗДИД АЗ НАМОИШГОҲИ КОРХОНАҲОИ САНОАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон корхонаи коркарди қоғазро ифтитоҳ карда, бо дастовардҳои корхонаҳои саноатии шаҳр шинос шуданд.
Коргоҳи нав дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар заминаи корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сахо ва компания” аз ҷониби соҳибкорон - оилаи Қосимовҳо таъсис ёфтааст.
Маҳсулоти он барои бандубасти қуттиҳои маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ нигаронда шудааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи нав то 20 тонна коркарди қоғазпора дар як шабонарӯз буда, дар он 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаст. Дар маҷмӯъ, дар коргоҳҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сахо ва компания” наздики 400 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин аст.
Корхонаи коркарди қоғаз ва коргоҳи истеҳсоли зарфҳои шишагӣ,  ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сахо ва компания” бунёд шудаанд, бепартов мебошанд. Мутахассисони  коргоҳи коркарди қоғаз корҳои санҷишӣ гузаронда, кӯшиш доранд, ки сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ба талаботи стандартҳо ҷавобгӯ бошад.
Қоғаз ва ҳам зарфҳои шишагӣ барои корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва аҳолии кишвар нигаронда шудааст, ки ин маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад. Коргоҳҳои мазкур дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар саҳми муносиб мегузоранд.
Соҳибкор Абдураҳмон Қосимов соли 2019 зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саноатчиёни кишвар ваъда дода буд, ки дар доираи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва дастгирии ҳамешагии Президенти мамлакат аз соҳибкории хурду миёна коргоҳи нав бунёд менамояд.
Зимни шиносоӣ аз фаъолияти корхонаи навтаъсис оид ба коркарди қоғаз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода, онҳоро барои идомаи корҳои ободонӣ ҳидоят карданд.
Баъди ифтитоҳи корхонаи коркарди қоғаз дар ҳавлии коргоҳ Президенти мамлакат бо дастовардҳои саноатчиёни шаҳри Гулистон ва маҳсулоти гуногуни истеҳсолкардаи онҳо шинос шуданд.
Дар намоишгоҳ асосан маҳсулоти саноатии ивазкунандаи воридот ба маъраз гузошта шуд ва сифати онҳо аз ҷониби Пешвои миллат баҳои арзанда гирифт.

ТАҚДИМИ ТУҲФАҲОИ НАВРӮЗӢ БА 100 ЯТИМ ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН
Дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 кӯдаки ятими вилояти Суғд туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим карданд.
Мавриди зикри хос аст, ки ба шарофати сиёсати башардӯстонаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар имрӯзҳо тамоми табақаҳои ниёзманд, ятимон ва маъюбон таҳти ғамхории ҳамаҷониба фаро гирифта шуда, аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ меёбанд.
Чун анъанаи накуи наврӯзӣ ва бо хиради азалии раиятпарварӣ ин навбат низ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кӯдакони ятими вилояти Суғд дастархони идонаи наврӯзӣ ороста, ба онҳо шириниҳои гуногун, сарулибос ва кумакҳои моддӣ расонданд.
Зимни суҳбат бо хонандагону наврасон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи талошҳову ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саховатмандии мардуми шарифи ҷумҳурӣ дар роҳи расондани кумакҳо ба ниёзмандон, кӯдакону наврасонро ба хониши хуби илмҳои замони муосир, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани технологияи муосири компютерӣ ҳидоят карданд.
Шодию нишоти кӯдакону наврасонро ҳадду канор набуд. Онҳо барои чунин ғамхориҳо ба Роҳбари хирадпешаю саховатманд изҳори сипос карданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар саросари ҷумҳурӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо ва шахсони саховатпеша ба ниёзмандон, барҷомондагон, ятимон дар арафаи иду ҷашнҳо ва дигар идҳои миллӣ ёрии моддӣ расонда, рӯҳияи онҳоро баланд мебардоранд.
Солҳои охир бо ташаббуси Пешвои миллат ятимон на танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, балки дар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Барои соҳибкасбу соҳибҳунар шудани наврасон низ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мегарданд, ки ин ҳам ҳадди ниҳоии ғамхорию сарпарастии ятимон нест.

ИФТИТОҲИ ИСТИРОҲАТГОҲИ “СУҒДИЁН” ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон истироҳатгоҳи нави “Суғдиён” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар шаҳри Гулистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд гардидааст.
Истироҳатгоҳи “Суғдиён” дар соҳили Баҳри тоҷик ҷойгир мебошад. Масоҳати умумии қитъаи замини он 5,0 гектарро ташкил дода, аз 5 ошёна иборат буда, дорои 40 ҳуҷра барои қабули меҳмонон, сайёҳон ва истироҳаткунандагон мебошад.
Бино аз толорҳои гуногун ва иншооти ёрирасон иборат аст. Атрофаш обод ва кабудизор шудааст. Суҳбаткадаҳо, гулҳои рангоранг, дарахтони зиёди ороишӣ, чароғҳои ранга, роҳравҳои бо сангҳои ватанӣ ороишёфта, кӯли махсус ва фаввораҳо аз ороишоти истироҳатгоҳи «Суғдиён» ба шумор мераванд.
Сохтмони иншоот бо дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2018 оғоз ёфта, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ба истифода супурда шуд.
Ёдовар мешавем, ки 21 августи соли 2019 зимни як сафари корӣ Президенти мамлакат бо рафти корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар истироҳатгоҳи мазкур шинос шуда буданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони бино ошно шуда, ба коргарону сохтмончиён оид ба татбиқи саривақтии лоиҳаи бунёди иншоот дастурҳо дода, коргаронро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи ватанӣ, нақшу нигори миллӣ, риояи қоидаҳои меъмории миллӣ ва дигар қоидаҳои сохтмон, ҳидоят намуда буданд. Барои хеле дилкашу дилрабо гаштани саҳни ҳавлӣ ва атрофи иншоот Сарвари  давлат дастур доданд, ки бо истифода аз таҷрибаи ғанӣ дар ҳудуди маҷмаа дарахтони ороишӣ, чароғҳои ранга  шинонда, шаршараҳои сунъӣ бунёд намоянд ва ин ҷоро ба як макони хуби сайру тамошои меҳмонон табдил диҳанд.
Натиҷаи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат буд, ки имрӯз иншооти мазкур бо як тарҳи зебову нодир бо риояи тамоми меъёрҳои сохтмонию меъморӣ бо истифодаи нақшу нигори миллӣ, чӯбкорӣ, гаҷкорӣ, ойинабандӣ ва сангҳои ороишии ватанӣ ба як макони дилфиреб дар соҳили Баҳри тоҷик бунёд шуд.
Дар шаҳри Гулистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ даҳҳо иншооти хуштарҳу муосир бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Осоишгоҳи замонавии “Баҳористон” аз зумраи иншооти муҳими соҳаи табобату истироҳат мебошад, ки дар соҳили Баҳри тоҷик бунёд шудааст. Айни ҳол бо дастуру ҳидоят ва роҳнамоии Пешвои миллат дар ҳудуди осоишгоҳи “Баҳористон” боз як иншооти нав барои 100 ҷойи хоб бунёд шуда истодааст.
Бино бо дарназардошти талабот ба ҷойҳои нави истироҳату табобат бо тарҳи замонавӣ сохта мешавад ва аз 5 ошёнаю таҳхона иборат хоҳад буд.
Дар ҳудуди бинои нави осоишгоҳ ҳавзи шиноварӣ барои калонсолон ва кӯдакон бо майдончаҳои бозӣ ва корти теннис ба нақша гирифта шудаанд. Дар қисми дигар барои фароғати истироҳаткунандагон гулгашт бо фаввораҳо ва суҳбаткадаҳои зебову мунаққаш бунёд мешавад.
Осоишгоҳи “Баҳористон” соли 2011 бо дастури Сарвари давлат бунёд шуда, имрӯз ба як макони сайру саёҳат ва истироҳату табобати мардум табдил ёфтааст.

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукӯҳи Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ карданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми вилояти Суғд ва кулли шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзию дигар мардумони ҷашнгирандаи Наврӯзи хуҷастапайро бо фаро расидани ин Иди ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи онҳо дар Соли нави аҷдодӣ бахту нишот, сулҳу субот ва ваҳдати ҷовидона орзу карданд.
Пешвои миллат зимни суханронӣ доир ба шукӯҳу манзалати ҷашни хусравонӣ, эҳё ва риояи анъанаву суннатҳои неки аҷдодон, тадбирҳои созандагӣ, тозагию озодагии муҳит ва хонадон, иҷрои корҳои саховатмандона бо мақсади дастгирии табақаи ниёзманд, ки аз рукнҳои хоси Наврӯзи ниёгон аст, андеша ронданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми мардуми вилоятро дар татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва амалисозии ҳадафҳои стратегӣ неку назаррас арзёбӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки сокинони ватандӯсти вилояти Суғд дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди садҳо иншооти таъйиноти гуногунро ба роҳ мондаанд, ки корҳои сохтмонӣ дар онҳо бомаром идома доранд.
Дар охир, бори дигар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми иштирокчиёни тантанаҳои наврӯзиро бо фарорасии фасли зебои баҳор ва Наврӯзи хуҷастапай шодбош гуфтанд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат аҳли ҳунар ва устодони санъати кишвар барномаи рангини консертиро пешкаши иштирокчиёни тантанаҳои наврӯзӣ карданд, ки хеле хотирнишин буд.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ФЕРМАИ ШИРИЮ МОЛӢ ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
23  март  дар  доираи  сафари  корӣ  дар  вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фермаи ширию молии кооперативи тиҷоратии хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Мақсуд”-ро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Масоҳати ферма 6 гектар буда, дар ин ҷо зиёда аз 350 сар чорвои калони зоти сиёҳалои навъи тоҷикӣ парвариш карда мешавад. Аз шумораи умумии чорвои калон 120 сар ширдеҳ буда, аз ҳар сар солона зиёда 3 ҳазору 500 литр шир истеҳсол мегардад. Парвариши зоти сиёҳалои навъи тоҷикӣ ба шароит ва иқлими минтақа мутобиқ буда, маҳсулнокии ин зот хеле зиёд мебошад.
Аснои шиносоӣ бо фаъолияти чорвопарварон Пешвои миллат ҷиҳати афзун намудани саршумор ва хушзоткунии чорвои калон бо истифодаи захираву имконоти мавҷуда дастуру маслиҳати муфид доданд.
Кооперативи тиҷоратии хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Мақсуд” дорои 2178 гектар замин аст, аз ин 213 гектар обӣ буда, 136 гектарро замини корами лалмӣ ташкил медиҳад. Дар хоҷагӣ, ҳамчунин, 1740 гектар чарогоҳ мавҷуд аст, ки барои рушди соҳа заминаи боэътимод мегузорад. Хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Мақсуд” дорои техникаи кишоварзӣ буда, аҳли заҳмат барои ҷамъоварии хӯроки чорво аз онҳо ба таври васеъ истифода менамоянд. Ҳамкории чорводорон бо олимону мутахассисони соҳа дар сатҳи зарурӣ сурат гирифта, дар заминаи тавсияҳои илмӣ бо роҳи хушзоткунӣ маҳсулнокии чорвои калон ҳамасола афзун мегардад. Шири истеҳсолнамудаи ферма дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ ба ду корхона сари вақт дастрас ва аз он якчанд номгӯи маҳсулоти ширӣ омода карда мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти ширии истеҳсолнамудаи корхонаҳои ватанӣ, ки дар ферма ба намоиш гузошта буданд, шинос шуданд ва барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза ва рақобатпазири ивазкунандаи воридот ба масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Аҳли заҳмати кооперативи тиҷоратии хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Мақсуд” дар баробари рушди соҳаи чорводорӣ, инчунин, дар самти боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва зироаткорӣ таҷрибаи ғанӣ дошта, ҳамасола ҳосили дилхоҳи меваю сабзавот мегиранд.
Дар хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Мақсуд” зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин буда, аз ин шумора 26 нафарро занону духтарон ташкил менамоянд.

ИФТИТОҲИ ФАБРИКАИ ПАРАНДАПАРВАРИИ ҶДММ "ДӮСТИ АЗИЗ" ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дӯсти Азиз», ки дар мавзеи кӯҳии Рухаки деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд шудааст, ташриф оварда, бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти корхонаи парандапарварӣ оғози расмӣ бахшиданд.
Нахуст дар саҳни корхонаи парандапарварӣ маҳсулоти гуногуни истеҳсолкардаи ширкати ҳасиббарории "Азизӣ" ва навъҳои гуногуни хӯроки паранда, ки дар дохил ва хориҷи мамлакат истеҳсол гардидааст, намоиш дода шуд.
Зикр шуд, ки ширкати ҳасиббарории "Азизӣ" ба истеҳсоли ҳасиб дар шаклу андозаҳои гуногун машғул буда, фабрикаи парвариши мурғ низ бо мақсади таъмини ин корхона бо гӯшти паранда ва ба ин васила истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бунёд гардидааст.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дӯсти Азиз" парвариши чӯҷаҳои зоти бройлерии «Ross-308», ки танҳо барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мебошад, ба роҳ монда шудааст. Корхонаи парандапарварӣ дар масоҳати 1,20 га бунёд гардида, ҳоло ду бино барои парвариши мурғ бо 30 ҳазор сар паранда фаъолият менамояд.
Зимни шиносоӣ аз фаъолияти корхонаи навбунёд Сарвари давлат иқдоми соҳибкори ватандӯстро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, барои боз ҳам афзун намудани саршумор ва тақвияти иқтидори истеҳсолӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.
Таъкид гардид, ки дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ва истиқболи сазовор аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҷумҳурӣ бунёд гардида, ҷиҳати рушди соҳа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаҳои воқеӣ гузошта мешаванд.
Дар заминаи заҳмату талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ, аз ҷумла таъсиси фабрикаҳои парандапарварӣ, натиҷаҳои босамар ҳосил гардида, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба роҳ монда шуда, талаботи аҳолии кишвар ба маҳсулоти аълосифати ватанӣ таъмин карда шавад.
Бо ба фаъолият оғоз намудани корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Дӯсти Азиз" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 15 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд. Дар фабрикаи мазкур биноҳои ёрирасон, аз қабили ошхона, хобгоҳ, ҳуҷраҳои иловагӣ ва дигар шароити зарурӣ барои кормандон муҳайё гардидаанд.
Ҷиҳати ободу зебо ва хуррам гардондани саҳни корхонаи парандапарварӣ гулу буттаҳои ороишии мавсимӣ парвариш ёфта, дарахтони ҳамешасабз ва мевадиҳанда низ шинонда шудаанд, ки барои тозагии муҳити атроф аз манфиат холӣ нест.
Масъулони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дӯсти Азиз» нақша доранд, ки бо парвариши паранда ва истеҳсоли гӯшти парҳезӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ, фаровонии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳо саҳм гузошта, ояндаи наздик содироти чунин маҳсулотро ба роҳ монанд.

БОЗДИД АЗ ГӮШАИ ТАБИАТИ ЗИНДА ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Дӯсти Азиз" дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз гӯшаи табиати зинда боздид ба амал оварданд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои муаззами миллат аз парвариши навъҳои гуногуни паранда, аз ҷумла шутурмурғи африқоӣ, аз наздик шинос шуданд.
Гӯшаи табиати зинда олами воқеии парандагонро бозгӯ намуда, дар он намудҳои гуногуни оилаи парандаҳо парвариш меёбанд. Ин макон аз тарафи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Юсуф Алимов бунёд гардидааст. Масоҳати умумии гӯшаи табиати зинда наздики 1 гектарро дар бар гирифта дар ҳудуди он наздики 20 намуди паранда парвариш карда мешавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки барои парвариши шутурмурғ дар шароити Тоҷикистон ҳашт сол қабл аз хориҷи мамлакат се сар ворид карда шуд. Имрӯз ин шумора ба 50 сар расидааст ва ин таҷриба натиҷаи дилхоҳ арзёбӣ мегардад. Дар гӯшаи табиати зинда шутурмурғҳои аз 5 - моҳа то 8 сола парвариш меёбанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи Юсуф Алимовро дар самти парвариши навъҳои гуногуни паранда, аз ҷумла шутурмурғ, намунаи ибрат дониста, ба масъулон ҷиҳати афзун намудани саршумори он дастуру супоришҳо доданд.
Гуфта шуд, ки гӯшти шутурмурғ парҳезӣ буда, тухми он аз 1 то 2 килою 200 грамм вазн дорад. Хӯроки шутурмурғ, асосан, беда, баргу поя ва дони ҷуворимакка, гандум ва дигар навъи зироати ғалладона мебошад. Вазни умумии шутурмурғҳо то 150 килоро ташкид дода, аз як сар то 80 кило гӯшти парҳезӣ гирифтан мумкин аст.
Пешвои миллат ба шахсони мутасаддӣ дастур доданд, ки таҷрибаи Юсуф Алимовро омӯхта, ҷиҳати ба роҳ мондани парвариши шутурмурғ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва афзун намудани саршумори он тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар гӯшаи табиати зинда, ҳамчунин, товус, тазарви Сирдарё ва тиллоиранг, қу, кабӯтари синасафед, се навъи саъба, лочини туркистонӣ, тӯтӣ ва дигар намуди парандаҳои нодир дар шароити мувофиқ парвариш меёбанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъсиси гӯшаи табиати зинда дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба ин гуна марказҳои табиатшиносӣ масъулонро вазифадор намуданд. Инчунин, дастур дода шуд, ки дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хатсайри нави сайёҳӣ таъсис дода шавад, то сокинону сайёҳон аз он дидан намоянд. Гӯшаи табиати зинда дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавзеи зебою назаррабо буда, қалби ҳар бинандаро тасхир менамояд.
Мавзеи навбунёди табиати зинда бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкану ҳосилдеҳ оро дода шудааст.

КӮДАКИСТОНИ ХУСУСИИ «УҚОБЧА» ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Уқобча» - ро мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи мазкур, ки аз 2 ошёна ва маҷмӯи иншооти ёрирасон иборат мебошад, аз тарафи соҳибкори ватандӯст Замира Каримова бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст. Ин соҳибкорзан бо бунёди чунин кӯдакистони зебову замонавӣ, ки дорои тамоми шароити таълиму тарбия мебошад, орзуи деринаи хешро, ки саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ буд, амалӣ кард.
Корҳои таҷдиду навсозии муассиса соли 2019 оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ гардид.
Иншооти соҳаи маориф барои 120 кӯдак пешбинӣ гардида, таълиму тарбия дар он бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ сурат мегиранд. Баҳри дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани кӯдакон омӯзгорони ботаҷриба ба кор ҷалб шудаанд ва 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардид. 4 суҳбаткадае, ки дар саҳни ҳавлии боғча бо риояи унсурҳои миллӣ ба таври зебову замонавӣ сохта шудааст, барои гузарондани машғулиятҳо ва бозии кӯдакони боргоҳи таълиму тарбия бисёр мувофиқ мебошад.
Дар ин рӯз хурсандии кӯдакон ҳадду канор надошт, чунки онҳо шахсан аз дасти Пешвои маорифпарвари худ туҳфаҳои идона гирифтанд. Ҳангоми шиносоӣ аз шароити мавҷуда дар боғчаи кӯдакон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкоронро шоистаи таҳсин хонданд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи томактабӣ шумораи боғчаҳои кӯдакона дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 36 адад расид.
Аҳли кормандони соҳаи маорифи ноҳия кӯдакистони хусусии «Уқобча» - ро, ки дар доираи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, бо мақсади ҳарчи бештар ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон таъмиру навсозӣ шудааст, таҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз арзёбӣ намуданд.

ИФТИТОҲИ МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДЕҲОТИ ҒОЗИЁНИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар деҳоти Ғозиён майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
Майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Ғозиён дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи бошукӯҳ аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар масоҳати 0,31 гектар замин сохта шуда, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз бардоштани парда аз болои лавҳа дар ҳамин ҷо Парчами давлатиро дар вазъи тантанавӣ парафшон намуданд. Баландии пояи Парчами давлатии Тоҷикистон бо таҳкурсиаш 41 метр буда, матоъяш 6 метр паҳноӣ ва 12 метр дарозӣ дорад.
Атрофи иншоот бо тарҳу усули хос гулкорӣ ва сабзкорӣ шуда, зиёда аз 20 ҳазор гули рангоранги мавсимӣ, 60 адад ниҳоли арча ва палма майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро зинат мебахшанд.
Роҳравҳои майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар масофаи зиёда аз 200 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, ду фаввораи зебо барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон бунёд гардидааст. Бо мақсади таъмини рӯшноӣ зиёда аз 20 чароғак насб гардида, шабонгоҳ ба зебоии мавзеъ зинат мебахшад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ дар замири сокинони кишвар, махсусан ҷавонон дар маркази шаҳрак ва деҳоти як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат Парчами давлатии Тоҷикистон парафшон карда шудааст.
Раванди созандагиҳо дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба хотири истиқболи сазовор аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома дошта, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи кор барои сокинон тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.
Дар ҳамин замина роҳи автомобилгарди назди майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар ин деҳот дар масофаи 2,5 километр аз ҷониби роҳсозони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷроуд» асфалтпӯш карда шуда, дар ду тарафи роҳ 30 адад сутунпояи равшанидиҳанда насб гардидааст.
Бо мақсади таъмини ҳаракати пиёдагардон роҳрави ду тарафи роҳи автомобилгарди назди майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар масоҳати 2500 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Ғозиён ва парафшонии ин рамзи муаррификунандаи давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ дар ҳамин ҷо бо сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуданд.
Пешвои миллат зимни суханронӣ нахуст иштирокчиёни мулоқот ва дар симои онҳо тамоми сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба Ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, ифтитоҳи иншоотро барои мардуми сарбаланди ин гӯшаи диёр муборакбод намуданд.
Таъкид гардид, ки барои истиқболи сазовор аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони 80 иншооти дорои таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва аллакай, 20 адади онро ба истифода додаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ барои дастгирӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони сарбаланди ин гӯшаи диёр изҳори миннатдорӣ намуда, вусъати тадбирҳои созандагиро баҳри боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми сарбаланди мамлакат муҳим маънидод карданд.

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ “АЗИЗИ ДИЛ”
23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази нави хизматрасонии “Азизи дил”- ро ифтитоҳ карда, дар саҳни ҳавлии он дар чорабинии идонаи наврӯзии сокинони ноҳия иштирок карданд.
Маркази нави хизматрасонии маишӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, сокини ватандӯсти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Даврон Азизов бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкории хурду миёна бунёд гардид.
Иншооти мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дар як баст ба 150 - 200 нафар мизоҷ хизмат мерасонад. Дар назди марказ таваққуфгоҳ барои 20 нақлиёти сабукрав сохта шудааст. Дар саҳни ҳавлии марказ шаршараи сунъӣ, суҳбаткадаҳо бунёд шудаанд, ки барои фароғати мизоҷон мусоид аст. Бо бунёди иншооти маишӣ 20 сокини ноҳия бо кори доимӣ таъмин шуд.
Баъди ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии иншоот намоишгоҳи наврӯзии сокинони ноҳияро тамошо карданд.
Занону духтарон дар чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ намоиши ҳунарҳои миллӣ барпо карда, бо риояи суннатҳои хоси ин ҷашн дастархони наврӯзӣ оростанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз наврӯзгоҳи сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал оварда, иштирокчиёни маҳфили идонаро бо фарорасии фасли зебои баҳор ва Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод намуданд.

БОЗДИД АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «БОБОҶОН МАҚСУД» - И ДЕҲОТИ ҒОЗИЁН
Дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Мақсуд» бо нашъунамои картошкаи барвақтӣ шинос шуданд.
Тавре маълумот доданд, дар хоҷагии мазкур 6 феврали соли равон дар майдони 1 гектар картошкаи барвақтӣ кишт кардаанд, ки бо иҷрои корҳои агротехникӣ имрӯз нашъунамои хуб дорад. Интизор меравад, ки аз як гектар то 300 сентнер ҳосил рӯёнда шавад, зеро дар ин майдон картошкаи аълосифати «Аладин», ки дар гузашта таҷриба шудааст, кишт гардида, дар нимаи дуюми моҳи апрел ба ҳосил медарояд.
Аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Мақсуд» дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти оқилона истифода намудани замин тасмим гирифтанд, ки баъди ҷамъоварии ҳосили якум дар ин замин кишти сабзиро ба роҳ монда, дар умум, аз як қитъа замин то 4 ҳосил ба даст оранд, ки ин тасмим барои фаровонҳосилии маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуда, дар баробари ин, шароити зиндагии аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонӣ беҳтар мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулони соҳаи кишоварзӣ таъкид намуданд, ки картошка ҳамчун маҳсулоти ғизоӣ дар сабади истеъмолӣ мақоми махсусро ишғол мекунад. Бо назардошти эҳтиёҷи истеъмоливу содироти ин навъи маҳсулот дар натиҷаи тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони кишт ва ҳосилнокии картошка дар қаламрави кишвар зиёд гардонда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки минбаъд дар минтақаҳои картошкапарварии вилояти Суғд ба рушди соҳаи картошкапарварӣ таваҷҷуҳи зарурӣ равона гардида, аз ҳисоби заминҳои дубора ба кишт воридшаванда майдони кишти картошка боз ҳам бештар карда шавад. Таъкид гардид, ки бо истифода аз тухмиҳои навъи серҳосил ва иҷрои саривақтии корҳои агротехникӣ ҳосилнокиро зиёд намоянд.
Бино ба маълумоти мутахассисони соҳа соли 2020 тибқи дурнамо дар вилояти Суғд дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳудуди 22 ҳазору 600 гектар картошка кишт карда мешавад, ки дар қиёс ба соли 2019 - ум 150 гектар зиёд мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давоми 5 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар баробари бештар гардидани майдони кишти картошка, ҳосилнокӣ ва ҳаҷми истеҳсолот зиёд шудааст. Агар дар соли 2014 ҳаҷми истеҳсоли картошка 325 ҳазору 268 тоннаро ташкил дода бошад, пас ин рақам дар соли 2019 ба 450 ҳазору 240 тонна баробар гардид. Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ давоми 5 соли охир майдони кишти картошка аз 11 ҳазору 943 гектар ба 22 ҳазору 448 гектар расонда шуд, ки ин тасмим барои расидан ба яке аз ҳадафҳои олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунад.

ИФТИТОҲИ МАҶМААИ ХИЗМАТРАСОНИИ «МАҚСУДҶОН» ВА ТАҚДИМИ ТУҲФАҲОИ ИДОНА ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷмааи хизматрасонии «Мақсудҷон» - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти хизматрасонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида, аз ду ошёна иборат мебошад. Сохтмон дар ин маҷмаа соли 2017 оғоз гардида, он дар асоси лоиҳа бо дарназардошти сохти меъмории миллӣ бунёд гардидааст.
Маҷмааи хизматрасонии «Мақсудҷон» дорои тарабхона барои 200 нафар, қаҳвахона ва дигар иншооти ёрирасон буда, дар маҷмӯъ, дар доираи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёд 15 нафар сокини маҳаллӣ cоҳиби ҷойи кори доимӣ гашт.
Пас аз ифтитоҳи иншооти нав дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои 100 нафар ятим аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ туҳфаҳои идона тақдим карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ятимон пайваста зери ғамхории хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои кории хеш ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамеша аз ҳолу аҳволи табақаи эҳтиёҷманд, нафақахӯрон, камбизоатон, маъюбон ва ятимону бепарасторон огаҳ шуда, бо онҳо аз наздик мулоқот анҷом медиҳанд.
Имрӯз низ ба ятимон аз ҷониби Сарвари давлат сарулибос, ширинӣ ва туҳфаҳои пулӣ тақдим гардида, ҳамчунин, дастархони пурнозу неъмат ороста шуд, ки боиси болидарӯҳии онҳо гардид.

МАШВАРАТИ КОРӢ
23 март дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсоли орд, равған ва таҳвилкунандагони маҳсулоти ғаллагӣ машварати корӣ доир карданд.
Дар кори машварат масъалаҳои вобаста бо татбиқи босифату саривақтии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  барномаҳои давлатӣ ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030, ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии кишвар - ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истеҳсол, харид, захира, воридоту содироти маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла маводи ниёзи аввал - орд, равған ва сабзавот, таҳлили вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Вобаста ба ин ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ҳисоботи вазирони саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, раиси вилояти Суғд ва гузориши роҳбарони ширкатҳои истеҳсоли орд ва равған шунида шуд.
Таъкид гардид, ки тайи солҳои охир ба шарофати сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи босамари ислоҳот дар самти истеҳсолу захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва таъминоти мардуми кишвар бо маводи зарурии хӯрокворӣ ва дар навбати аввал орд пешравиҳои назаррас мушоҳида мешаванд. Аз ҷумла, бо истифодаи самараноки замин, гирифтани ду - се ҳосил аз он, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсоли орд Тоҷикистон на танҳо талаботи аҳолиро бо маводи хӯрокворӣ таъмин менамояд, балки як қисми онро ба содирот равона месозад.
Дар мамлакат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ даҳҳо корхонаҳои истеҳсоли орд ва равған таъсис ёфта, ҳоло ҳамаи онҳо самаранок фаъолият доранд ва дар самти таъмини аҳолӣ бо ин навъи маводи ғизоӣ саҳми муносиб мегузоранд.
Имрӯз дар кишвар 47 корхонаи коркарди ғалла, аз ҷумла дар вилояти Суғд 32, вилояти Хатлон 7, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1, шаҳри Душанбе 3 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4 корхона фаъолият менамояд.
Иқтидори корхонаҳои мазкур ба коркарди 2,5 миллион тонна гандум ё истеҳсоли 1,8 миллион тонна орд дар як сол баробар буда, онҳо имконият доранд, ки дар баробари таъмини  пурраи талаботи мамлакат бо орди гандумии истеҳсоли худӣ қисми онро ба хориҷи кишвар содирот намоянд. Танҳо иқтидори корхонаҳои истеҳсоли орд дар вилояти Суғд беш аз 1 миллион тоннаро ташкил медиҳад, ки ин талаботи кишварро бо орд, асосан, таъмин карда метавонад.  
Соли 2019 бо ворид намудани 1 миллион тонна гандум корхонаҳои соҳа дар ҳаҷми 710 ҳазор тонна орд истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 102 фоиз ё 16,2 ҳазор тонна зиёд мебошад. Тибқи маълумот талаботи Тоҷикистон ба орди гандумӣ дар соли 2019 дар маҷмӯъ, 800 ҳазор тоннаро ташкил дод. Ҳиссаи орди ватанӣ дар таъмини бозори истеъмолии кишвар соли 2019 ба 89 фоиз баробар гардида, 11 фоиз ё 91 ҳазор тоннаи он ба орди воридотӣ рост меояд.
Дар моҳҳои январ - феврали соли 2020 бо ворид намудани 95 ҳазор тонна гандум ҳаҷми истеҳсоли орд 100 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 323 тонна зиёд мебошад. Талаботи кишвар дар ду моҳи соли равон беш аз 116 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки 86 фоиз аз ҳисоби орди гандумии ватанӣ ва 14 фоиз ё 16,2 ҳазор тонна аз ҳисоби орди гандумии воридотӣ қонеъ гардонда шудааст.
Cолҳои охир содироти орди гандумии истеҳсоли ватанӣ ба хориҷи кишвар ба роҳ монда шуда, соли 2019 дар ҳаҷми қариб 3 ҳазору 200 тонна орди гандумӣ ба маблағи 802 ҳазор доллари амрикоӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.
 Дар Тоҷикистон айни ҳол 52 корхонаи хурду бузурги истеҳсоли равғани рустанӣ фаъолият дорад. Иқтидори истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ 80 ҳазор тонна равғани рустанӣ дар як сол буда, талаботи солона ба он 125 ҳазор тонна  мебошад. Воридоти равғани рустанӣ ба Тоҷикистон дар соли 2019 100 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъбасти мулоқот супориш доданд, ки масъалаи истеҳсол ва захираи орд зери назорати шахсии роҳбарони дахлдор, аз ҷумла вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо қарор дошта бошад.
Ба роҳбарони корхонаҳои истеҳсоли орд ва равған дастур дода шуд, ки бо истифода аз имконият ва имтиёзҳои муҳайёкардаи Ҳукумати кишвар иқтидори истеҳсолии корхонаҳоро афзун намоянд. Бозори истеъмолии ватаниро бо маҳсулот таъмин карда, ба хориҷи мамлакат содирот намоянд.
Дар баробари орду равған Ҳукумати мамлакат ба масъалаи харид ва захираи дигар маводи хӯрокворӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Бо супориши Президенти мамлакат Агентии давлатии захираҳои моддӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар анборҳои худ дар ҳудуди мамлакат ҳаҷми зиёди маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла сабзавотро захира кардаанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон метавонанд дар масъалаи таъминот бо ғалла ва орд осуда бошанд ва ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ бовар накунанд.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАЮ САБЗАВОТИ ҶДММ “ХУҶАНД - АГРО”
24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани корхонаи коркарди меваю сабзавоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷанд - Агро”, ки дар минтақаи саноатии шимолу шарқии маркази маъмурии вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд бунёд шудааст, иштирок намуданд.     
Корхонаи “Хуҷанд - Агро” бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ки зиёда аз 3,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, бунёд шуда, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додан 50 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид.
Дар корхонаи мазкур бо истифода аз технологияи муосири истеҳсоли Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Украина ва Олмон асосан коркарди меваю сабзавот, ба монанди сабзӣ, лаблабу, карам, пиёз, каду, сирпиёз, се намуди кабудӣ, картошка, лимӯ ва себ ба роҳ монда шудааст. Дар як шабонарӯз дар корхонаи “Хуҷанд - Агро” аз 10 то 12 тонна меваю сабзавоти тару тоза мавриди коркард қарор мегирад.
Зимни шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхона маҳсулоти кишоварзиро аз хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон ба тариқи яклухт дастрас намуда, дар се марҳила бо технологияи муосир тоза карда, дар ҳарорати 100 дараҷа пухта, реза ва хушк мекунад. Ҳамчунин, дар худи корхона маҳсулоти тайёр мувофиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ банду баст карда мешавад.
Маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаи мазкур, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза арзёбӣ мешавад, асосан ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Украина ва Аврупо содирот карда мешавад.
Аз рӯйи иттилои мутахассисон, дар вақти коркард таркиби меваю сабзавот дар озмоишгоҳи корхона, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошад, ҳаматарафа санҷида шуда, дар раванди истеҳсолот ягон навъи маводи химиявӣ истифода намешавад ва аз ҳамин лиҳоз дар дохилу хориҷи мамлакат ба маҳсулоти онҳо талабот бештар аст.
Айни замон дар анборҳои корхонаи “Хуҷанд - Агро” зиёда аз 1,5 ҳазор тонна сабзӣ ва пиёз захира карда шудааст, ки то ҷамъоварии ҳосили имсола марҳала ба марҳала дар асоси фармоиши ширкатҳои тиҷоратӣ ва талаботи бозори дохилию хориҷӣ мавриди коркард қарор мегирад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо роҳбарияти корхона бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкории судмандро ба роҳ монда, маҳсулоти кишоварзиро қаблан, яъне пеш аз оғози кишт ба деҳқонон фармоиш медиҳанд.
Ҳамчунин, бо мақсади таъмин намудан бо маҳсулоти кишоварзӣ, ки заминаи асосӣ барои фаъолияти муназзам ба ҳисоб меравад, дар ҳудуди вилояти Суғд ба корхонаи коркарди меваю сабзавоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷанд - Агро” заминҳои корам вобаста карда шудаанд.

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТАШХИСӢ - ТАБОБАТИИ «ДАРМОНГОҲИ ХУҶАНД» ДАР МАҲАЛЛАИ НАВБАҲОРИ ШАҲРИ ХУҶАНД
24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд маркази ташхисӣ - табобатии «Дармонгоҳи Хуҷанд» - ро расман ифтитоҳ намуданд.
Маркази ташхисӣ - табобатӣ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Хайрӣ Ваҳҳобова дар асоси лоиҳаи меъёрии соҳаи тандурустӣ дар масоҳати наздики 250 метри мураббаъ, иборат аз 4 ошёна бо таҳхона сохта, дар марказ шароити замонавии ташхису табобат ва хизматрасонии тиббӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар маркази ташхисӣ - табобатии «Дармонгоҳи Хуҷанд» намудҳои зиёди ташхис, муолиҷа ва хизматрасониҳои тиббӣ - санитарӣ пешбинӣ гардидаанд. Дар муассиса ташхису табобати касалиҳои дарунӣ, урологӣ, системаи асаб, гӯшу гулую бинӣ, чашм, амрози занона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ дар шароити меъёрӣ гузаронда мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассиси марказ ва табибону кормандон дастур доданд, ки ба сифати хизматрасонии тиббӣ, муошират бо беморон диққати ҷиддӣ диҳанд ва ба ҳамаи қоидаю талаботи санитарӣ, тозагӣ комилан риоя намоянд. Зеро ташхису табобат ва дараҷаи солимӣ, пеш аз ҳама, аз иҷрои ин талаботу нишондиҳандаҳо вобастагии калон доранд.
Дар муассиса ҳамаи шароитҳои меъёрии талаботи тиббӣ - санитарии безараргардонӣ, тамйизгардонии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ фароҳам буда, дастгоҳҳои автоклав, ҷевонҳои хушкнигоҳдорӣ, катҳои функсионалии махсуси барқӣ ва дигар лавозимоти соҳа дар ҳуҷраи безаргардонӣ ва тамйизгардонӣ пурра таъмин мебошанд.
Дар марказ бо таъсиси блоки ҷарроҳӣ бо ҳуҷраҳои пеш аз ҷарроҳӣ, баъди ҷарроҳӣ ва малҳамбандӣ бо муҷаҳҳазгардонӣ мувофиқи талаботи тиббӣ - санитарӣ бо дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ имконияти гузарондани ҳамаи намуди ҷарроҳиҳои хурд мавҷуданд. Аз ҷумла, ҷарроҳиҳои узвҳои дарунӣ, урологӣ, узвҳои занона, гӯшу гулую бинӣ ва ҳамчунин, ҷарроҳиҳои лазерии рагҳои хунгарди пой гузаронда мешаванд.
Дар ин муассисаи тиббӣ - хусусӣ ҳуҷраҳои стоматологияи калонсолон ва кӯдакон дар алоҳидагӣ таъсис дода шудаанд.
Ҳуҷраи гинекологӣ бо дастгоҳи муосири тиббӣ - колпаскопӣ муҷаҳҳаз карда шудааст, ки тавассути он якчанд намуди амрози занона, хусусан, бемории гарданаки бачадон бо усули пешрафта, бо истифода аз таҷҳизоти муосири рақамӣ ташхис ва табобат карда мешаванд.
Маркази ташхисӣ - табобатии «Дармонгоҳи Хуҷанд» бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз ҷумла сабти барқии дил, дастгоҳи ултрасадои сохти «Ҷенерол-электрик» - и ИМА, дастгоҳи ҷарроҳии лазерӣ, мизҳои муосири ҷарроҳӣ, дастгоҳҳои офиятбахшӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Дар муассиса се озмоишгоҳ – клиникӣ, биохимиявӣ ва иммуноферментӣ барои таҳлилҳои умумӣ, таҳлили кори узвҳои дарунӣ ва таҳлили ҳамаи намуди нишондиҳандаҳои хун таъсис ёфтааст. Дар маркази тиббӣ - хусусӣ барои бистарикунии беморон дар ду ошёна барои 20 кати беморӣ ҳуҷраҳои замонавӣ бо ҳамаи шароитҳои меъёрӣ ташкил гардидаанд. Ҳар як ҳуҷраи бистаринамоӣ бо мебелу таҷҳизоти истеҳсоли корхонаи ватанӣ таъмин карда шуда, дорои ҳуҷраҳои санитарӣ - гигиении алоҳида мебошанд.
Дар муассиса барои табобати офиятбахшӣ ҳуҷраҳои алоҳида таъсис ёфта, гӯшаи гиёҳдармонӣ бо мақсади васеъ истифода бурдани табобату дармонҳо аз гиёҳу рустаниҳо ва меваҷоти табиии Тоҷикистони биҳиштосо бо ҳамаи шароитҳо ташкил карда шудааст. Ошхона, толорҳои барҳаво ва долонҳои зебо барои истироҳату фароғати беморон пешбинӣ гардидаанд.
Дар маркази тиббӣ - хусусӣ 25 нафар табиб - мутахассиси дорои донишу таҷриба ва кормандони миёнаи тиб ба кор ҷалб шудаанд. Муассиси марказ ва табибон ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои ҳамешагии соҳаи тандурустӣ, имкониятҳои васеъ барои ташкили чунин муассисаҳои тиббӣ – хусусӣ баҳри солимии аҳолӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд маркази хизматрасонии "Мавҷ" - ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур аз 5 ошёна иборат буда, дар он толори бозии кӯдакон, маркази савдо ва меҳмонхона пешбинӣ гардидааст. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ ятимон ва маъюбони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқот намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуданд. Сарвари давлат дар ибтидо наврасону ҷавононро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум гаштаанд, ба муносибати Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳният гуфта, онҳоро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ободу зебо гардондани ин сарзамин ҳидоят намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятим, ки ҳамагӣ зери парастории Ҳукумати мамлакат қарор доранд, туҳфаҳои идона иборат аз сарулибоси мавсимӣ, шиму костюм, пойафзол, барои духтарон атласу адрас ва либосҳои баҳорӣ тақдим намуданд. Ин иқдоми башардӯстонаи Сарвари ғамхору дилсӯзи миллат боиси шодиву хурсандии наврасон гардид.
Дар охири мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ятимону маъюбон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамнамудаи давлату Ҳукумати мамлакат бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, соҳибилм шаванд ва бо касбу ҳунари худ фарди ватандӯсту ватандор гарданд.
Дар навбати худ ин табақаи ҷомеа низ ба Сарвари ғамхору сарпарасти ятимон изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ ҳар гуфтаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ карда, барои ободӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузорӣ менамоянд.
Маврид ба ёдоварист, ки ятимону бепарасторон ва оилаҳои камбизоат ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор доранд ва барои беҳдошти зиндагии онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.

ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ ҶДММ “ХАНТАНА КАНАДА ИНК” ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
24 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф оварда, ба фаъолияти корхонаи муштараки ҶДММ “Хантана Канада ИНК”, оғози расмӣ бахшиданд.
Дар ин корхона коркарди асали аз лиҳози экологӣ тоза ба роҳ монда шуда, раванди истеҳсолӣ дар коргоҳи хурди махсус, ки дар он таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир васлу насб карда шудаанд, роҳандозӣ мегардад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки баъд аз тоза кардани асал аз омехтаҳо, маҳсулоти коркардшуда ба зарфҳои шишагии ҳаҷмашон аз 80 грамм то 700 грамм ва зарфҳои махсуси хурди 7-10 - грамма ҷой дода мешавад. Ширкат бо мақсади васеъ намудани маҷмӯи маҳсулот, таъмини рақобатпазирии маҳсулот ва мутобиқ ба талаботи бозори байналмилалӣ истеҳсол кардани он, коркарди асалро бо омехтаҳои гуногуни тароватбахш ба роҳ мондааст.
Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ “Хантана Канада ИНК” маҳсулоти тайёрро ба бозорҳои ИМА, Канада, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ки бузургтарин давлатҳои воридкунандаи асал мебошанд, содирот мекунад. Маҳсулоти корхона барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти аҳолӣ, тарабхонаҳо, қаҳвахона ва марказҳои табобатӣ низ нигаронда шудааст.
Ашёи хом асали табиӣ буда, аз асалпарварони маҳаллӣ, ки бо онҳо шартномаи пешакӣ баста шудааст, харидорӣ карда мешавад. Зарфҳо ва тамғақоғазҳо барои бастабандӣ аз ширкатҳои чинӣ ва туркӣ харидорӣ карда мешаванд. Дар сурати зиёд гаштани ҳаҷми содирот, ширкат истеҳсол кардани зарфҳои шишагии худро ба нақша гирифтааст.
Корхона азм дорад, ки истеҳсоли маҳсулотро дар як сол ба 240 тонна расонад. Дар ҶДММ “Хантана Канада ИНК” зиёда аз 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудааст.   
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба роҳбарияти маъмурияти МОИ “Суғд” ҷиҳати ҷалби бештари субъектҳои нав дастур дода, таъкид доштанд, ки аз имтиёзҳо ва афзалиятҳои фароҳамовардашуда мақсаднок истифода баранд. Имрӯз дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 29 субъект бо таъсиси 600 ҷойи кор фаъолият дошта, ин корхонаҳо давоми соли 2019 бо маблағи 168 миллион сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол кардаанд.

КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ПРОФИЛҲОИ ПЛАСТИКӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
24 март дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ Корхонаи муштараки тоҷикӣ - туркии “Афранг пласт”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Коргоҳи нав ба истеҳсоли профил аз поливинхлорид машғул буда, маҳсулотро барои омодасозии дару тирезаҳои пластикӣ ва дигар таҷҳизот тайёр менамояд. Ба иттилои масъулон,  дар як сол “Афранг пласт” имконият дорад, ки 1200 тонна профилҳои пластикӣ истеҳсол намуда, ба бозорҳои дохилу хориҷ пешниҳод намояд.  Бояд зикр кард, ки аз хориҷи кишвар ҳамасола ба мамлакат аз 6 то 7 ҳазор тонна  профили  пластикӣ ворид мегардад ва ифтитоҳи ин  коргоҳ  метавонад ба коҳишёбии воридот мусоидат кунад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки  то 35 дарсади маҳсулоти ниҳоии коргоҳи мазкур барои содирот ба хориҷи кишвар пешбинӣ гардида,  боқимондаи он ба бозорҳои дохилӣ барои қонеъсозии эҳтиёҷоти худӣ бароварда мешавад.
Қобили тазаккур аст, ки корхона дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Олимӣ Тоҳир Олим дар якҷоягӣ бо шарикон аз Ҷумҳурии Туркия бунёд гардида, айни ҳол дар он 28 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гашт.  Ба иттилои масъулон, дар оянда шумораи  кормандони он то ба 60 нафар расонда мешавад.
Корхонаи навтаъсис бо ашёи хоми Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркия фаъолият намуда, хатҳои истеҳсолӣ, ки аз Ҷумҳурии Туркия дастрас гардидаанду навъи нави таҷҳизоти корӣ ба ҳисоб мераванду сифати баланди маҳсулотро таъмин месозанд. Дар маҷмӯъ, иншоот дар масоҳати 1468 метри мураббаъ бунёд ёфта, кормандони он пас аз омӯзиши нозукиҳои касб, ба фаъолият шурӯъ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхона аз наздик шинос шуда, ба масъулон дастур доданд, ки ба сифати маҳсулоти омодагардида диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд, зеро танҳо дар ин сурат истеҳсолоти ватанӣ метавонад бо маҳсулоти воридотӣ рақобат намуда, харидорони худро дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ пайдо намояд.
Соҳибкорон дар навбати худ барои дастгириҳои пайваста ва ғамхориҳои рӯзафзун ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки дар доираи чунин таваҷҷуҳ минбаъд фаъолияти худро барои рушди истеҳсолоти ватанӣ густариши бештар хоҳанд дод. Ҳамчунин, соҳибкор тасмим гирифт, ки дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, то Ҷашни Наврӯзи соли оянда боғчаи бачагонаро  бо 200 ҷой барои кӯдакони ятим ва аз оилаҳои камбизоат бо назардошти тамоми шароит  сохта ба истифода диҳад.

ИДИ АСАЛ, НОН ВА КАРТОШКА ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
24 март сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба Боғи Камоли Хуҷандӣ ташриф оварда, дар Иди асал, нон ва картошка иштирок намуданд. 
Намоишгоҳ аз се қисми асосӣ - намоишгоҳи нонҳо, асал ва картошка иборат буд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши дастовардҳои сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ва ҳунари намояндагони аҳли фарҳанги вилоят шинос шуданд.
Дар Иди асал, нон ва картошка сокинони шарафманди вилояти Суғд маҳсули дастранҷи худро бо ороишоти гуногун ба намоиш гузоштанд, ки хеле дилкаш ва бошукӯҳ буд.
Гӯшаи аввали намоишгоҳро маҳсулоти нонии кадбонуҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз қабили кулчаю қалама, чапотию фатир ва дигар анвои хӯрокворӣ зинат медод.
Зимни суҳбат бо иштирокчиёни Иди асал, нон ва картошка Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару маҳорати баланди кадбонувон баҳои баланд ва барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи дурусти фарзандону ба омӯзиши ҳунарҳо ҷалб кардани духтарон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Мардуми тоҷик аз азал фарҳангпарвар, тамаддунофар ва ҳунарманд буданд ва бо масъулияту дарки баланд то имрӯз анъанаи неки аҷдодон ва ҳунарҳои халқиро риояву пос дошта, поку бегазанд ба насли имрӯза расондаанд.
Бонуҳои ҳунарманд дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо маҳорати баланди дастархонороӣ нонҳои гуногунро муаррифӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки ҷашнгирии Иди асал, нон ва картошка ба даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам” рост омада, омили муҳими рушд ва эҳтиром нисбат ба маҳсулоти асосии ғизоӣ - нон ба шумор меравад.
Озмуни мазкур дар се давр - ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.
Дар даври ноҳиявии озмун, ки дар Боғи Камоли Хуҷандӣ сурат гирифт, иштирокчиён дар чор бахш - нони бомаза, нони калонҳаҷм, ороиши беҳтарини нон ва зуволатоби беҳтарин ҳунару маҳорати кадбонугии худро ба ҳозирон пешкаш намуданд.
Дар доираи эълони солҳои 2019 - 2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунармандони вилояти Суғд бо офаридаҳои худ як гӯшаи зебои Иди асал, нон ва картошкаро оро доданд.
Аз азал ҳунару ҳунармандӣ дар вилояти Суғд равнақ ёфта, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳунармандон тавонистанд анъанаҳои ниёгон, ҳунарҳои халқӣ ва расму оини миллати куҳантамаддуни тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намоянд.
Дар гӯшаи дигари ин боғи зебову замонавӣ, ки фазои идона дошт, Иди асал баргузор шуд, ки дар он занбӯриасалпарварони ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ширкати фаъолона доштанд.
Хоҷагиҳои занбӯриасалпарварӣ дар ин рӯз миқдори зиёди асали тозаи табииро ба намоиш гузоштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи занбӯриасалпарвариро яке аз бахшҳои сердаромад арзёбӣ намуда, ба занбӯриасалпарварон ва масъулони соҳа ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани он дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои табиати нотакрор ва гулу гиёҳҳои зиёди шифобахш мебошад ва дар он имконияти хуби зиёд намудани оилаҳои занбӯри асал ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли ин навъи маҳсулоти фоидаовару бозоргузар фаровон аст.
Зимни суҳбат иштирокчиёни намоиш ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки барои рушди соҳа боз ҳам саъю талош менамоянд ва аз ҳама имкониятҳои табиати ғании кишвар ва имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат самаранок истифода мебаранд. 
Соли 2019 дар ҳама шаклҳои хоҷгидории вилоят 1 ҳазору 417 тонна асал истеҳсол гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2018 – ум 35 дарсад зиёд мебошад.
Дар гӯшаи дигари намоиши дастовардҳо хоҷагиҳои картошкапарвари вилоят фаъолона иштирок карда, навъҳои гуногуни картошка ва таомҳои аз картошка омодашударо ба маъраз гузоштанд.
Ба ақидаи картошкапарварон обу ҳавои мусоиди кишвари мо ба истеҳсоли навъҳои серҳосилу босифати картошка мувофиқ буда, интихоби тухмии навъи аъло имкон медиҳад, ки ҳосили фаровон ба даст овард ва ба ин васила дар татбиқи яке аз  ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати мамлакат - ҳифзи амнияти озуқаворӣ саҳм гузошт.    
Маврид ба зикри хос аст, ки ҳаҷми истеҳсоли картошка то якуми январи соли 2020 - ум 450 ҳазору 322 тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли 2018 ин рақам 34 ҳазору 360 тонна афзоиш ёфтааст.   
Хоҷагиҳои картошкапарвари шаҳру ноҳияҳои вилоят 12 навъи ин маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили «Тоҷикистон», «Файзобод», «Заррина», «ред», «гала», «якка», «пикассо», «розара», «ред фантазия», «шукрона», «овчи» - ро ба намоиш бароварданд.   
Тибқи иттилои масъулон то якуми январи соли 2020 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд наздик ба 8,1 миллиард сомонӣ расидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 – ум 108 дарсадро ташкил мекунад.
Сарвари давлат ба сокинони вилоят барои истифодаи самараноки замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулот, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат дастуру супоришҳо доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охир ба ҳамаи иштирокчиёни Иди асал, нон ва картошка аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки дар ин чорабинӣ бо дастовардҳои арзанда иштирок карданд, баҳои баланд доданд.

МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 12 ДАР ДЕҲОТИ БА НОМИ ТУРСУН ӮЛҶАБОЕВИ НОҲИЯИ СПИТАМЕН
25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими баистифодадиҳии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 ба деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен ташриф оварданд.
Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагону омӯзгорони ин боргоҳи маърифат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки муассисаи нави таълимӣ дар заминаи таваҷҷуҳи хоса ва ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли наврасу ҷавони мамлакат, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.
Мактаб аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд гардидааст. Он аз 16 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, табиатшиносӣ, биология, география, синфхонаи таълими меҳнат ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, компютерӣ, китобхона ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар муассисаи навбунёди замонавӣ баҳои баланд дода, аз фароҳам овардани шароити арзандаи таълим ба масъулон ва омӯзгорон ҷиҳати тарбияи дурусти насли ояндаи миллат ва дар рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ ба воя расидани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона мавҷуд аст, ки барои зиёда аз 100 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб намудани наврасону ҷавонон дар муассисаи таълимӣ толори барҳавову муосири варзиш сохта шудааст, ки 200 ҷойи нишаст дорад.
Толори варзиш, асосан, барои баргузор намудани бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардидааст. Дар толори мазкур хонандагон имкон доранд дар рафти машғулияти варзишӣ ба обу тоби бадан шуғл варзанд.
Бо мақсади дар шароити зарурӣ баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар ошёнаи дуюми муассисаи таълимӣ толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст мавҷуд аст, ки он бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Пас аз ифтитоҳ ва шиносоӣ аз шароити муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон ва фаъолони ноҳия мулоқоти судманду самимӣ анҷом дода, ба истифода супурдани муассисаи таълимии замонавиро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи Ҷашни муқаддаси миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои сокинони шарафманди ин гӯшаи диёри биҳиштосо арзёбӣ намуданд.
Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ аз шароити муҳайёгардида ба омӯзгорону хонандагон дар самти истифодаи босамари имконияти фароҳамшуда, аз худ кардани барномаҳои таълимӣ, кор бо техникаю технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020 - 2040» ҳидоятҳои судманд доданд.
Зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Спитамен бо мақсади рушди соҳаи мактабу маориф, таъмини шароити созгори таҳсил барои насли имрӯза Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супориш доданд, ки дар муддати як сол дар якҷоягӣ бо соҳибкорони ватанӣ як мактаби нави инноватсионӣ бо тамоми таҷҳизоташ сохта ба истифода диҳанд.

БОЗДИД АЗ БОҒИ СУПЕРИНТЕНСИВИИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ "ДӮСТОБОД - 2" ДАР ДЕҲОТИ ТАҒОЯКИ НОҲИЯИ СПИТАМЕН
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Спитамен 25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии "Дӯстобод - 2"- и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди маркази тақсимоти яклухти "Витаминҳои Тоҷикистон", ки дар деҳаи Озариёни деҳоти Тағояк бунёд шудааст, боздид намуданд.
Боғи навбунёди суперинтенсивӣ дар масоҳати 5 гектар бунёд гардидааст, ки таҷрибаи нахустин дар Тоҷикистон мебошад.
Бо мақсади ҳифзи ниҳоли дарахтон аз жола ва дигар офатҳои табиӣ болои дарахтон бо тӯри махсус пӯшонда шудааст.
Бартарии дигари ин боғ дар он аст, ки системаи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шуда, бо ин васила сарфаи барзиёди об пешгирӣ, хароҷоти қувваи корӣ ва нуриҳои минералӣ коҳиш меёбад.
Бунёди боғи суперинтенсивӣ нисбат ба дигар намуди боғҳо афзалият дошта, барои рушди бештари соҳаи боғдорӣ дар мамлакат, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва содиротӣ нақши муҳим хоҳад дошт, зеро дар соли сеюм ниҳолҳо ҳосили фаровон медиҳанд.
Барои бунёди боғи суперинтенсивӣ, дар маҷмӯъ, зиёда аз 2 ҳазор адад сутунпояи бетонӣ истифода шудааст. Ба таъкиди боғдорон, сутунпояҳо дар масофаи ҳашт метр дарозӣ ва чор метр паҳноӣ ҷойгир карда шудаанд.
Айни замон дар боғи навбунёд 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин буда, дар мавсими ҷамъоварии ҳосил 50 каси дигар ба корҳои саҳроӣ ҷалб карда мешавад, ки ин тадбир аз як ҷониб ба беталаф ҷамъоварӣ шудани мева мусоидат кунад, аз тарафи дигар ба афзудани даромаднокии сокинони маҳаллӣ аҳамият дорад.
Зимни боздид аз боғи суперинтенсивӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки муҳлати пухта расидани мева дар ин гуна боғҳо дертар фаро мерасад. Қатъи назар аз ин метавон содироти маҳсулоти бадастомадаро ба роҳ монд, зеро дар сардхона мева беосеб ва тару тоза нигоҳ дошта мешавад.
Усули шинондани ниҳолҳои себ дар боғи нав бо риояи қоидаҳои агротехникӣ чунин муайян шудааст: байни дарахтон як ва қаторҳо чор метр масофа аст. Дар 1 гектари ин боғ 2 ҳазору 500 ниҳоли серҳосили себ шинонда шудааст.
Хоҷагидорон дар боғи навбунёд ду навъи ниҳол - "пинк леди", яъне навъи "арғувонӣ" ва "голден делишес" - навъи "зарринтоб" - ро аз хориҷи мамлакат дастрас намуда шинондаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо аҳли заҳмат боғпарвариро яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки рушди соҳа дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ғанӣ гардондани сабади истеъмолӣ, дастрасии корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардондани имконияти содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дорад.

КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «СУҒДИЁНА» - И НОҲИЯИ СПИТАМЕН
Дар рӯзи чоруми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна» - и деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен ба рафти корҳои кишти чигит оғоз бахшиданд.
«Суғдиёна» яке аз хоҷагиҳои пешқадами ноҳияи Спитамен дар соҳаи пахтакорӣ буда, соли 2016 таъсис ёфтааст ва 18 нафар саҳмдор дорад.
Тавре иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна», дар маҷмӯъ, дорои 41,56 гектар замин мебошад ва 11 гектари онро заминҳои корами обӣ дар бар мегирад.
Аҳли заҳмати хоҷагӣ соли гузашта дар майдони 7 гектар замин пунбадона кишт намуда буданд ва аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна то 38 - сентнерӣ ҳосил гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо саҳмдорони хоҷагӣ барои таваҷҷуҳи бештар додан ба истифодаи васеву пурсамари ҳар як қитъа замин ва дар ҷараёни кишти зироат ба сифат ва навъи тухмиҳое, ки ба обу иқлими ноҳия мувофиқ мебошанд, маслиҳатҳои судманд доданд.
Таъкид гардид, ки иҷрои корҳои агротехникӣ ва ғизодиҳии саривақтии зироат дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа ба нашъунамои ниҳолони пахта мусоидати фаъол мекунад ва ин раванд ба ҳосили хубу фаровон замина мегузорад.
Президенти мамлакат ба масъулони хоҷагӣ барои амалӣ намудани корҳои агротехникӣ ва саривақту бо сифати баланд ба анҷом расондани маъракаи кишт дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна» соли равон нақша доранд, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 8 гектар замин пунбадонаи навъҳои серҳосили «Турки эдесса» ва навъи маҳаллии «Хуҷанд - 67» кишт намоянд.
Ба андешаи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ кишту парвариши ин навъи тухмиҳо ба обу иқлими ноҳияи Спитамен мувофиқ буда, аз ҳар як гектар замин то 45 - сентнерӣ ҳосил ба даст овардан имкон дорад.
Дар хоҷагӣ техникаҳои зарурии кишоварзӣ ба ин маърака ҷалб карда шуда, корҳо барои иҷрои босифати ҷараёни кишти пунбадона ва дигар намудҳои зироати ба ин айём мувофиқ ҳамакнун вусъат дода мешавад.
Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳмдорони хоҷагӣ барои истифодаи пурсамари ҳар як порча замини дарихтиёрдошта, парвариши зироат бо шаклу усулҳои муосир, ба гардиши кишоварзӣ  даровардани заминҳои нав, рушди соҳаи боғдорӣ ва бад-ин васила саҳми бештар гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии сокинони мамлакат ба маҳсулоти хушсифати ватанӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

НАМОИШГОҲИ КИШОВАРЗӢ ВА ГАРМХОНАИ ЗАМОНАВӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ДӮСТОБОД - 2» - И НОҲИЯИ СПИТАМЕН
25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен, ҳамчунин, аз намоиши дастовардҳои  кишоварзон  ва гармхонаи  замонавӣ  дар  хоҷагии  деҳқонии «Дӯстобод - 2» - и деҳоти Тағояк дидан намуданд.
Аҳли заҳмати ноҳияи Спитамен наздики 40 навъи маҳсулоти кишоварзиро, ки бо истифода аз имконоту шароити мавҷуда ҳамасола парвариш мекунанд, ба намоиш гузоштанд.
Дар ноҳияи Спитамен 1600 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд буда, аҳли заҳмат сол ба сол майдони кишту парвариши зироати ба иқлими минтақа мувофиқро дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа бештар мекунанд ва дар таъмини сокинон бо маҳсулоти ватании аз лиҳози экологӣ тоза саҳм мегузоранд.
Дар ноҳия баробари кишту парвариши сабзавот ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ низ таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад.
Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ иттилоъ дода шуд, алҳол масоҳати боғу токзор дар ноҳияи Спитамен ба як ҳазор гектар мерасад ва ҳамасола бо васеъ намудани майдони боғот ҳаҷми истеҳсоли меваҳои лазизу шаҳдбори ватаниро хоҷагидорон афзун мекунанд.
Парвариши сабзавот дар гармхонаҳо низ яке аз самтҳои фаъолияти пурсамари кишоварзон дар ноҳияи Спитамен буда, ин раванд бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва ҷорӣ намудани усулҳои муосир дар истеҳсолот аз ҷониби хоҷагидорон амалӣ карда мешавад.
Зимни боздиди Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи замонавӣ дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод - 2» иттилоъ доданд, ки дар ноҳия 11  гармхонаи доимоамалкунанда дар масоҳати 3 гектар мавҷуд мебошад.
Гармхонаи замонавӣ дар деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен соли 2019 дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди маркази тақсимоти яклухти «Витаминҳои Тоҷикистон» Саидмурод Давлатов таъсис дода шуда, дар он, асосан, сабзавот парвариш карда мешавад.
Дар гармхона парвариши помидорҳои навъи «Атия», «Аламина» ва «Пинк - Оракул» бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда шуда, дар он 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва 40 каси дигар мавсимӣ бо шуғл таъмин мебошад.
Дар гармхона дар марҳилаи аввал дар як гектар 26 ҳазор кӯчати помидор шинонда шуда, 60 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ гардида буд.
Акнун, соли равон бо истифода аз таҷрибаи соли гузашта ва тарҳрезии нақшаҳои нав бо интихоби тухмиҳои серҳосил дар назар аст, ки то 100 тонна ҳосил рӯёнда шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди истифода аз усулҳои замонавӣ ва технологияи муосир дар гармхона барои парваришу истеҳсоли сабзавоти босифату аз ҷиҳати экологӣ тоза таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ин иқдоми соҳибкори ватаниро намунаи ибрат ва дастгирӣ арзёбӣ карданд.
Пас аз шиносоии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни нашъунамои ниҳолони помидор дар гармхонаи замонавӣ дар ҳамин ҷо нақшаҳои ояндаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди маркази тақсимоти яклухти «Витаминҳои Тоҷикистон» муаррифӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки соҳибкори ватанӣ дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат нақша дорад, ки дар оянда масоҳати гармхонаро то 10 гектар расонда, барои нигоҳдории маҳсулот сардхона бунёд намояд.
Дар ҳамин замина бунёди корхонаи хишт ба нақша гирифта шудааст, ки баробари роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ аз он барои таъмин кардани гармхонаҳо бо гармӣ истифода карда мешавад.
Ҳамчунин, сохта ба истифода додани коргоҳи бандубаст ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кишоварзону аҳли заҳмати ноҳияи Спитамен ба онҳо барои боз ҳам зиёд кардани масоҳати гармхонаҳо, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи пурсамари заминҳои корам ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ БОҒИ ИНТЕНСИВИИ КООПЕРАТИВИ ИСТЕҲСОЛИИ “САМИР - СУҒД”, НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Рухаки деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди боғи нав, ки дар он ниҳоли дарахтони ба содирот нигарондашуда шинонда мешавад, асос гузоштанд.
Замини мавзеи Рухак, ки солҳо боз бекорхобида ва аз гардиши кишоварзӣ дур монда буд, бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби масъулони кооперативи истеҳсолии “Самир - Суғд” дар марҳилаи аввал дар майдони зиёда аз 1100 гектар бунёди боғи нав оғоз карда шуд.
 Ҳамзамон, аҳли заҳмат дар ин мавзеъ беҳтарин навъҳои ниҳоли дарахтони чормағз, бодом, анор, ангур, гелос ва хуч шинонда истодаанд, ки ба иқлими ин ҷо мутобиқ ва серҳосил мебошанд. Боғи навбунёд тавассути се пойгоҳи обкашӣ бо системаи қатрагӣ обёрӣ карда мешавад, ки аллакай, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шудааст. Дар мавзеи Рухак имкони бунёди зиёда аз 3 ҳазор гектар боғ мавҷуд буда, масъулони кооперативи истеҳсолии “Самир - Суғд” азм доранд, ки тадриҷан майдони боғу токзорро васеъ намоянд.
Сарвари давлат бо лоиҳаи бунёди боғу токзор, гармхона, қитъаи ниҳолпарварӣ, фермаи чорвои шохдори калон, фермаи мурғпарварӣ ва қитъаи чарогоҳ барои хӯроки чорво, ки марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад, шинос шуданд ва ба масъулон ҷиҳати анҷоми муваффақонаи тадбири муҳим дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Маврид ба таъкид аст, ки дар мавзеи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёди фермаи чорвои калони шохдор дар масоҳати 4 гектар барои парвариши 400 сар, фермаи мурғпарварӣ дар масоҳати 2 гектар бо парвариши 200 ҳазор сар мурғи тухмдеҳу гӯштӣ, гармхонаи парвариши сабзавоту гул дар 3 гектар ва дар 2 гектар замин қитъаи ниҳолпарварӣ бо иқтидори истеҳсолии 2 миллион бех ниҳол, аз ҷумла ниҳоли интенсивӣ, ба нақша гирифта шудааст. Дар сурати пурра аз худ намудани замини мавзеи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бунёди фермаҳои мурғпарварию чорвои калон ва гармхонаву қитъаи ниҳолу гулпарварӣ муҳайё гардидани наздик ба 2 ҳазор ҷойи нави корӣ ба миён хоҳад омад.
Дар ин мавзеъ, ҳамзамон, иншооти ёрирасон бунёд карда шудааст, ки инфрасохтори мазкур ҷиҳати рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ ва чорводорию парандапарварӣ замина мегузорад. Бунёди боғи ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ба афзун гардидани иқтидори содиротӣ низ мусоидат намуда, даромади кооперативи истеҳсолии “Самир - Суғд” аз ин ҳисоб бештар хоҳад шуд.
Дар мавзеи Рухак бо обёрии пурраи замини талу теппаҳо имкон фароҳам мегардад, ки кишти зироатҳо ва полизӣ васеъ ба роҳ монда шуда, аҳли заҳмат дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ фаъолона саҳм гузоранд.

ИФТИТОҲИ БОҒИ АБӮМАҲМУДИ ХУҶАНДӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
26 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд баъди навсозии куллӣ Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маросими ба истифода додани ин иншооти фарҳангию фароғатӣ бо бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи мунаҷҷим, риёзидон ва ихтироъкори номвари тоҷик Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, ки замони зиндагиаш ба давраи ҳукмронии Давлати Сомониён рост меояд, оғоз ёфт.
Муҷассамаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо баландии 6,5 метр дар даромадгоҳи боғ қомат афрохта, дар паҳлуи он, ҳамчунин, ихтирои дастгоҳи нуҷумии ин мунаҷҷими барҷастаи тоҷик- «Устурлоб» сохта шудааст.
Дар дохили Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, ҳамчунин, «Планетария» бунёд шудааст, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
«Планетария» аз ҷониби як нафар соҳибкори шаҳри Хуҷанд сохта шуда, он аз толори аксбинии сайёра бо насби таҷҳизоти муосир, толори тамошо ва қабули меҳмонон, ҳуҷраҳои корӣ ва таҳхона иборат мебошад.
Зимни муаррифии ихтироот ва корҳои таҳқиқотии олимону муҳаққиқон дар самти илмҳои дақиқ иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба эълони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар ин ҷо маҳфилҳои ситорашиносӣ, техникони ҷавон, ганҷшинос, дизайн ва меъморӣ амал намуда, як китобхона низ таъсис ёфтааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси чунин маҳфилҳоро дар тақвият ёфтани қобилияти эҷодии наврасону ҷавонон муҳим арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки бояд дар замони пешрафти илму техника ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.
Дар идомаи боздид аз Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, иттилоъ дода шуд, ки ин иншооти фарҳангӣ - фароғатӣ дар маҳаллаи «Дӯстии халқҳо» дар масоҳати қариб 7 гектар доман паҳн карда, ҳангоми навсозии он 200 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буд.
Ҷиҳати ободу зебо гардондани ин гӯшаи шаҳри Хуҷанд, ҳамзамон, дарвозаи асосии Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо санъати зебои гаҷкорӣ бунёд гардида, ба манзараи дилфиребе мубаддал гаштааст.
Дар ин ҷо 5 фаввораи зебою диққатҷалбкунанда, амфитеатр бо 2000 ҷойи нишаст, як шаршара, 20 суҳбаткада, 80 нишасткурсӣ, 100 таҷҳизоти равшанидиҳанда ва чандин пергола бунёд ва васлу насб гардида, имрӯзҳо боғ ба яке аз ҷойҳои аслии сайругашти сокинони шаҳри Хуҷанд табдил ёфтааст.
Кабудизоркунӣ ва гулпӯшкунии зиёда аз 50 ҳазор метри мураббаъ, панҷарабандии атрофи боғ, ороиши ҷӯйборҳо бо сангҳои табиӣ, чароғонкунии роҳравҳову гирду атрофи боғ, шинондани зиёда аз 800 бех ниҳоли дарахтони ороишию ҳамешасабз ва беш аз 700 ҳазор бех гулҳои рангоранг аз тадбирҳои ободоние буданд, ки дар доираи лоиҳаи сохтмону барқарорсозии Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд бо сифати баланд ба анҷом расонда шуданд.
Дар ин боғ, ҳамчунин, “Олами афсона” - мавзеи бозии кӯдакон, гӯшаи ҳайвоноти нодир ва чандин иншооти дигари ёрирасону хизматрасонӣ сохта шудааст.
Қатори сайёраҳо, ки дар маркази боғ ҷойгир карда шудааст, басо ҷолибу диданӣ буда, хусусан шабонгоҳ манзараи зебои ин макони бузурги фарҳангию фароғатӣ диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд.
 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, инчунин, ҷиҳати боз ҳам ободу зебо сохтани ин макони дилфиреби фароғатӣ маслиҳатҳои судманд доданд.
Чунин тадбирҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд ба монанди дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ вусъати тоза касб карда, сокинон барои истиқболи сазовор аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 таҷлил карда мешавад, кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

ИШТИРОК ДАР ФЕСТИВАЛИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
Баъд аз анҷоми маросими ботантанаи ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар ҳамин мавзеи назаррабо бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо - «Сайри гули лола», ки мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронда мешавад, доир гардид.
Ҳадаф аз баргузории ин озмуни зебоӣ пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни сокинони мамлакат, ободу зебо намудани ҳар як хона, кӯча, маҳалла, деҳа, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, ба истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Ба ин муносибат, дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ 300 ҳазор гули лола шинонда шуда, 34 намуди ин гулҳои тароватбахш, ба оилаи гулҳои нидерландӣ ба монанди силер, долер, палада, калгари, фабио, палушел, пичполсон ва ғайраҳо шомил буда, зинатбахши ин макони дилписанд шудаанд.
Ба хотири шукуфоии бештари манзараҳои боғи навбунёд дар ҳамин макон 10 намуд гулҳои маҳаллӣ бо фарогирии 270 ҳазор дона, аз ҷумла петуния, марҷонгул, бахмалин, вербина ва ғайраҳо, ҳусни  Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро афзун намудааст.
Гурӯҳи карнайнавозон ва дойрадастон бо гулдухтарони ансамблҳои рақсӣ дар даври вилоятии  Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» иштирок карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маҳорати ширкаткунандагони ин ҳамоиши сатҳи баланд, ки дар ду тарафи роҳ сурат гирифт, дидан намуданд.
Ҳунарнамоии фолклорсароёни 18 шаҳру ноҳияи вилоят ҷолиби диданӣ буд. Дастаҳои фолклорӣ - этнографӣ ва иштирокчиёни фестивал, дар рафти иҷрои сурудҳо дар як вақт нақшҳои наврӯзӣ, баҳор, арӯсу домод ва ғайраро аз давраҳои қадим то ба имрӯз бо сарулибосҳои хоссаи миллии ҳар давру замон иҷро карданд. Намоиши дастархони идонаи наврӯзӣ низ бо унсурҳо ва анъанаҳои хоси ин ҷашни қадимӣ дар ҳамин мавзеъ оро ёфта буд.
Дар як вақт дар тамоми мавзеи сабзпӯши боғ аз тарафи мактабҳои мусиқӣ, санъат ва рассомии шаҳри Хуҷанд, коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, тарбиятгирандагони боғчаҳо ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ саҳнаҳои композитсионии ҷолиб доир ба мавзӯъҳои «Наврӯз», «Баҳор», «Гули лола» ва бозиҳои миллии наврӯзӣ иҷро карда шуданд.
Дар ин ҷо гӯшаи намоиши зинда ташкил карда шуд, ки аз ҳайвоноту парандаҳои нодир ва зебо иборат буд. Аз ҷониби дастандаркорон дар тамоми мавзеи боғ дар тани дарахтон ва наздикии онҳо қафаси парандаҳои хушхон, аз қабили бедона, кабк, саъба, тӯтӣ, товус, тазарв, кабӯтар ва ғайраҳо ҷойгир карда шуданд.
Тазаккур дода шуд, ки Фестивали «Сайри гули лола» имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо ҷашн нест. Лола як  рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат аст, ки дар атрофи он даҳҳо падидаҳои фарҳангии дигар арзи вуҷуд мекунанд. Дар маросими «Сайри гули лола» аз таҷассуми даҳҳо ҳунари мардумӣ, пешниҳоди рангоранги либоси миллӣ, анвои хӯрокҳои нодири халқӣ, намоиши беназири анвои нонҳои тоҷикӣ, намоиши ороишоти рангину ҳунармандонаи дастони модари тоҷик пешниҳоди мардум мегардад, ки ҳар бинандаро мафтун намудаву ба ваҷд меоранд ва ин раванд дар тарбияи завқу рағбати насли наврас таъсиргузор хоҳад буд.
Аснои боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунарнамоии фолклорсароёни шаҳру ноҳияҳои вилоят,  муҳассилини мактабҳои мусиқӣ, санъат ва рассомӣ, тарбиятгирандагони боғчаҳо ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баҳои баланд доданд.
Дар доираи даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби ҳунармандони вилояти Суғд барномаи ҷолиби консертӣ баргузор гардид.

РОҲАНДОЗИИ ГАРМХОНАИ ЗАМОНАВӢ ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба фаъолияти гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "ММК Агро" оғози расмӣ бахшиданд.
Корҳои бунёдӣ дар ин гармхона соли 2019 оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст. Қобили зикр аст, ки иншооти мазкур дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат ташкил гардида, дар он маҳсулоти босифат парвариш карда мешавад. Иқдоми мазкур аз ҷониби соҳибкор Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров пиёда гардида, масоҳати умумии он 2 гектарро ташкил медиҳад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки гармхона ба ду қисм: гидропоникӣ ва органикӣ ҷудо гардида, тамоми таҷҳизоти он аз Кореяи Ҷанубӣ ворид гардидаанд. Дар қисмати гидропоника, ки як гектари гармхонаро ташкил медиҳад, айни ҳол парвариши бодирингу помидор ба роҳ монда шудааст ва парваришу нигоҳубини тухмиҳо ба таври автоматӣ иҷро гардида, барои таъмини сифати хуби маҳсулот ва бардоштани ҳосили баланд 13 намуди элементҳо тариқи обёрии қатрагӣ ба рустанӣ расонда мешавад. Муътадилии ҳарорати гармхонаи гидропоникӣ тариқи системаи буғӣ ва ба таври автоматӣ дар ҳама мавсими сол нигоҳ дошта мешавад ва барои иҷрои ин амалҳо ду деги калонҳаҷм низ насб гардидааст.
Қисмати органикӣ, яъне ба таври маъмулӣ парвариш кардани тухмиҳо, аз ду як ҳиссаи гармхонаи мазкурро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо низ ҳама амалиёти парвариш ва нигоҳубини рустанӣ тариқи автоматӣ ба роҳ монда шуда, муътадилии ҳарорати он бо усули радиаторӣ, яъне ҳавои сунъии гарм нигоҳ дошта мешавад. Барои иҷрои ин амал дар қисмати органикии гармхона 80 адад ҳаводиҳандаҳои ихроҷкунандаи гармӣ насб гардидааст. Тибқи пешгӯиҳо, бо истифода аз чунин имконоти муосир ва қоидаҳои агротехникӣ, аз ҳар гектар дар як сол бештар аз 180 тонна бодиринг рӯёнидан мумкин аст. Баъд аз ба истифода додани гармхона 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва 50 нафар бо кори мавсимӣ ва маоши баланд таъмин гардид.
Аснои шиносоӣ бо имкониятҳо ва шароитҳои мусоиди корӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббускории соҳибкор баҳои баланд дода, ташкил ва роҳандозии парвариши рустаниҳо, хусусан бодирингу помидор ва қаланфури булғориро бо чунин усул омили муҳими беҳтар намудани сифати маҳсулот ва бадастовардани бозори гарми ин навъи маҳсулот хонданд.
Мавриди зикр аст, ки дар тавозуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "ММК Агро" дар баробари парвариши помидору бодиринг ва рустаниҳои мавсимӣ, ҳамзамон, 6 гектар ангурбоғ низ мавҷуд аст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз боғи навбунёди ҷамъият дидан намуданд. Токзор бо истифода аз қоидаҳои агротехникӣ бунёд гардида, 3 гектари онро навъи ангури "Суғдиён", ки аз вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид гардидааст, ташкил медиҳад. Дар 3 гектари дигар ангури навъи "Ҳусайнӣ" парвариш меёбад.
Гуфта шуд, ки бо мақсади таъмини аҳолӣ бо меваю сабзавоти тару тозаи ватанӣ, дар назар аст, ки мавсими оянда токзори мазкур васеъ гардонда шуда, дар паҳлуи он 7 гектар боғи нави суперинтенсивии себу нок бунёд мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор ҷиҳати дастгирии сиёсати Ҳукумати кишвар изҳори сипос карда, масъулонро барои боз ҳам беҳтар намудани сифати маҳсулот ва таъмини бозори дохилию хориҷӣ бо меваю сабзавоти хуштамъу босифат ҳидоят намуданд.

БУНЁДИ БОҒИ СУПЕРИНТЕНСИВӢ ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
Дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди боғи нави суперинтенсивӣ асос гузоштанд. Дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин ниҳолро шинонда, барои нигоҳубини дурусти боғ ба кишоварзон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки боғи суперинтенсивӣ дар масоҳати 5 гектар дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” бунёд гардида, дар он дарахтони себ, нок, зардолу ва шафтолу шинонда мешаванд. Ниҳолҳое, ки дар боғ шинонда мешаванд, аз дигар давлатҳо ворид гардида, тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа, ба обу ҳаво ва иқлими Тоҷикистон муносиб мебошанд. Аз рӯи хусусият, тамоми ниҳолҳо қадпаст ва миёнақад буда, самаранокии боғи суперинтенсивӣ нисбат ба боғҳои муқаррариву интенсивӣ бештар мебошад. Аз он ки дар боғи суперинтенсивӣ дарахтони мевадиҳанда нисбатан зичтар шинонда мешаванд, имкон пайдо мешавад, ки дар як гектар замин то 2220 бех ниҳол ҷой дода шавад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аллакай, аз соли сеюм ниҳолҳои боғи суперинтенсивӣ ба ҳосил даромада, то панҷсолагӣ ба пуррагӣ самаровар хоҳанд шуд. Тибқи баҳогузории кишоварзон, аз як гектар боғи суперинтенсивӣ аз 20 то 25 тонна меваи хушсифат ба даст оварда мешавад. Аз ин рӯ, чунин навъи маҳсулот таъйиноти содиротӣ дошта, дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидорони зиёд доранд.
Тавре зимни муаррифӣ иброз гардид, боғи нав бо усули қатрагии рӯйихокӣ ва қатрагии зери шохсор обёрӣ гардида, дар масоҳати 0,67 гектар навъҳои себи “Голден Делишес”, “Стар Кримсон”, 0,46 гектар ноки “Санта Мария”, 1,76 гектар шафтолуи “Нектарин” ва “Амрикоӣ” парвариш карда мешавад.
Таъкид гардид, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар мамлакат тайи чанд соли охир кишоварзон дар баробари саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамчунин, барои истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ низ нақши чашмрас гузошта истодаанд ва бо бунёди боғҳои суперинтенсивӣ, ин иқтидор боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт. Ҳамчунин, бунёди боғи мазкур ба амалишавии ҳадафҳои Барномаи давлатии “Рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020” мусоидат намуда, майдони боғзор ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиёдтар хоҳад кард.
Сарвари давлат ба кишоварзон дастур доданд, ки боғи навбунёдро бо риояи тамоми меъёрҳои агротехникӣ нигоҳубин намуда, барои нашъунамои саривақтии ниҳолҳои шинондашуда чораҳои зарурӣ андешанд.

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ФЕСТИВАЛИ “АТЛАС ВА АДРАСИ ТОҶИК - 2020” ДАР ҚАСРИ АРБОБ
26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб дар фестивали “Атлас ва адраси тоҷик - 2020”, ки ба ифтихори Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар саҳни Қасри Арбоб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи духтарони тоҷик бо либосҳои хуштарҳу зебо бо самимияти афзун истиқбол гирифтанд.
Барномаи фестивали вилоятии “Атлас ва адраси тоҷик - 2020” бо намоиши маҳсули дасти ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оғоз гардид.
Дар намоишгоҳ, ки басо ҷолибу назаррабо оро ёфта буд, намунаҳои зиёди ҳунарҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас, сӯзанӣ, гулдӯзӣ, матои дастбоф, либосҳои миллӣ, читгарию суфгарӣ, қолинҳои дастбоф, ҷомаю тоқидӯзӣ, наққошӣ, кундалсозӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оҳангарӣ ва ғайра ҳунари волою тахайюли бою рангин ва маҳорати хосаи ҳунармандони вилояти Суғдро ифода менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҳунармандон, маҳсули дасти эъҷозофар ва маҳорати хосаашон баҳои баланд дода, онҳоро ба эҳёву рушди боз ҳам бештари анъанаҳои миллӣ, тарғибу муаррифии ҳунарҳои миллӣ ва тарбияи шогирдони сазовор дар ҳунармандӣ ҳидоят намуданд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар вилоят беш аз 17 ҳазор нафар ҳунарманд дар офаридани маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ фаъолият дорад. Маҳсули ҳунарҳои миллӣ дар намоишгоҳҳои минтақавию байналмилалӣ дар давлатҳои хориҷӣ соҳиби ҷоизаҳо гардида, баҳои баланд гирифтаанд. Дар арсаи олам ин боигарию дастовардҳои миллӣ муаррифӣ мешаванд, таваҷҷуҳи тоҷирону сайёҳони хориҷиро ҳарчи бештар ҷалб менамояд.
Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ “Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба эҳёву рушди ҳунарҳои миллӣ мусоидат менамоянд.
Бо иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матоъҳои миллии адрасу чакан ҳамчун як ҷузъи фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ба феҳрасти фарҳанги моддии ЮНЕСКО пешниҳод гардидаанд.
Дар вилояти Суғд шуғли таърихию анъанавӣ - атласу адрасбофӣ низ рушд меёбад. Пешниҳоди навъҳои зиёди атласу адрас дар рангу тобиш ва ҷилои хоса дар барномаи фестивали “Атлас ва адраси тоҷик - 2020” шаҳодати ин мебошад.
Дар толори пурнақшу нигори Қасри Арбоб ҳунармандон, тарроҳону дӯзандагон барномаи мукаммали рангинеро бо муаррифии дастовардҳои атласу адрасбофӣ ва либосҳои миллию замонавӣ аз ин матоъҳои тоҷикӣ пешниҳод намуданд. Дар ин маҳфили зебои муаррифии атласу адраси тоҷик ҳунармандон либосҳои миллӣ ва мӯдҳои муосирро дар тарҳу дӯхти гуногуну хеле ҷолиб пешкаши ҳозирин намуданд.
Фестивал - озмуни “Атлас ва адраси тоҷик - 2020” дар бахшҳои гуногун бо пешниҳоди либосҳои бонувону духтарон, писарона ва кӯдакона аз матоъҳои атласу адраси абрешимию пахтагин баргузор карда шуд.
 Маврид ба ёдоварист, ки дар вилояти Суғд баҳри эҳёву рушди ҳунарҳои миллӣ ва дар доираи солҳои 2019 - 2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ марказҳои таълимӣ - истеҳсолии атласу адрасбофӣ таъсис ёфта, дар онҳо ҳунармандон ба истеҳсоли атласу адраси дастбоф машғуланд ва аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ дар ҳар як шаҳру деҳа шогирдон тайёр менамоянд.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар дохили кишвар коркард карда шудани ашёи хоми пилла ба таъмини абрешим дар атласбофӣ ва бо афзун гардидани коркарди нахи пахта дар дохили кишвар ба таъмини ресмони пахтагин барои адрасбофӣ мусоидат менамоянд.
Ҳайати ҳакамон - ҳунармандон, мутахассисон, олимону эҷодкорон ба либосҳои атласу адрас аз нигоҳи санъату маҳорати дӯзандагӣ, тарҳи хоса, зебоӣ, тобишу обуранг, ороишот ба рангу ҷило ва дигар хусусиятҳои хос баҳогузорӣ намуданд ва ғолибон муайян гардиданд.
Ба ғолибон ва иштирокчиёни муваффақу беҳтарин барои дӯхтану пешниҳоди либосҳои миллию замонавӣ аз матоъҳои рангину пурҷилои атласу адраси тоҷик ҷоизаҳо муайян карда шуда буд, ки онҳоро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғолибонро бо комёбиашон табрику муборакбод намуда, иброз доштанд, ки ояндаи наздик мо тавассути ин ҳунармандон ба рушди соҳа, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти хушсифати атласу адрас ноил мегардем.
Президенти мамлакат ба барномаи ҳунарӣ ва сарулибоси тамошобинон, ки толорро бо ҳузурашон рангину гулистон карда буданд, баҳои баланд доданд.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки ҳадаф аз баргузории намоиши атласу адрас дар вилояти Суғд, ки ин навъи санъат дар ин ҷо бештар рушд кардааст, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав гузаронда шуд.
Дар охир, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиён - тарроҳони ватанӣ барои пешниҳоди барномаи рангин изҳори сипос намуданд ва таъкид карданд, ки ҳадафи Ҳукумати мамлакат аз таъсиси корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ пеш аз ҳама, бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани бонувони хонашин ва эҳёи ҳунарҳои миллию муаррифии он ба ҷаҳониён мебошад.

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.03.2020    №: 59 - 60    Мутолиа карданд: 440
22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД

ДАРВОЗ. САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ НОҲИЯ БЕШТАР МЕГАРДАД

БОЗОРИ ТРАНСФЕРӢ. АРЗИШИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДАСТАҲОИ ЛИГАИ ОЛӢ

ПЕШНИҲОДИ ВОХӮРИИ НАМОЯНДАҲОИ ИДМ ВА СҶТ БАРОИ МУБОДИЛАИ ТАҶРИБАИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. САҲМИ РАЁСАТИ КҲФ ДАР ПЕШГИРИИ COVID-19

14.05.2020


КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ТАЪСИСИ МАХЗАНИ ЭЛЕКТРОНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед