logo

Хабарҳо

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ

Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Бӯстон бунёди корхонаҳои нави саноатӣ вусъат гирифта, шумораи онҳо ҳоло ба 30 адад расидааст. Ба наздикӣ сохтмони корхонаҳои истеҳсоли мех ва лӯлаҳои полиэтиленӣ, ки аз зумраи иншооти ҷашнии шаҳранд, оғоз ёфт. 
Ба иттилои соҳибкор Илҳом Акрамов, корхонаи мех бо иқтидори истеҳсоли 300 тонна маҳсулот дар як сол ба кор оғоз менамояд. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд. Барои корхона технологияҳои муосири истеҳсолӣ дастрас ва васлу насб карда мешаванд.
Соҳибкор Гулнора Оқилова корхонаи истеҳсоли лӯлаҳои полиэтиленӣ месозад. Корхона дар масоҳати умумии 2400 метри мураббаъ бунёд меёбад ва дар он истеҳсоли  лӯлаҳои полиэтилении қутрашон аз 15 то 250 миллиметр ба роҳ монда мешавад. Соҳибкор ният дорад, ки бо назардошти имконот дар оянда хатҳои иловагии истеҳсолӣ таъсис диҳад.
Соли гузашта Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон ба фаъолияти корхонаҳои нави саноатии «Тоҷфилиз» (беш аз 200 навъи мех ва мехҳои печон истеҳсол менамояд) ва «Дурахшон - Бӯстон» (коркард ва истеҳсоли маҳсулоти коғазӣ) ҳусни оғоз бахшида буданд. Ҳоло маҳсулоти босифати ин корхонаҳо ба бозорҳои мамлакат ворид шуда, талаботи мардумро қонеъ месозанд. Корхонаҳои мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ таъсис ёфтаанд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1920
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед