Хабарҳо
"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"
Бо ҳамин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз намоиши анъанавии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони касбу кори гуногун ифтитоҳ гардид.
Тавре Фаридун Кенҷаев, сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии осорхона, иброз дошт, қариб 6500 намунаи мероси таърихӣ – фарҳангӣ, аз қабили сиккаҳои давраҳои гуногун, ашёи гуногуни таърихӣ, этнографӣ, гулдӯзӣ, чакан, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ, ҳунари мисгарӣ, мероси хаттӣ, пайкара, нимпайкара, ҳуҷҷатҳо ва мукофотҳои давлатии аз Наврӯзи соли 2019 то Наврӯзи соли 2020 ба фонди Осорхонаи миллӣ воридгардида намоишро зебу шукӯҳи тоза бахшидаанд.
- Имсол 1889 нигора аз тарафи шахсиятҳо ва мақомоти гуногуни кишвар, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 сиккаи 100 - сомонаи нуқрагӣ бо навиштаҷоти “Оғози кори НБО “Роғун” ва як ганҷинаи асри XV иборат аз 1314 сикка, ба фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон туҳфа шуд. Инчунин, 4168 ашёи таърихию фарҳангӣ тавассути комиссияи махсуси муассиса харидорӣ гардида, 423 бозёфти гуногуни мансуб ба давраҳои қадим ва асри миёнаро бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар рафти ковишҳои бостоншиносӣ кашф ва ба фонди осорхона ворид намудаанд, - афзуд мавсуф.
Мавриди зикр аст, ки ин муассисаи фарҳангӣ ҳамасола бо роҳҳои экспедитсия, харид ва қабули туҳфа ашёи нави моҳияти таърихию фарҳангидоштаро ҷамъоварӣ намуда, маводи дар давоми як сол гирдоваришударо ҳар сол таҳти унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз” бо намоиши муваққатӣ пешкаши тамошогарони осорхона месозад.
Ба иттилои Фаридун Кенҷаев, мақсад аз ҷамъоварии ашёи таърихию фарҳангӣ ҳифзи ёдгории гузаштагон, осори моддиву ғайримоддии бамеросмонда, эҳтироми дастовардҳои халқ, муаррифии онҳо ба тамошобинону меҳмонон, тарбияи завқи зебоишиносӣ, бедорсозии ҳисси ифтихори миллӣ ва мерос гузоштани ин шоҳкориҳо ба наслҳои оянда мебошад.
Бахтовар КАРИМЗОДА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2054