Хабарҳо
ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД
Sky. Дар муддати се ҳафта корхонаҳои индустрияи мӯди кишвар истеҳсоли ниқоби тиббиро аз 350 ҳазор адади феълӣ ба 1,5 миллион мерасонанд.
Қаблан як қатор ширкатҳои истеҳсоли либос тасмим гирифтанд, ки дар давраи пандемия барои эҳтиёҷоти мамлакат истеҳсолотро пурра ё қисман дигар месозанд.
22 март Сарвазири Италия Ҷузеппе Конте боздошти фаъолияти тамоми корхонаҳои кишварро ба истиснои иншооти стратегӣ эълом намуда буд. Тибқи нақшаи дастгирии молиявӣ ба соҳаю минтақаҳои аз коронавирус бештар осебдида 25 миллиард евро ёрӣ расонда мешавад. Ҳамин миқдор маблағ моҳи апрел низ ҷудо мегардад. Барои ниёзмандон ҷиҳати харидани хӯрокворӣ 400 миллион евро интиқол меёбад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1831