Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Coronavirus2020.kz. Дар Қазоқистон теъдоди бемороне, ки аз Covid-19 шифо ёфтанд, ба 20 нафар расид.
АИР Новости. Президенти Россия Владимир Путин дар ҷаласа бо намояндагони вижааш русиягиҳоро дар ин давраи хуруҷи коронавирус ба ғамхорӣ нисбат ба волидон ва одамони солхӯрда даъват намуд.
Gazeta.ru. Сарвазири ФР Михаил Мишустин супориш дод, ки барои расондани ёрии тиббӣ ба мубталоёни коронавирус ба манотиқи кишвар 33,4 миллиард рубл дода шавад.
Sputnik. Ҳукумати Ӯзбекистон барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз 30 март то 20 апрел ҳаракат тавассути нақлиёти шахсиро дар қаламрави кишвар пурра манъ кард.
Sputnik. Вазорати беҳдошти Эрон эълон кард, ки аз шумораи умумии 41495 мубталои коронавирус то кунун 13911 нафар шифо ёфта, аз бемористонҳо мураххас шуд.
INTERFAX.RU. Ширкати Johnson & Johnson ният дорад, ки то сентябри соли равон ба озмоиши клиникии ваксинаи коронавирус дар одам шурӯъ созад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1837