Хабарҳо
ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД
Дар шаҳри Турсунзода ҳолати дуздие ошкор шуд, ки маблағи зарари расондашуда аз он 9 ҳазору 570 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳолати дуздиро маъмурони милитсия дар пайи аризаи марди 32 – сола ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода ошкор ва гумонбари ҳодисаро боздошт карданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, муроҷиаткунанда ба мақомоти милитсия арз кардааст, ки шаби 18 март аз коргоҳи истеҳсоли хишташ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Т. Тӯйчиеви шаҳр ашёи гуногун, аз қабили як адад телевизори тамғаи “Самсунг”, 1 адад хотираи камераи мушоҳидавӣ (база), трансформатор, дивидии тамғаи “ТС ДВД” ғорат шудааст.
Дар робита ба аризаи ин шаҳрванд, аз ҷониби кормандони милитсия марди 38 – солаи сокини ҳамин шаҳр ба гумони дуздӣ боздошт шуда, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1886