Хабарҳо
КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи Сайфулло Юсупов, роҳбари Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Ҳайдар - 2017» дар ноҳияи Спитамен, барои тасарруфи маблағҳои давлатӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти агентӣ, номбурда давоми солҳои 2018-2019 аз идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия тибқи шартнома ва санадҳои қабул 48456 ҳазор м3. оби полизиро ба маблағи 1144544 сомонӣ қабул намудааст. Вале дар ҳамдастӣ ё маслиҳати пешакӣ бо шахсони масъули ҶДММ «Спитамен Текстайл»-и ноҳияи Спитамен дар ҳисоботи муҳосибӣ маблағи хизматрасонии аз ҳисоби оби полизӣ ҷамъовардашударо нишон надода, ба хазинаи идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия танҳо 269904 сомонӣ пардохт кардааст. С. Юсупов бақияи маблағ 854640 сомониро тасарруф намуда, ба давлат зарари махсусан калони молиявӣ расондааст.
Ҳоло тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ ва ҳамдастонаш бар асоси моддаи 245 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятӣ (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) идома дорад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2159