logo

Хабарҳо

РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

Дар қатори дигар минтақаҳои Тоҷикистони азиз дар шаҳри Роғун низ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ашхоси саховатпеша як қатор иншооти варзишӣ бунёд гаштанд. Алҳол дар Роғун 12 толор ва наздик ба  60 майдончаи варзиш мавҷуд буда, як муассисаи давлатии мактаби варзиш фаъолият менамояд.
Маҳз ҳамин дастгириву ғамхориҳо мебошанд, ки тайи солҳои ахир варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои гуногун ба муваффақияту комёбиҳо ноил мегарданд.
Боиси зикр аст, ки дар соли гузашта варзишгарони шаҳри Роғун дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ соҳиби 7 медали тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ шуданд.  
Тавре Баҳром Шарафзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Роғун, иброз дошт, дастпарвари Муассисаи давлатии мактаби варзиш гӯштигири бомаҳорат ва умедбахш   Субҳиддин Халилзода дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо  миёни ҷавонон, ки  моҳи октябри соли сипаришуда дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд баргузор шуд, сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар баробари ин, ҷавондухтарон Нишона Исроилова, Мадина Саидзода ва Файзалӣ Давлатов дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба киокушинкай медалҳои тиллову нуқра ба даст оварданд.
Бино ба гуфтаи Баҳром Шарафзода, ҳоло дар мактаб 313 нафар дар намудҳои гуногуни варзиш машқу тамрин мекунад, ки барояшон тамоми шароитҳои муосир муҳайё гаштааст. Ӯ изҳори умед намуд, ки дар оянда низ варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат намуда, ба дастовардҳои назаррас мушарраф мегарданд ва ба ин васила, барои боз ҳам боло рафтани обрӯву нуфузи Ватани маҳбубамон саҳми бориз мегузоранд.

З. РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 545
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед