Хабарҳо
ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ
REGNUM. «62 беморхонае, ки қаблан дар робита бо хуруҷи эпидемияи коронавирус махсус гардонда шуда буд, тартиби пешинаи қабулу табобати маризонро аз сар гирифт», - гуфт намояндаи Кумитаи давлатии тандурустии кишвар Сзяо Яхуэй.
Дар онҳо наздики 26,5 ҳазор кат мавҷуд аст, ки нисфашро беморон банд кардаанд. Ин муассисаҳои табобатӣ 40 дарсади тамоми беморхонаҳои шаҳрро ташкил медиҳанд.
Дар 60 беморхона аз нав қабули амбулатории шаҳрвандон, дар 52 муассисаи табобатӣ хизмати ёрии таъҷилӣ ба роҳ монда шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1882