logo

Хабарҳо

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

«Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» аз 5 боб ва 73 банд иборат буда, то имрӯз ҳамагӣ 55 банди он иҷро гардидааст. Амалисозии 18 банди дигар дар давоми соли ҷорӣ дар назар аст. Ин ва чанд масъалаи вобаста ба татбиқи барномаи мазкур зимни ҳамоиши муштараки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Филиппо Кривеларро, сардори департаменти иқтисодию экологии дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, изҳор дошт, ки ҳамкории дуҷониба дар доираи татбиқи Конвенсияи Орхус оид ба масъалаҳои экологӣ, пеш аз ҳама, барои таъмини амнияти экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар Тоҷикистон ва минтақа равона шудааст. Таъсиси марказҳои иттилоотии экологӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ ва минтақаи Рашт барои ноил шудан ба мақсадҳо ва рафъи мушкилоти экологӣ дар маҳалҳо дар самти идоракунии устувори партовҳои маишӣ, бехатарии радиатсионӣ ва рушди кишоварзӣ мусоидат намуд.       
Татбиқи барномаи мазкур аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мусбат арзёбӣ гардид.  Дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳо сатҳи маърифати экологии аҳолӣ то андозае баланд бардошта шуд. Сардори маркази ахбори экологии кумита Гулрухсор Тиллоева гуфт, ки дар татбиқи барнома саҳми воситаҳои ахбори омма, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар сохторҳои давлатӣ зиёд буда, беҳтар кардани маърифати экологии аҳолӣ ба кори пурмасъули онҳо сахт вобаста аст.
- Ҳадафи барнома такмили заминаи ҳуқуқӣ, илмӣ - методӣ ва моддӣ - техникӣ мебошад. Аз ин ҷиҳат, гуфтан мумкин аст, ки барнома ба ҳадаф расид. Ҷорӣ намудани фанни экология дар муассисаҳои таълимӣ, ташкили корҳои тарғиботӣ ва баргузории семинару тренингҳои омӯзишӣ, ҳамчунин, ҷалби аҳолии деҳот ва шахсони ҳуқуқӣ барои амалӣ гардондани чорабиниҳои экологӣ (аз ҷумла «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил») ва ҳалли мушкилоти ба онҳо вобаста барои идома додани корҳо замина мегузорад, - гуфт ӯ.
Бо вуҷуди анҷом додани корҳо дар доираи барнома давоми чор соли охир, ҳолати муҳити зист, махсусан дар деҳот, ҳанӯз қонеъкунанда нест. Масъалаҳои ҳалталаби партовҳои сахти маишӣ, ҳифзи захираҳои об, замин, олами набототу ҳайвонот ва чандин проблемаҳои дигар, ки бештар ба аҳолии деҳот марбутанд, зарурати ба инобат гирифтани онҳоро дар рафти таҳияи барномаи нави рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологӣ барои солҳои 2021 - 2025 пеш мегузоранд. Ҳифзу нигоҳубини ҳайвоноти нодир, аз ҷумла озодапаланг (бабри барфӣ), ки яке аз боигариҳои кишварамон ба ҳисоб рафта, аз ҳадафҳои муҳими барнома маҳсуб меёбад, махсус таъкид гардид. Зеро дар давоми ду моҳи охири соли 2019 ва аввали соли 2020 ҳафт маротиба ҳамлаи бабри барфӣ ба хоҷагиҳои алоҳидаи ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа, Ишкошим ва Ванҷ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин рӯ, масъулони соҳа умедворанд, ки вазорату идораҳои дахлдор барои таҳияи барномаи нав ҷиҳати бартараф сохтани мушкилиҳои ҷойдошта пешниҳодҳо ворид менамоянд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1952
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед