logo

Хабарҳо

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Лахш бо шукӯҳи хоса - намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунармандию косибӣ, дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз чорабиниҳои варзишию олимпиадаҳои фаннӣ, бозии гӯштин, пойга ва чорабиниҳои дигар баргузор гардид.
Дар саҳни ҳавлии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барномаи  рангоранги таҳиянамудаи бахши  фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирон гардида, санъаткорон бо рақсу бозӣ ва суруду таронаҳои дилангез  хотири иштирокчиёни чорабинии наврӯзиро болидатар намуданд. Аз рӯи барномаи театрикунонда Арӯси сол аз омад - омади баҳор мужда дода,  бобои Деҳқон ба киштукори баҳорӣ ҳусни оғоз бахшид. Гулдухтарони зебо бо рақсу бозии зебо ва гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо таронаҳои наврӯзӣ ин қисмати чорабиниро ҷолибтар сохтанд.
Ҳамчунин, дар доираи чорабиниҳои наврӯзӣ фаъолияти  соҳаҳои гуногуни ноҳия натиҷагирӣ шуд. Аҳли заҳмати диёр барои боз ҳам вусъат бахшидани кишти зироатҳо, боғдорию чорводорӣ ва афзоиши маҳсулоти кишоварзию ҳунармандӣ дар соли ҷорӣ  иҷрои корҳои зиёдро ба нақша гирифтаанд.
Файзулло Баротзода, раиси ноҳия, изҳор дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба  шарофати талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кулли ҷашну оинҳои миллӣ, хусусан Наврӯз, бо ҳама ғановату рангорангӣ эҳё гардиданд. Наврӯз - иди аҷдодии мо бо ташаббуси Пешвои миллат  ба ҳайси як мероси пурғановати маънавии аҳли башар дар ҷаҳон шинохта шудааст, ки боиси ифтихори ҳар яки  мост. Наврӯз ҳамчун ҷашни куҳантарини  аҷдодӣ,  рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ ва ваҳдату ҳамдилии мардум  ба иди ҳамагонӣ табдил ёфта, дар саросари ҷумҳурӣ бо тантанаи хос ҷашн гирифта мешавад.
Баъди анҷоми намоишҳо ва  барномаи  фарҳангӣ  дар варзишгоҳи марказии ноҳия мусобиқаи  варзишӣ  аз рӯи намуди гӯштин баргузор гардид. Дар он паҳлавонони машҳури шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуда, ғолибон сазовори мукофотҳои пурқимат ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм барои аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон додан сазовори  мошинҳои сабукрав гардиданд. Паҳлавони номдор ва боистеъдоди ноҳия Башири Фахриддин ғолиби кулл ва соҳиби шоҳҷоиза дониста шуд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2026
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед