Хабарҳо
ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД
Бозиҳои 32 - юми тобистонаи олимпӣ 23 июл – 8 августи соли 2021 баргузор мегарданд, - иттилоъ додааст шабакаи телевизионии Ҷопон NHK.
Форуми олии варзишии сайёра тибқи нақша бояд соли равон аз 24 июл то 9 август дар Токио гузаронда мешуд. Лекин пандемияи Covid-19, ки хатари глобалӣ гашт, ин нақшаро зери суол бурд. Ниҳоят президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ ба мувофиқа омаданд, ки Бозиҳои олимпӣ як сол дертар гузаронда шаванд.
Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1907