Хабарҳо
«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД
7 апрел дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» дар Китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар маҷмӯаи афсонаи мусаввари «Қаҳрамони абадӣ - Темурмалик»-и нависанда ва рӯзноманигори ҷавон Таҳмина Убайдуллоева муаррифӣ мешавад.
Маҷмӯаи мазкур аз ҷониби кумитаи «Санъати афсонагӯӣ»-и Маркази фарҳангии Осиё бо забонҳои русӣ, англисӣ ва кореягӣ бо теъдоди 3000 нусха дар шаҳри Кванҷуи Ҷумҳурии Корея ба табъ расидааст.
Маҷмӯа ба хонандагони хурдсол оид ба корнамоиҳои фарзанди далери халқи тоҷик – Темурмалик ҳикоят мекунад. Ороиши китоб аз ҷониби рассоми кореягӣ Ли Мёнай, ки барои тасвири он ба шаҳри Хуҷанд омада, бо таърихи муҳорибаҳои Темурмалик шинос гардида буд, анҷом пазируфтааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1932