Хабарҳо
ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ
Бо қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода минбаъд кормандони муассисаҳои таълимии вилоят, ки дар соҳаи табиатшиносӣ ва илмҳои дақиқ рисолаҳои номзадию докторӣ дифоъ мекунанд, аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегиранд.
Ин тадбир бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони соҳаҳои илму маориф дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020 - 2040 роҳандозӣ шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1969