logo

сиёсат

ПАЁМ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ДУРАХШОНТАР МЕШАВАД

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ маҷмӯи масъалаҳоеро дар худ инъикос намуд, ки татбиқи самарноки ҳар банди он роҳи тараққиёти кишвар, зиндагии боз ҳам шоистатари мардумро ҳамвор карда, дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатиро афзунтар хоҳад кард.
Тавре маълум аст, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳаллу фасли тадриҷии масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, аз  ҷумла  ғамхорӣ нисбат ба ятимон, маъюбон, нафақахӯрону пиронсолон ва дастгирии иҷтимоии  оилаҳои камбизоат, яке аз самтҳои  асосии  сиёсати иҷтимоӣ эътироф гардид. Ҳоло дар ин замина, давлат тамоми чораҳоро меандешад, то ки ин  гурӯҳи  осебпазири аҳолӣ худро  бе пушту паноҳ ва бе ҳифзу ҳимоя эҳсос накунанд. Ин қишри ҷомеа бо тамоми вуҷуд эҳсос менамоянд, ки Пешвои муаззами миллат онҳоро ҳаргиз танҳо нахоҳанд гузошт. Ин суханони ҷонбахшу рӯҳбаландкунандаи Сарвари кишвар ба ҳар як ятим эътимод мебахшад: “Ман ҳеҷ вақт, ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам. Меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақил гусел менамоям”.
Қобили зикр аст, ки маҳз ба шарофати ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи мо сафи ашхосе, ки рӯ ба эҳсонкорӣ меоранд, зиёд мегардад. Ва ҳамин аст, ки тавассути телевизиону матбуоти даврӣ мо ҳар рӯз аз кори савоби ин ё он шахси хайрхоҳу саховатпеша  огоҳ мешавем. Яке пул месозад, дигаре мактаб, севумӣ ба маъюбон дасти мадад дароз мекунаду чорумӣ пули сафари ҳаҷашро сарфи ободии зодгоҳаш менамояд.
Бинобар ин, дар оила бояд ба ин масъала аз ҷониби калонсолон ва волидон диққати махсус дода шавад. Кӯдак бояд аз хурдсолӣ донад, ки дасти ёрӣ дароз кардан ба ниёзмандон ин ҳимматбаландӣ ва хислати неки инсонӣ мебошад. Фазилатҳои неки дилсӯзӣ, ғамхорӣ, тараҳҳум ба ниёзмандон, ҳамчун як қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи тарбияи фарзанд бояд талқин карда шаванд. Волидон ин хислатҳои некро дар рафтору кирдори ҳамарӯзаи худ нисбат ба ниёзмандон дар амал нишон диҳанд.
Имрӯз шоҳидем, ки дар деҳот, бунёди марказҳои саломатӣ, таваллудхонаҳо, кӯдакистонҳо, мактабҳо  ва китобхонаҳо идома дорад, ки он барои баланд бардоштани мавқеи иҷтимоию иқтисодӣ, тарбияи арзандаи насли оянда аҳамияти калон дорад. Агар ба заминаҳои ҳамгуна бунёдкориҳо назар андозем, маълум мегардад, ки аксари ташаббусҳои созандагӣ аз паёмҳои Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ сарчашма мегиранд. Дар Паёми навбатӣ низ вазифагузориҳо тамоми бахшҳои ҷомеаро фаро гирифта, моро ба сӯи фардои дурахшон ҳидоят месозанд.
Бинобар ин, мо муваззафем, ки дар партави Паёми Пешвои миллат уҳдадориҳои вазифавиву шаҳрвандии худро иҷро намуда, новобаста аз касбу кор дар робита ба нишондодҳои Сарвари давлат дар таҳкими пояҳои ҷомеаи солиму бомаърифат саҳмгузор бошем. Насли ҷавонро дар рӯҳияи ваҳдату ягонагӣ, фановариҳои тоза, забондонӣ, малакаву кордонӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ, баланд бардоштани неруи кадрӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия  намуда, бо дастовардҳои шоёну беназир ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равем.

Хуршед МАҲМАДЗОДА,
муовини раиси суди ноҳияи Сино,
Раҳмиддин РАҲИМЗОДА,
судяи суди ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2020    №: 70    Мутолиа карданд: 132
01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед