logo

Хабарҳо

ТАҚВИЯТИ ВАЗЪИ БЕҲДОШТӢ. ТАСВИБИ СОЗИШНОМАИ МУҲИМ ДАР ИН САМТ

8 апрели соли равон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки  таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон ба тасвиб расид.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар, зимни баррасии созишномаи мазкур иброз дошт, ки он 3 апрели соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид.
Ба иттилои вазир, маблағи лоиҳаи грантӣ 11,3 миллион доллари ИМА буда, яке аз ҳадафҳои он тақвияти иқтидори соҳаи тандурустии мамлакат дар самти табобати интенсивӣ ва эҳё, яъне хариди таҷҳизот, доруворӣ, тестҳо, маводи безараргардонӣ, либоси махсус, омода намудани ҳадди ақали 100 кати нав ва харид намудани дигар маводи мавриди ниёзи аввал барои мубориза бо пандемияи COVID-19 мебошад. Ҳамчунин, амалӣ кардани чорабиниҳои гуногунсамт бар зидди пандемияи COVID-19 дар мамлакат, бахусус тадбирҳо вобаста ба омодагии ҷомеа бар зидди ин вирус, расондани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои аз нуқтаи назари амнияти озуқаворӣ осебпазир ҳадафҳои дигари лоиҳа мебошанд.
Файзиддин  Қаҳҳорзода зикр кард, ки ҳоло  дар баробари ба мувофиқа расидан бо Бонки ҷаҳонӣ барои ҷалби маблағҳо ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои молиявӣ идома доранд ва итминон дорем, ки маблағҳо барои мубориза бо ин вирус боз дарёфт хоҳанд шуд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки татбиқи саривақтии Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имкон медиҳад, ки тадбирҳои зарурӣ дар фурсати кӯтоҳтарин амалӣ гарданд.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 369
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед