logo

илм

ИЛМ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 марти соли ҷорӣ ҳангоми вохӯрӣ бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат аз рӯи мазмуну муҳтаво идомаи мантиқии Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат буд. Ин мулоқот бо фарогирии масъалаҳо, таҳлили амиқи вазъи илму фарҳанг, ошкор намудани камбудиҳо, пешниҳоду дастурҳои мушаххас ва чандин вижагиҳои дигар аз вохӯриҳои қаблӣ, воқеан ҳам, фарқ мекард. Сарвари давлат дар ин вохӯрӣ дархосту интизориҳои Ҳукуматро аз олимони кишвар ташхису тадқиқ намуда, дар назди кормандони илм вазифаҳои басо муҳиму стратегӣ гузоштанд.
Бояд гуфт, ки рушди ояндаи илми ватанӣ ба сатҳу сифати таҳқиқоту кашфиёти олимонаш низ иртиботи қавӣ дорад, ки аттестатсияю баҳогузории ниҳоии он ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст. Бо назардошти он ки  комиссия ҳамчун ниҳоди навбунёд ҳанӯз аз иқтидори зарурии неруи инсонӣ, пойгоҳи мукаммали моддӣ - техникӣ бархӯрдор нест, мушкилию вижагиҳои хоси худро дорад. Таҷрибаи сесолаи амалии комиссия, таҳлили ҳаматарафаи фаъолияти шӯроҳои диссертатсиониву экспертӣ ва воридшавии парвандаҳо бо дархости дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ баръало нишон медиҳанд, ки ин раванд аз камбудиҳо орӣ набуда, назари тоза ва беҳбудӣ мехоҳаду ҳанӯз корҳои зиёде дар пеш аст.
Таҷрибаи фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ нишон дод, ки на ҳамаи шӯроҳо ба диссертатсияҳо муносибати ҷиддӣ доранд ва воқеъбинона баҳогузорӣ мекунанд. Диссертатсияҳо дар зинаҳои аввал – дар кафедраҳо ва  шуъбаҳо ҷиддӣ муҳокима намешаванд. Гузашта аз ин,  экспертҳои дохилӣ ва муқарризони расмӣ низ рисолаҳои илмиро бодиққат намехонанд. Дар муассисаи тақриздиҳанда бояд диссертатсияҳо аз ҷониби мутахассисон баҳогузорӣ шуда, ҷиддӣ  ва батафсил муҳокима шаванд, вале, мутаассифона, он аксаран рӯякӣ мегузарад. Ҳамин гуна муносибати саҳлангарона боис мешавад, ки баъзан диссертатсияҳои сусту орӣ аз дастовардҳои илмӣ ва пурғалат аз шӯроҳои диссертатсионӣ мегузаранд. Албатта, чунин ҳимояҳо ва сатҳи тахассусии муаллифи диссертатсия саволҳои зиёдеро дар пай дошта, шакку шубҳаҳоро ба миён меорад. Ҳамаи ин ҳолатҳо салоҳиятнокии чунин шӯроҳои диссертатсиониро то андозае зери суол мебаранд.
Таҳлил ва омӯзиш нишон дод, ки бархе аз ҷавонони довталаби дараҷаи илмӣ на бо мақсади олими ҳақиқӣ шудану аз роҳи илм ба Ватан хизмат кардан, балки бо нияти дар оянда соҳибмансаб гардидан ба диссертатсиянависӣ даст мезананд ва инро пинҳон ҳам намекунанд. Чунин муносибати ҷавонон ба илм, ки тамоюли афзоиши он ба мушоҳида мерасад, паёмади  ногувор дошта, нигаронкунанда аст. Зеро иддае аз онҳо барои ба ин мақсад расидану соҳиби дипломи дараҷаи илмӣ шудан аз роҳҳои ғайриқонунию воситаҳои носавоб низ кор мегиранд. Пас, биёед аз рӯйи адлу инсоф қазоват кунем, аз ин гуна “олимон” илми ватанӣ чӣ бурд мекунад?! Дар замони шӯравӣ интихоби  олимони оянда аз курсии донишҷӯӣ, аз зумраи ҷавонони соҳибистеъдод ҳадафмандона, муайян шуда, малакаю маҳорати онҳо дар конфронсҳои илмии факултаву байнидонишкадавӣ сайқал ёфта, дар 3 соли (ғоибона 4 сол) таҳсили аспирантура мукаммал мегардид  ва баъди 3 - 4 сол диссертатсияҳояшонро ҳимоя мекарданд. Ё як унвонҷӯ аз 7 то 10 сол дар роҳи илм заҳмат кашида, баъд ба ҳимоя мебаромад ва дар ин роҳ ҳамчун олими баркамол ташаккул меёфт.
Тамоюли начандон хушоянди дигар, ки рӯ ба афзоиш дошт, ин ба диссертатсиянависӣ машғул шудани як зумра кормандони ниҳоду сохторҳои гуногуни мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад. Хушбахтона, акнун ин раванд баъди тасмимоти Президенти мамлакат танзим гардида, ба маҷрои муайян ворид хоҳад гашт.
Вақтҳои охир ба ҳайси роҳбари  илмӣ таъйин гардидани ду нафар ба мушоҳида мерасад. Дар назари аввал гӯё ин ҳеҷ бадие надорад  ва хилофи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нест. Вале баъди он, ки ба мазмуну моҳият ва ҷанбаъҳои илмии диссертатсия ворид мешавед, масъала рӯшан мегардад. Мусаллам аст, ки агар диссертатсия ба ду ихтисос алоқаманд бошад, муаллиф дар ҳамин ду самт навгониҳои мушаххас пешниҳод карда, ниҳоят ба ҳар ду роҳбар корҳои илмию таҳқиқотӣ ва мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда дошта бошад, дар он сурат ду роҳбар доштани диссертант асоснок ҳисобида мешаванд. Минбаъд ин ҳолатҳо низ зери назорати ҷиддӣ гирифта мешаванд.
Яке аз масъалаҳои дигари муҳими ин раванд, ки боиси нигаронии Сарвари давлат гардидааст, ин ба таҳқиқи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ кам таваҷҷуҳ зоҳир намудани ҷавонон  мебошад, зеро дар доираи илмҳои зикршуда омода кардани рисолаҳои илмӣ, инчунин, корҳои озмоишӣ дониши мукаммалу бунёдиро талаб мекунад. Маҳз бо ҳамин сабаб муҳаққиқони ҷавони мо худро аз таҳқиқи илмҳои бунёдӣ канор мегиранд ва ин аст, ки солҳои охир мо ягон кашфиёти илмии бунёдӣ, ки ҷавобгӯи талаботи ҷоизаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бошад, пешниҳод накардаем. Дарвоқеъ, рақамҳои омории комиссия далели рӯшани нигаронии Пешвои миллат мебошад. Алҳол аз 57  шӯрои диссертатсионӣ танҳо 14-тои онро (24,5 дарсад) шӯроҳои диссертатсионии самти илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ ташкил медиҳад. Аз миқдори умумии  диссертатсияҳои ҳимояшуда танҳо 135-тоаш (27,7 дарсад) аз самти илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ  мебошад.
Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат хеле бамаврид ва дуруст таъкид намуданд: “Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.” Зиёда аз ин, таъкид гардид, ки “бо афсона гуфтан” давлат ва иқтисодиёти мамлакат пеш намеравад. Танҳо бо таҳқиқоти илмии бунёдӣ, ки бо ҳадафҳои стратегии кишвар тавъам ва дархӯри манфиатҳои миллӣ мебошанд, бо кашфиёту ихтирооти илмии дар истеҳсолот татбиқшуда метавон иқтисодиёти  мамлакатро пеш бурд ва зиндагии шоистаи мардумро таъмин кард.
Дар охир мехоҳам ба қувваҳои солими ҷомеаи илмии кишвар, афроди фидоии  илм, онҳое, ки обрӯ ва фардои илми ватанӣ барояшон бетафовут нест, такя карда, даъват ба амал орам, ки  ҳар як амали носавоб ва барои илм бегонаро ҷиддан пешгирӣ намоем. Тақдири илми ватанӣ ва манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ боло гузорем. Чунки танҳо олимони арзанда, мутахассисони соҳибтаҷриба метавонанд пешбарандаи давлату иқтисоди кишвар ва муаррифгари илми ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ бошанд.

А. РОЗИҚЗОДА, раиси Комиссияи
олии аттестатсионии  назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2020    №: 72    Мутолиа карданд: 184
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед