logo

мулоқотҳо

Тоҷикистон намояндагони байналмилалиро хуш истиқбол гирифт

25 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро, ки бо сарварии Артис Пабрикс барои мушоҳидаи  рафти интихоботи порлумон ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ ба Тоҷикистон омадаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баррасӣ шуданд.
«Тоҷикистон чун узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштироки нозирони ин ва  дигар созмонҳои байналмилалию минтақавиро дар интихобот хуш истиқбол мегирад, зеро ин ба озоду шаффоф ва демократӣ гузаштани ин маъракаи муҳими сиёсӣ мусоидат мекунад», - изҳор дошт зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Аз рафти маъракаҳои тарғиботии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои алоҳида, истифода аз воситаҳои ахбори омма, риояи қонунгузорӣ дар маҷмӯъ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Зикр гардид, ки то имрӯз ягон шикояти ҷиддӣ дар бораи вайронкунии қонунгузории интихобот, ки ба демократию шаффоф гузаштани ин маърака монеа эҷод кунад, ба қайд гирифта нашудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст бо ҳар номзад ва ҳизби сиёсӣ, ки бо иродаи мардум интихоб мешавад, ҳамкории созанда дошта бошад».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 447

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед