logo

сиёсат

ҶАВШАН. ДАР БОРАИ РУШДИ МАОРИФ, КИ АЗ МАСЪАЛАҲОИ МЕҲВАРИИ ПАЁМ БОҚӢ МЕМОНАД

Боиси тазаккур аст, ки паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҳуҷҷати барномавӣ барои ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагидории кишвар ва сохтору вазоратҳо, мақомоти давлатӣ ва ҷомеа гардида, дар натиҷаи амалӣ гаштани онҳо Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Зиндагии аҳолии кишвар рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, фазои созандагиву ободкорӣ рӯҳияи ҳар як шаҳрванди мамлакатро фаро гирифта, иҷрои ҳадафҳои стратегӣ дар заминаи нишондодҳои он давра ба давра таъмин мешаванд.
Бояд ёдовар шуд, ки Пешвои миллат бо мақсади тарбияи кадрҳои ҷавобгӯ ба замони муосир ва бозори меҳнат пайваста ба рушди соҳаҳои илму маориф, фароҳам овардани шароити арзанда ва дастгирии омӯзгорон афзалияти аввалиндараҷа  медиҳанд.  Тайи  чанд  соли  охир бунёду навсозии садҳо муассисаи таълимӣ ва баланд намудани музди маоши омӯзгорон далели ғамхориҳои бесобиқаи Сарвари давлат мебошад. Зеро ин ду соҳа – маориф ва илм дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.  Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ бо супориши Сарвари давлат дар қатори кормандони дигар соҳаҳо 15 дарсад зиёд шудани маоши кормандони соҳаи маориф ғамхории навбатӣ ва гувоҳи таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба ин соҳа арзёбӣ мешавад, ки боиси қадрдонист. 
Нуктаи дигари муҳиме, ки Президенти кишвар махсусан зикр  намуданд, ин буд, ки вақти он расидааст, маъракаи бунёди мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро вусъат бахшида, дар ин кори хайр ҳама якҷо саъю талош кунем ва саҳми худро барои ояндаи давлату миллат гузорем, яъне ғами фарзандонамонро хӯрем. Ин таъкид ва дастури дурбинонаву маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҳар яки моро муваззаф месозад, ки ба хотири фардои дурахшони миллат, хусусан фарзандони худ, барои рушди соҳаи маориф саҳми худро гузорем. Зеро рушди соҳаи маориф кафолати ҳамагуна пешравиҳо дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқ буда, маҳз таълиму тарбияи дурусти фарзандон ҷомеаи моро аз ҳар гуна хатарҳои замони муосир эмин нигоҳ медорад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз таҳдидҳои терроризму экстремизм метавонанд ба амнияти кишварҳо халал ворид карда, сулҳу осоиштагиро ба ҳам зананд. То кунун таҷриба исбот намудааст, ки тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои террористиву ифротгаро дар заминаи ҷаҳолат ва нодонӣ ба миён омада, маҳз нафароне ба он ҷалб мегарданд, ки дониши казоӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ надоранд. Аз ин рӯ, рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия метавонад, як навъ мубориза ба ҳар гуна хатарҳо бошад ва дар истеҳкоми ҷомеаи солиму пешрафта таъсир гузорад.  
Ин маънӣ дар байти зерин хеле баланд ифода ёфтааст:
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА, раиси суди ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2020    №: 74    Мутолиа карданд: 139
01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед