logo

иқтисод

БУҶЕТ. ДАР ИСТАРАВШАН МАНБАЪҲОИ ИЛОВАГИИ ДАРОМАД МЕҶӮЯНД

Мувофиқи маълумоти шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан, буҷети шаҳр барои соли 2020 ба маблағи 175 миллион сомонӣ тасдиқ гардид, ки нисбат ба соли гузашта 19 дарсад зиёд мебошад. Аз ин 128 миллиону 307 ҳазор сомонӣ андозҳои маҳаллианд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ нақша гузоштааст, ки дар соли 2020 хароҷоти  иҷтимоиро 14 миллиону 717 ҳазор сомонӣ зиёд намояд. Аммо тавре маълум аст, дар раванди татбиқи ҳадафҳои рушд, аз ҷумла Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021, маблағҳои ҷудогардида кофӣ нестанд. Аз ин рӯ, дарёфти манбаъҳои иловагӣ яке аз роҳҳои асосӣ дониста мешавад. Баъд аз ба истифода додани хати нави истеҳсолӣ дар ҶСП «Оби Зулол», яъне дар як сол иқтидори истеҳсолии 12 миллион қуттии шартӣ, ба истифода додани марҳилаи дуюм ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 84 миллион сомонӣ расида, аз ин ҳисоб ба буҷет, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда 12,6 миллион сомонӣ, аксиз 2,5 ҳазор сомонӣ, андоз аз даромад 78 ҳазор сомонӣ, андози иҷтимоӣ 150 ҳазор сомонӣ ва дар маҷмӯъ, ба маблағи умумии 15,3 миллион сомонӣ андозҳо ворид мегарданд.
Соли равон дар шаҳр корхонаҳои истеҳсоли мебел дар Ҷамоати деҳоти Гули Сурх, обҳои нӯшоӣ дар Ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калон, коркард ва истеҳсоли қуму шағал дар Ҷамоати деҳоти Зарҳалол, коркарди маҳсулоти ширӣ дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғ, истеҳсоли симчӯб дар шаҳраки Истаравшан, халтаҳои синтетикӣ ва «Кафшгар» бо истеҳсоли пойафзоли занона, ҳамчунин, аз тарафи соҳибкорони ватанӣ 5 коргоҳи дӯзандагӣ дар ҷамоатҳои деҳот бо таъсиси 110 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ менамоянд.
Барои ғанӣ гардондани буҷети маҳаллӣ дар шаҳр, мувофиқи қарори маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан, нархи хизматрасонӣ барои ҳар метри мураббаи тахтаи таблиғоти беруна (бе истифодаи технологияи муосир) дар ҳудуди кӯчаҳои марказии шаҳр 30 сомонӣ, дар мавзеъҳои дигари шаҳр 25 сомонӣ ва барои ҳар як метри мураббаъ тахтаи таблиғоти беруна (бо истифодаи технологияи муосир) дар ҳудуди кӯчаҳои марказӣ 42 ва дар мавзеъҳои дигари шаҳрӣ 35 сомонӣ муқаррар шудааст. Барои ба пуррагӣ татбиқ намудани нархи хизматрасонӣ аз ин намуди сарчашмаи даромад аз ҷониби нозироти андоз дар шаҳр корҳо ба сомон расонда мешаванд. Хизматрасонӣ бо нақлиёти мусофиркашонӣ (асосан мошинҳои сабукрав) низ ба андозбандӣ ҷалб карда мешавад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки шумораи онҳо имрӯз 9184 ададро ташкил медиҳад, як манбаи дигари ҷамъоварии андоз мебошад.
Ҳамин тавр, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан барои ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2020    №: 74    Мутолиа карданд: 146
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед