logo

иқтисод

ХАТЛОН. БАҲОР ФАСЛИ ЗИНДАГИСОЗ АСТ

Бо мақсади ошноӣ ба рафти киштукори баҳорӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз майдони кишти зироатҳо дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун боздид намуд.

ХОҶАГИИ БА НОМИ Н. БЕГОВ МАЙДОНИ КИШТРО БА 980 ГЕКТАР РАСОНДАНИСТ
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, Қурбон Ҳакимзода нахуст дар хоҷагии деҳқонии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо фаъолони ноҳия мулоқот ороста, ҷиҳати  вусъат бахшидани кишти баҳорӣ, истифодаи босамари заминҳои корам ва ба ин васила таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифат, инчунин, ба шуғл ҷалб намудани аҳолии қобили меҳнат дастур дод.
Зикр гардид, ки заминҳои пахтаи хоҷагии деҳқонӣ 1506 гектар буда, кишоварзон дар майдони 700 гектар тухмиҳои навъи “Флора”, “Флеш”, “51-14” ва “Хатлон” коштаанд. Таъкид шуд, ки хоҷагии мазкур майдони пахтаро ба 980 гектар расонданист.
Раиси вилоят ба фаъолияти хоҷагии деҳқонии ба номи Сафар Ҷумъаеви ноҳия, ки дар майдони 125 гектар пунбадона кошта, бо усули обёрии қатраӣ парвариш мекунад, баҳои баланд дод. Хоҷагии мазкур соли гузашта аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 23-сентнерӣ “тиллои сафед” рӯёнда буд. Дар баробари ин, кишоварзони ноҳия ба кишти картошкаю гандум афзалият медиҳанд. То ин давра дар ин ҷо майдони кишти картошка ба 297 ва гандум ба 1440 гектар расонда шудааст.

60 ДАРСАДИ КИШТИ ТАКРОРИРО БОЯД ДОНАГИҲО ТАШКИЛ ДИҲАНД
Дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбон Ҳакимзода аз ҶДММ “Ҷунгтай Син Силу”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти “Деҳқонобод” боздид намуд, ки яке аз хоҷагиҳои калони пахтакори ноҳия ба шумор рафта, дар мавсими нав майдони киштро ба 2514 гектар расонд.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки тибқи нақша, майдони кишти пунбадона дар ноҳия 7574 гектарро ташкил медиҳад, ки 82 дарсади он иҷро гашт. Раиси вилоят, ҳамчунин, бо фаъолияти хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонов шинос шуд, ки 600 гектар заминро дар ихтиёр дорад. Саҳмдорони хоҷагӣ дар 60 гектари он сабзавот, аз ҷумла карам, гулкарам, лаблабу, шинонда, дар масоҳати 3 гектар барои парвариши помидору бодиринг гармхона бунёд кардаанд. Инчунин, дар майдони 350 гектар пахта ва 75 гектар гандум коштанд. Қурбон Ҳакимзода ҳангоми суҳбат бо кишоварзону масъулони ноҳия таъкид намуд, ки ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари давлат вобаста ба 60 дарсади кишти такрориро ташкил додани ғалладонагию лӯбиёгиҳо ва маккаи дон тадбирҳои даркорӣ андешанд.
- Моро зарур аст, ки на танҳо заминҳои саҳроӣ, балки майдонҳои назди муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, масҷидҳоро низ босамар истифода бурда, донагӣ кишт намоем, - зикр намуд раиси вилоят.

КИШОВАРЗОНИ ҶАЙҲУН БОЗОРРО БО САБЗАВОТ ТАЪМИН МЕКУНАНД
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки майдони умумии кишти зироатҳо ба 16 ҳазор гектар мерасад ва барзгарон дар масоҳати 3721 гектар пиёз, зиёда аз 2000 гектар полизӣ ва 300 гектар картошка коштанд.
Кишоварзони ҷайҳунӣ бо истеҳсоли пиёзу сабзӣ ва лимӯи хушсифат дар қаламрави ҷумҳурӣ машҳур буда, маҳсулоти онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва ҳам хориҷӣ харидори зиёд дорад. Дар ин мавсим низ кишоварзон аллакай ҷамъоварии ҳосили пиёзро оғоз бахшида, маҳсулотро ба бозорҳои Душанбею шаҳру ноҳияҳои дигар бароварданд.
Ҳамчунин, Қурбон Ҳакимзода дар Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳия ба боғи бодому шафтолу ва писта, ки дар доираи супоришҳои Пешвои миллат соҳибкори ватанӣ Саймурод Давлатов дар масоҳати 65 гектар бунёд намудааст, баҳои баланд дод. Соҳибкор  мавзеи солҳои зиёд бекорхобидаро обёрӣ  карда, дар он 13 ҳазор бех пистаи пайвандии туркӣ ва 300 бех зайтун шинонд ва дарахтон бо усули қатрагӣ обёрӣ мешаванд.

Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2020    №: 75    Мутолиа карданд: 146
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед