logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии баъзе маблағҳои онҳо

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии аз ҷониби давлат анҷом дода шудани амали истисноии якдафъаина оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблағҳояшон, ки барои харидории саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» истифода шудаанд ё аз бонкҳои давлатҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқол дода шудаанд ва озод намудани онҳоро аз ҷавобгарии алоҳидаи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
-қонунигардонии маблағ –раванди сармоягузории маблағ ба иқтисодиёти Тоҷикистон тавассути харидории саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» ва аз бонкҳои давлатҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқол додани маблағе, ки қаблан аз гардиши қонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, дар эъломия расман нишон дода нашудаанд;
-авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ –аз ҷавобгарии алоҳидаи пешбининамудаи қонунгузорӣ озод намудани шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағи худро тибқи Қонуни мазкур қонунӣ гардонидаанд;
-давраи қонунигардонӣ –даврае, ки тибқи талаботи моддаи 3 Қонуни мазкур барои қонунигардонии маблағи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.
Моддаи 2. Амали Қонуни мазкур
1. Амали Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад, ки маблағи худро мутобиқи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидории саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» истифода кардаанд ё аз бонкҳои давлатҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқол додаанд.
2. Шахсони ҳуқуқие, ки сармояи оинномавиашон ба моликияти муштараки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ асос ёфтааст, ҳуқуқ доранд дар доираи саҳми шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун»-ро харидорӣ намоянд ва амали Қонуни мазкур нисбат ба онҳо низ паҳн мегардад.
3. Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба маблағи дигар шахсон ё маблағи ҳамчун қарз (кредит) гирифташуда ё ӯҳдадориҳое, ки аз аҳдҳои гражданӣ бармеоянд, инчунин нисбат ба маблағе, ки барои харидории саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» дар бозори дуюмдараҷаи коғазҳои қиматнок истифода мешавад, татбиқ намегардад.
Моддаи 3. Тартиб ва шартҳои қонунигардонии маблағ
1. Маблағи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои харидории саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» истифода шудаанд ё то ба анҷом расидани сохтмони ин нерӯгоҳ истифода мешаванд, новобаста аз миқдори ин маблағ қонунигардонида ҳисобида мешавад.
2. Маблағи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз бонкҳои давлатҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон то 31 декабри соли 2011 интиқол дода шудаанд, қонунигардонида ҳисоб меёбад ва ин маблағ аз ҳама гуна андозу пардохтҳои вобаста ба интиқоли он озод карда мешавад.
3. Маблағи шахсони ҳуқуқии ба моликияти муштараки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ асосёфта танҳо дар доираи саҳми шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст барои харидории саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» истифода шавад ва ин маблағ қонунигардонида ҳисобида мешавад.
Моддаи 4. Кушодани ҳисобҳо барои маблағи воридшаванда
1. Кушодан ва пешбурди ҳисобҳои бонкӣ барои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағи худро аз бонкҳои давлатҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқол медиҳанд, бо тартиби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
2. Ба шахсоне, ки маблағи худро қонунӣ мегардонанд, бонкҳои ҷумҳурӣ, ки ба ҳисобҳои онҳо маблағи қонунигардонидашаванда ворид мешавад, ҳуҷҷати расмие медиҳанд, ки миқдор ва таърихи ворид шудани ин маблағро нишон медиҳад. Шакли ин ҳуҷҷати расмӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 5. Авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур маблағи худро қонунӣ гардонидаанд
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур маблағи худро қонунӣ гардонидаанд, авф карда шуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 259, 2591, 260, 263, 264, 269, 286, 289 қисми 1, 291-293 ва 3401 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур содир кардаанд, озод карда мешаванд.
2. Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур маблағи худро қонунӣ гардонидаанд, авф карда шуда, аз ҷавобгарии маъмурии ҳуқуқвайронкуниҳои пешбининамудаи моддаҳои 538, 541, 572 қисми 2, 599, 607, 617 ва 618 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур содир кардаанд, озод карда мешаванд.
Моддаи 6. Кафолати ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағи худро мутобиқи Қонуни мазкур қонунӣ гардонидаанд
1. Давлат ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки маблағи худро тибқи Қонуни мазкур қонунӣ мегардонанд, кафолат медиҳад.
2. Мақомоти дахлдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон махфияти маълумотро оид ба маблағи саҳмияҳои харидашуда, шахсияти харидорони саҳмияҳо ва гирифтани суди (дивиденти) саҳмияҳо, инчунин маблағе, ки аз бонкҳои давлатҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқол шудаанд, таъмин намуда, ин маълумотро ошкор наменамоянд.
3. Санҷиши фаъолияти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун»-ро харидорӣ намудаанд, маблағи худро аз бонкҳои давлатҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқол додаанд, инчунин фаъолияти бонкҳо оид ба фурӯши саҳмияҳо, бақайдгирӣ ва номнависии сертификати саҳмияҳо, ҷамъоварии маблағи фурӯши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун», сарчашмаи маблағе, ки барои харидории саҳмияҳо истифода шудааст ва маблағи аз бонкҳои давлатҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқолдодашуда манъ аст.
4. Дар сурати аз ҷониби шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони бонкҳо содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо маблағи саҳмияҳои харидашуда ва маблағи аз бонкҳои давлатҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқолдодашуда танҳо бо иҷозати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида мешавад.
Моддаи 7. Масунияти андоз
Маблағҳои мутобиқи Қонуни мазкур аз ҷониби шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунигардонида ба даромади андозбандишаванда дохил карда намешаванд ва дар давраи то амалӣ гардидани қонунигардонӣ ва дар соли тақвимии амалӣ гардидани қонунигардонӣ аз андоз ва дигар пардохтҳо вобаста ба ҳамин маблағҳо озод карда мешаванд.
Моддаи 8. Мӯҳлати даъво
Мӯҳлати даъво доир ба масъалаҳои қонунигардонии маблағ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур як сол буда, пас аз гузаштани ин мӯҳлат чунин масъалаҳо аз ҷониби суд аз нав баррасӣ карда намешаванд.
Моддаи 9. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талаботи Қонуни мазкурро риоя намекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 10. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

  Президенти
  Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ РАҲМОН

  ш. Душанбе, 25 феврали соли 2010, № 596

Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии баъзе маблағҳои онҳо»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии баъзе маблағҳои онҳо» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           С. ХАЙРУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 24 феврали соли 2010, № 1550


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 695

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед