logo

энергетика

Маҳсулоти «Қӯрғонтеппатрансформатор»-ро «Барқи тоҷик» нею афғонҳо мехаранд. Чаро?

Ширкати «Барқи тоҷик», ки харидори асосии маҳсулоти корхонаи трансформаторбарории Қӯрғонтеппа маҳсуб меёбад, соле боз трансформаторҳои заводро намехарад. Директори корхона Зикрулло Бекмадов ба муроҷиати чандинкаратаи худ ба собиқ роҳбари ширкат Санъат Раҳимов доир ба хариди трансформаторҳо танҳо як ҷавоб мешунид: «Маблағ надорем». Пурсиши боисрори директор дар мавриди баргардонидани 1 миллиону 350 ҳазор сомонӣ маблағи қарзи ширкат аз завод дар баҳои маҳсулоти гирифтаашро низ посух чунин буд.
Айни замон дар завод180 нафар коргару мутахассис ҳамарӯза кор кардан мехоҳад. Вале барои ҳама кор пайдо кардан душвор аст. Аз шумораи умумӣ нисфи кормандонро роҳбарияти завод ба рухсатии бемузд фиристодааст, аммо барои бо шуғле андармон сохтани онҳое, ки рӯзгори худро бе кор ва маоши завод тасаввур карда наметавонанд, зарурат пеш омадааст, ки тадбирҳо андешад. Дар  баробари истеҳсоли трансформатору 5 намуд қуттии пайвасткунандаи трансформатор, сохтани панҷараҳои ороишӣ, қуттиҳои ғаждипартоӣ, нишастгоҳҳо барои эҳтиёҷоти шаҳри Қӯрғонтеппа ва 20 намуд моли ниёзи мардум, аз қабили гилемкӯбак, либосовезак,  мӯйпечонак(бигудӣ)-и филизӣ ва пластмассиро ба роҳ монда, бо ин тавонистааст, ки коргарони дар рухсатии бемузд бударо баъди ҳар 10-15 рӯз даъват карда, кор ёфта диҳад,то ки каме ҳам бошад, маош гиранд.
«Қӯрғонтеппатрансформатор» айни замон дар ҷумҳурӣ ягона корхонаи истеҳсоли трансформаторҳо ба шумор рафта, бо рушдёбии минбаъдаи соҳаи энергетика дар ҷумҳурӣ бегумон талабот ба маҳсулоти он даҳчанд хоҳад афзуд. Вале имрӯз бино бар набудан ва ё камии харидорони маҳсулоташ ба мушкилот мувоҷеҳ шудааст. Харидор, ки нест, фронти кор ҳам нест.
Корхонае, ки дар замони шӯравӣ соле то 7 ҳазор трансформатори пуриқтидор истеҳсол карда, тамоми ҷамоҳири Осиёи Марказиро бо маҳсулоташ таъмин месохту бо ҳамин мақсад бунёд шуда буд, алъон фақат 22 фоизи иқтидорашро ба кор андохта метавонаду халос. Зеро  имрӯз бозори фурӯши маҳсулоташ дар доираи ҷумҳурӣ маҳдуд  ва мизоҷонаш кам шудаасту бадбахтона, бар зами ин харидори асосӣ -  «Барқи тоҷик» маҳсулоташро соле ин ҷониб суроғ ҳам намекунад.
-Ҷумҳурӣ солона ба 500-600 трансформатор ниёз дорад. «Барқи тоҷик» то соли 2007 ҳар сол аз мо 250-300 адад трансформатор мегирифт. Аммо зиёда аз як сол боз маҳсулоти моро намехарад,- гуфт вақти сӯҳбат ба мо директори завод Зикрулло Бекмадов.
Ва ӯ бовар надорад, ки дар ин муддат «Барқи тоҷик» дар миқёси ҷумҳурӣ ақаллан як адад трансформатори кӯҳнашудаву аз кор баромадаро бо наваш иваз накарда бошад.
 Бо вуҷуди ин ҳама маҳрумиятҳо корхона соли гузашта нақшаи солонаи истеҳсолиашро аз ҳисоби дигар корҳои мададрасон 100% ( ба маблағи беш аз 3 миллион сомонӣ) таъмин намудааст. Саҳмгузорӣ дар бунёди мактаб-интернати президентӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва сохтмони донишгоҳу хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон дар шаҳри Данғара, ки дар асоси шартнома соли гузашта миёни завод ва Идораи сохтмони ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, имкон фароҳам овард, ки корхона аз ин ҳисоб 366 ҳазор сомонӣ маблағ дарёфт намуда, кори худро то андозае беҳтар намояд ва ба буҷети давлат низ беш аз 200 ҳазор сомонӣ маблағ гузаронад.
-Дар корхона намояндагони зиёда аз даҳ миллату халқият кор мекунанд. Аксарият аз солҳои 90-уми асри пешин тақдири худро ба завод пайвастаанд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки дар завод собиқаи чиҳилсолаи корӣ доранд. Онҳоро бекор мондан, ба тақдирашон  бетараф будан ҳеҷ мумкин нест. Бино бар ин аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, барои онҳо кор меёбем, то ин ки музди меҳнат гирифта, рӯзгори худро таъмин карда тавонанд. Албатта,  кори асосии мо истеҳсоли трансформатор аст ва самти асосии фаъолият  бояд ба ин равона бошад. Айни замон мо имконият дорем, ки моҳе аз 35 то 50 трансформатор барорем. Вале харидор ёфтану дарҳол маблағ ба даст овардан торафт мушкил  шуда истодааст. Имрӯз дар анборҳои завод 80 адад трансформатор бо иқтидорҳои гуногун интизори харидор истодааст. Вале мо ноумед нестем. Раиси нави «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров ваъда додааст, ки заводи моро дастгирӣ мекунад. Ва мо худ низ пайваста дар  ҷустуҷӯи харидорем. Ҳоло бо соҳибкорони Афғонистон аз нав робита барқарор намудем. Ҳанӯз соли 2006 ба бозори онҳо ворид шуда будем. Афғонҳо соле аз мо аз 50 то 80 адад трансформатор мегирифтанд. Соли гузашта 5 адад трансформатор хариданд ва ваъда доданд, ки паси ин кор бармегарданд. Бо тағйирёбии мусбати вазъи сиёсӣ дар шимоли ин кишвар равобити тиҷоратии мо устувор хоҳанд шуд.
 Трансформатор дар блоки энергетикӣ механизми асосии техникист. Истеҳсоли он дар ҷумҳурии мо, ки ҳеҷ як корхона маҳсулоти барои сохтани трансформатор зарурӣ– пӯлоди электротехникӣ намебарорад, кори саҳл нест. «Қӯрғонтеппатрансформатор» як тоннаи ин навъи металро аз Русия ба қимати 4-4,5 ҳазор доллар дастрас мекунад ва 60 тоннаи ин метал бар ивази  380 ҳазор доллар ба даст омада, он ҳам ба истеҳсоли 60 трансформатори иқтидораш 400х630  ва кори думоҳаи завод басанда аст. Аз ин рӯ, барои дастрас кардани ин метал, таъмини истеҳсолоти мӯътадили завод ва  равнақи он пайваста талош варзидан, ҳамеша дар такопӯ будан ва пеш аз ҳама маблағ дарёфтан лозим меояд. Маблағро бошад, беминнат фақат аз кори худи завод, натиҷаи меҳнати коргарони худи завод метавон дарёфт. Валекин дар шароити кам будани харидор, агар ширкате мисли «Барқи тоҷик» маҳсулоташро гирифта, додани пулашро тӯли солу солҳо кашол диҳад, чӣ метавон кард?

Н. ХУДОЙБАХШ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 771

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед