logo

иқтисод

СУҒД. НАТИҶАГИРӢ АЗ СЕМОҲАИ АВВАЛ

Дар шаҳри Хуҷанд рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2020 натиҷагирӣ шуд.
Рустамҷон Каримзода, муовини раиси вилоят, зимни рӯнамоии натиҷаҳо таъкид кард, ки сарфи назар аз баъзе омилҳои таъсиррасони манфии беруна, нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ ба андозаи пурра таъмин гардида, нақшаи воридоти андози ғайрибуҷетӣ низ ба андозаи 104 дарсад иҷро шуд. Заҳматкашони вилоят, ҳамчунин, муваффақ шуданд, ки дар самти содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар низ қадаме пеш гузоранд. Дар се моҳ ба кишварҳои хориҷи дуру наздик ба маблағи 107,8 миллион доллар нахи пахта, калобаи пахтагин, либосворӣ, маъдан, консентрат, семент, хушкмева, пиёз ва молҳои дигар содирот шуд, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 4 дарсад  зиёд аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки фазои саромоягузории кишвар беҳтар гардонда, ба ин васила ҳарчи бештар сармояи мустақими хориҷӣ ворид карда шавад. Дар пайи роҳандозии тадбирҳои муассир, дар семоҳаи аввали соли равон ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 45, 3 миллион доллар сармояи ватанию хориҷӣ ҷалб гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 дарсад зиёд аст.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъ-олияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят амалисозии ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон - саноатикунонии босуръат аст. Масъулону мутахассисони соҳа ва соҳибкорони вилоят то чӣ андоза аҳамияти бузург доштани саноатикунониро дарк мекунанд. Ҳамин аст, ки дар се моҳ дар вилоят  30 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 464 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд. То охири сол бошад, тибқи нақша, дар шаҳру навоҳии Суғд бояд 119 корхонаву коргоҳи нави хурду миёнаи истеҳсолӣ бо таъсиси 2 ҳазору 308 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
Кормандони соҳаи саноати вилоят дар семоҳа ба маблағи 3 миллиарду 321, 6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 19,4 дарсад зиёд аст. Мақсади истеҳсолгарони вилоят - вусъат бахшидани истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот низ марҳила ба марҳила иҷро мешавад. Солҳои қаблӣ қариб тамоми либосҳои мактабӣ аз беруни кишвар (бештар аз Чин) ворид мешуд, ҳоло бошад, зиёда аз 70 дарсади мактабиёни вилоятро корхонаҳои ватанӣ бо либоси мактабии ҷавобгӯй ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ таъмин мекунанд. Дар  ин семоҳа дар вилоят боз 5 коргоҳи нави дӯзандагӣ бо фарогирии 60 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар ҷараёни ҷаласаи ҷамъбастӣ Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят, аз иҷро нашудани нақшаи андози давлатӣ дар чанд шаҳру ноҳияи вилоят изҳори нигаронӣ карда, ба масъулон ҷиҳати ислоҳи нуқсонҳои мавҷуда, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, дар сатҳи баланд гузарондани мавсими кишту корҳои дигари саҳроӣ, ҳамчунин, дар иртибот ба чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дастурҳо дод.
Ҷовиди АШТӢ,  “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2020    №: 78    Мутолиа карданд: 68
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед