logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

АДАБИ ҲАСУД
Боре дарборие ба назди халифа даромада, бо шиква гуфт:
- Аълоҳазрат, чаро фалон ходим аз ман дида се маротиба маоши зиёд мегирад? Охир ман ҳам аз фармонбардорони собиқадорам.
Халифа, ки аз тиреза ба берун менигарист, ба ходим рӯ оварда, гуфт:
- Ба назарам фурӯшандаи гандум гузашта истодааст. Канӣ, рафта аниқ кунед?
Мард баъди чанде омада гуфт:
- Дуруст мегӯед, фурӯшандаи гандум аст.
- Кадом навъи гандум ва бо нархи чанд мефурӯшад?- пурсид халифа.
- Ммм, намедонам.
- Пас, рафта фаҳмед, охир!
Ходим боз баромад. Баъди муддате баргашт.
- Навъи аввал ва бо нархи 4 динор.
- Хуб! Ин нархи ниҳоӣ аст? Арзонтар намешавад? – боз пурсид халифа.
Мард ҳайрон - ҳайрон нигариста, намедонам гуфтанӣ буд, ки ҳамин вақт дарборие, ки  маоши бештар мегирифт, даромада гуфт:
- Аълоҳазрат, гандум оварданд. Навъи якум. Арзишаш 4 динор, вале бо нархи 3,5 динор харидан мумкин аст. Мехарем?
- Мехарем, - гуфт халифа!
Баъд аз ин, ба ходими ҳасуд рӯ оварда гуфт:
- Акнун фаҳмидед, ки чаро маоши ин дарборӣ аз шумо дида зиёдтар аст?
Таҳияи Оҳистамоҳи ВАФОБЕК


ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

ЧАНД СУОЛ ДАР БОРАИ «ҶУМҲУРИЯТ»
1. «Газетаи «Тоҷикистони сурх» модари матбуоти Тоҷикистони советӣ, ҳатто модари матбуоти тоҷикии советист».
Муаллифи ин сатрҳо кист?
2. Рӯзнома кай ба худ номи «Ҷумҳурият» - ро гирифт.
3. Кадом сол рӯзномаи  «Ҷумҳурият» аввалин бор сазовори унвони «Беҳтарин нашрияи  Тоҷикистон» гардид?
4. Кадом рӯз, моҳ ва сол рӯзномаи «Ҷумҳурият» қонунан нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд?
5. Нахустин озмуни рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба гиромидошти кадом шахсият ва корманди собиқи нашрия эълон шуда буд?
6. «Тоҷикистони сурх» соли 1929 замимае таъсис дод. Номи он чӣ буд?
7. Сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода дар давраи фаъолияташ дар ҳамин нашрия бо кадом мукофоти давлатӣ сазовор гардид?
8. Гирандаи мақоми аввал дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона»?
Таҳияи Ҷӯрабек МУЪМИНОВ, сокини ноҳияи Файзобод

ҶАВОБ БА ЧАЙНВОРДИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА», АЗ 17 АПРЕЛИ СОЛИ 2020
1. Фостер;
2. Кауфман;
3. Грейги;
 4. Марбут;
5. Мишели;
6. Туберген;
7. Бузург;
8. Гулобӣ;
9. Максимович;
10. Леман;
11. Королкови; 12. Аъло; 13. Бартарӣ.

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40

Масъули рубрика  Зулола БОБОРАҶАБОВА


ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Зан дар шигифт шуд, ки чаро чашмони зебо ногаҳ ниёиши  азёдрафтаро ба ёдаш овард, рангрезии табиат, ки ҳамеша ба ӯ шодӣ ҳадя мекард, дилашро пур аз навмедиву ғам кард. Вай пайванд ба чи доштани ин ҳолро медонист, вале ночор хаёлро ба тангнои пурпечухам медаровард, худро фиреб мехост кард.
* * *
Он дил, ки ту дидӣ, ҳама дигаргун шуд,
В-он ҳавзи пуроби мо ҳама пурхун шун.
В-он боғи пур аз неъмат чун ҳомун шуд,
В-он оби равон зи боғи мо берун шуд.

Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 17 апрели соли 2020
Пӯлод Толис
Ашӯр Сафар

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Масъули  рубрика  Зулола  БОБОРАҶАБОВА


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ЯК ПАНД
Умри мо чандон дароз нест, ки онро бо парҳез, мардони хасис ва табъи хира гузаронем.
Фаина РАНЕВСКАЯ


ДИҚҚАТ:  РУБРИКАИ НАВ!
БУЗУРГТАРИН ХАТОҲОИ ТАЪРИХӢ
11. Соли 1958 Мао Сзедун – асосгузори Ҷумҳурии Мардумии Чин фармон дод, ки дар тамоми қаламрави кишвар зоғҳо парронда, нест карда шаванд. Таърихнигорон дар чунин андешаанд, ки маҳз ҳамин дастур баъди се сол сабаби гуруснагӣ дар Чин гаштааст. Бо далели он ки зоғҳо асосан ҳашароти ба ҳосил зараррасонро шикор мекарданд. Давоми 3 соли нобудии онҳо бошад, шумораи ҳашарот, махсусан  малах, ба дараҷае зиёд шуд, ки тамоми ҳосили деҳқонони чиниро несту нобуд карданд ва мардум дигар нони хӯрдан наёфт.
12. Роналд Уэйн, ки нафари сеюми саҳмдор ва соҳиби 10 дарсади саҳмияҳои ширкати «Apple Computer»  буд,  соли 1976 ҳаққи худро 800 доллар фурӯхта, аз «бозӣ» баромад. Мутаассифона, Роналд  намедонист, ки 10 фоиз саҳмияи ӯ имрӯз наздики 63 миллиард доллар арзиш дорад.
13. Соли 1788 артиши австриягиҳо иштибоҳан ба ҳамяроқони худ ҳуҷум намуда, 10 000 сарбозро талаф дод.
Таҳияи Самад РАҲМОНЗОДА


ХИРАДМАНД ВА БОЙ
Шахси дар гузашта фақир, ки ба сарватмандӣ расида буд, бо собиқ ҳамсояи хирадмандаш вохӯрда гуфт:
- Ман имрӯз соҳибдавлатам ва аз ҳеҷ кас вобастагӣ надорам. Замони фақир буданам, маро зулм мекарданд ва ҳар худбин носазоям мегуфт, ҳоло бошад, дорояму ҳама корро бо хости худам иҷро менамоям.
Хирадманд гуфт:
- Ба ман бигӯ, ки корвонатро барои шабгузаронӣ мувофиқи хости худат  ин ҷо манъ кардӣ ё маҷбур шудӣ, то шутурҳоят бичаранду роҳат бинанд. Зеро мебинам, ки ин ҷо барои истироҳати сарватмандон чандон мусоид нест.
Доро гуфт:
- Албатта, барои он ки ҳайвонҳо дам гиранд.
Пири доно гуфт:
- Ана дидӣ! Ҳарчанд бой ҳам бошӣ, роҳати чорпоҳоятро аз истироҳати худ болотар мегузорӣ.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ДАВИ 100 - КИЛОМЕТРА ДАР АТРОФИ КАТИ ХОБ
Варзишгар Дмитрий Якухний аз кишвари Приморя (Россия) ҳангоми дар изолятсияи хонагӣ қарор доштан, дар даври кати хоб 100 километрро давид.
Бино ба гуфтааш, вай мебоист дар марафони 250 км, ки моҳи апрел дар биёбони Саҳро доир мегашт, ширкат мекард, вале ба сабаби маълум ин мусобиқа ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.
Ташаббуси Дмитрийро ҷиҳати тамринаш аҳли хонавода дастгирӣ намуданд. Ҳатто дар баъзе мавридҳо кӯдакон ҳам ба давидан бо падар ҳамроҳ мешуданд ва модар онҳоро дар видео сабт менамуд.
Марафони хонагӣ қариб 10 соат идома ёфт ва ҳамсояҳо низ бо дарки ин вазъият ба варзишгар эрод нагирифтанд. Дар тай кардани масофа ба Дмитрий мусиқӣ ва ғизои дуруст, ки иборат аз афлесуну банан буд, ёрӣ расонд. Тавре сомонаи KP. ru менависад, пас аз ҳар 10 км варзишгар самти давашро тағйир медод, то ки сараш дард накунад ва вазъи саломатиаш бад нагардад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


«ТОҶИКОН»
ЧАНД ФАКТИ ҶОЛИБ
1. Асари машҳури академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» бори аввал соли 1972 дар нашриёти маъруфи «Наука»-и Москва ба забони русӣ нашр гардид.
2. Қисмати аввали китоб ба забони тоҷикӣ таҳти унвони «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна» дар соли 1973 ва  қисмати дуюми он соли 1985 дар нашриёти «Ирфон»-и шаҳри Душанбе интишор ёфт.
3. Барои таҳияву танзими шакл ва матни тоҷикии китоб собиқ ҷонишини директори нашриёти «Ирфон» Нозимҷон Фозилов ва саррассоми нашриёт Иброҳим Ғаниев дар бойгонии «Наука» давоми даҳ рӯз мавод ҷамъ карданд.
4. Нашри тоҷикии он дар шаҳри Қазон сурат гирифтааст.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ҶУЗЕППЕ
 КАРДИНАЛЕ, КИ 39 ЗАБОНИ ХОРИҶИРО МЕДОНИСТ
Кардинали Италия, мудири китобхонаи Ватикан Ҷузеппе Метсофанти бо  39 забон озодона ҳарф мезад ва ҳамин қадар забони дигарро дарк карда метавонист, ҳарчанд боре ҳам аз Италия берун нарафта буд. Бар замми ин, табъи шоирӣ низ дошт. Соли 1835 Александр Иванович Тургенев шеърҳои ӯро ба забони русӣ тарҷума ва нашр намуд.
Нақл мекунанд, ки боре кардинал дар як шаб забони наверо танҳо барои он аз худ кард, ки саҳар иқрори ҷинояткори аҷнабиро, ки ба марг маҳкум шудааст, бишнавад.
Таҳияи М. СӮФИЗОДА


ГАЗЕТАИ ТИЛЛОӢ
Дар шаҳри Шэнчжени Хитой 3 феврали соли 2005 шумораи махсуси гаронбаҳотарин газет дар олам  бо номи  «Economic Daily» дастраси хонандагон гардид. Тамоми маводе, ки дар ин шумора ба табъ расид, зарҳалӣ буд. Аз ин рӯ, як нусхаи ин газетаи нодир 8 ҳазор доллар арзиш дошта, сарфи назар ба гарониаш ҳаводорони бисёре пайдо кард. Нашри рӯзнома “Замони шукуфоии Чин”  ном дошт. 
 Газета ғайриодӣ ва нодир  эътироф гардида, шомили  китоби “Рекордҳои Гиннес” гашт.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


10  КИШВАРИ ХУРДТАРИН ДАР ҶАҲОН
4. Тувалу
Тувалу дар қисми ҷанубии уқёнуси Ором ҷойгир буда, масоҳаташ ба 26 км2 баробар аст. Ин кишвар чанд ҷазираи марҷонро дар бар мегирад.
Қаблан, ин ҷазираҳо ба Британияи Кабир тааллуқ дошта, ҷазираҳои Эллис ном доштанд. Тувалу соли 1978 мустақилият ба даст овард. Аҳолии кишвар ба 10,5 ҳазор нафар мерасад.

3. Науру
Науру дар ҷануби уқёнуси Ором дар Микронезия ҷойгир аст. Масоҳати он 21,3 км2  - ро ташкил медиҳад. Ҷумҳурии Науру хурдтарин кишвар - ҷазира дар ҷаҳон аст. Он соли 1968 истиқлолиятро ба даст овард, аммо ҷазира дар тӯли 3 ҳазор сол барои мардуми аборигӣ чун хона буд. Имрӯз аҳолии кишвар тақрибан 9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Давлати Науру қувваҳои мусаллаҳ надорад.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


ЭДИСОН
Дӯстони Эдисон чанд вақти охир дар тааҷҷуб буданд, ки чаро кушодани дарбачаи боғи ӯ торафт мушкил мегардад. Ниҳоят, яке аз наздиконаш тоқатро аз даст дода, ба соҳибхона арз мекунад:
- Аллома шуда ба сохтани як даричаи беҳтар ақлат намегирад?
- Ба фикрам, ин дарича на танҳо олиҷаноб, балки аз кашфиётҳои беҳтарини ман аст, - эътироз мекунад физик.
- Биё мон, шӯхӣ накун, чӣ хел олиҷаноб аст, ки дар кушоданаш, ҳатто, зӯри як даст намерасад?
- Ягон ҷои шӯхӣ нест, - ҷиддитар мегӯяд Эдисон,- сабаби вазнинияш ин аст, ки ман дарбачаро ба насоси дастии обрезаки хона пайваст кардаам. Ҳар боре, ки шумо онро ба тарафи худ кашида, кушодан мехоҳед, ба систернаи хона 20 литр об мерезед.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


ҶАНГАЛИ  60 - ҲАЗОРСОЛА ЗЕРИ ОБ ПАЙДО ШУД
Олимон дар зери оби халиҷи Мексика, дар наздикии соҳилҳои иёлати Алабамаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, боқимондаи ҷангали сарви  давраи ҷамъияти ибтидоиро, ки таърихи  60 - ҳазорсола дорад, пайдо намуданд.
Муддати мадид оид ба мавҷудияти ин ҷангал ҳатто ҳадс ҳам намезаданд, вале соли 2004 бар асари тӯфони «Айван» якчанд дарахти ин ҷангал аз қаъри баҳр ба соҳил баромад. Ин воқеа водор сохт, ки олимон ба он таваҷҷуҳ намоянд.
Билохира, соли 2019 гурӯҳи муҳаққиқони амрикоӣ ба омӯзиши ҷангал шурӯъ намуданд. Таҳқиқоти пажӯҳишгарон нишон дод, ки зери қабати таҳнишинҳо қарор гирифтани дарахтон онҳоро аз пӯсидан ҳифз намудааст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


100 ФАКТИ ТАЪРИХӢ
9 майи соли 2010 дар Майдони Сурх аввалин бор ҳамаи давлатҳои иттифоқчии зидди фашист дар паради Fалаба иштирок намуданд. 
Соли 1140 шоҳи Франкония Конради III зимни муҳосираи Вайнсберг амр кард, ки занҳоро раҳо намоянд ва ба онҳо иҷозат диҳанд, ки аз ҳама чизи барояшон арзишмандро ба китф гирифта, бо худ баранд. Ба тааҷҷуби худ, шоҳ дид, ки занон шавҳаронашонро бар дӯш гирифта, аз қалъа берун мераванд. Бо вуҷуди ин, ӯ эълом дошт, ки шоҳон сухани худро намешикананд ва бо ҳамин амалкардаш дар ҳама давру замонҳо шуҳратманд монд. Имрӯз ҳам ин қалъаи таърихӣ бо номи «Садоқати зан» ёд мешавад.
Шоҳи Дания Нилс, ки дар асри XII ҳукмронӣ намудааст, аз ҳама артиши хурдтаринро зери даст дошт, ки аз 7 ёрдамчии шахсияш иборат буд. Бо вуҷуди ин, Нилс 30 сол Данияро сарварӣ кард. Зимнан, он замон як қисми Шведсия, Норвегия ва Германияи Шимолӣ низ ба ҳайати Дания шомил буданд.
Аз русӣ тарҷумаи М. СӮФИЗОДА


БЕТТИ РОБИНСОН - ЧЕМПИОНИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
Аввалин медали тиллои Бозиҳои олимпӣ миёни бонувон дар варзиши сабук марбут ба номи давандаи амрикоӣ Бетти Робинсон (солҳои 1911 – 1999) мебошад, ки онро соли 1928 (давидан ба масофаи 100 метр, Амстердам, Нидерландия) ба даст овардааст. Пас аз ин муваффақият ояндаи Беттиро дурахшон медиданд, вале соли 1931 воқеаи нохуш рух дод: ҳавопаймое, ки Бетти дар он буд, суқут кард.
«Вақте, ки Беттии хуншорро меёбанд, ӯро фавтида шумурда, ба сардхона мебаранд», - менависад Розанна Монтилло дар китобаш «Пожар на дорожке: Бетти Робинсон и триумф первых олимпийских чемпионок» (соли 2017). Вале, баъдан, маълум мегардад, ки ӯ  зинда аст…
Пас аз ҷарроҳӣ табибон мегӯянд, ки Бетти дигар роҳ гашта наметавонад.
Духтарак, ки иродаи қавӣ дошт, давоми ду сол ба по хест, аммо, мутаассифона, пояш каме кӯтоҳ шуда буд. Сарфи назар аз ин, ба тамринҳояш шурӯъ мекунад…
Соли 1936 дар Бозиҳои олимпӣ (Олмон) ширкат карда, сазовори медали тилло мешавад. Баъди ин пирӯзӣ, дар синни 35-солагӣ Бетти Робинсон ба корномаи варзишиаш хотима мебахшад. 
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ


РИТА ЛЕВИ – МОНТАЛЧИНИ
Муҳаққиқи итолиёӣ Рита Леви – Монталчини тамоми ҳаёти пурбаракати хешро дар роҳи илм сарф намудааст. Ҳамин заҳматҳои пайваста ва шабонарӯзиаш буданд, ки соли 1986 дар соҳаи физиология ва тиб барои  иктишофот дар риштаи нейробиология сазовори Ҷоизаи Нобел мегардад.
Таҳқиқгар фаъолияти хешро пас аз ба нафақа баромадан низ идома дод. Рита Леви – Монталчини бо эҳсонкорӣ низ машҳур гаштааст. Аз ҷумла, ӯ барои кумак расондан ба занҳои кишварҳои сеюми дунё ҷиҳати дарёфти таҳсилоти олӣ фонди махсус таъсис медиҳад.
Соли 2001 хидматҳои барҷаставу шоёнашро ба назар гирифта,  ӯро абадан сенатори Ҷумҳурии Италия таъйин намуданд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ТОП 10 
ШАҲРҲОЕ, КИ БО ШУМОРАИ ЗИЁДИ БИНОҲОИ ОСМОНБӮС МАШҲУРАНД
Сохтмони иншооти баландошёна дар олам 1 майи соли 1884 бо бунёди бинои  даҳқабатаи ширкати суғуртавии «Home Insurance Building» дар шаҳри Чикагои ИМА оғоз ёфт. Ҳоло қариб дар тамоми шаҳрҳои калони олам садҳо бинои осмонбӯс қомат афрохтааст ва сол ба сол шумораи онҳо меафзояд. Дар ин гӯша 10 шаҳреро муаррифӣ месозем, ки дар олам шумораи зиёди биноҳои осмонбӯс доранд.

1. Сингапур
Шаҳр дорои 81 бинои осмонрас мебошад, ки ҳар кадоми онҳо аз 150 метр баланд аст. Аксари ин иншоот дар маркази шаҳр ҷойгиранд. Боиси тазаккур аст, ки аввалин чунин бино дар Сингапур соли 1973 эъмор ёфт, ки баландиаш 150 метрро ташкил медиҳад. Айни замон бинои баландтарини шаҳр «UOB Plaza One» (280 метр) ба ҳисоб меравад.
Таҳияи Комрон ЗИКРУЛЛО
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2020    №: 80    Мутолиа карданд: 241
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед