logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит дар ноҳияи Ёвон, 3 марти соли 2010

Дӯстони азиз!
Ҳозирини гиро-мӣ!

Дар ин лаҳзаҳо мову шумо шоҳиди оғози сохтмони боз як иншооти нави саноатӣ дар ноҳияи Ёвон гардидем, ки барои истеҳсол кардан ва ба корхонаи бузургтарини кишварамон – «Ширкати алюминийи тоҷик» интиқол додани яке аз намудҳои асосии ашёи хом, яъне криолит пешбинӣ шудааст ва ин иқдом давоми мантиқии сиёсати созандагиву бунёдкории давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Бояд гуфт, ки илова ба 10 корхонаву иншооти саноатии ҳоло дар ноҳияи Ёвон фаъолиятдошта бунёд ёфтани корхонаҳои нави хурду бузург ин ноҳияро тадриҷан ба яке аз марказҳои калони саноатии кишвар табдил медиҳад.
Тавре ки шумо медонед, Тоҷикистон асосан ду намуди маҳсулот - пахта ва алюминийро ба хориҷа содир мекунад. Вобаста ба масъалаи истеҳсоли алюминий мехоҳам хотирнишон созам, ки «Ширкати алюминийи тоҷик» аз ҷумлаи корхонаҳои саноатие мебошад, ки барои истеҳсоли маҳсулоти худ ба ҷуз қувваи корӣ ва нерӯи барқ тамоми ашёи хом, аз ҷумла криолитро аз хориҷи кишвар мегирад.
Албатта, ҳамаи ин ба арзиши аслии маҳсулот ва сатҳи рақобатпазирии он бетаъсир намемонад. Аз ин рӯ, мо бо мақсади рушду тавсеаи соҳаи металлургияи ранга, аз ҷумла истеҳсоли алюминийи аввалия ва аз он истеҳсол кардани маҳсулоти тайёр ба бунёди корхонаҳое низ шурӯъ намудем, ки ҳаҷм ва сатҳи воридоти ашёи хомро барои «Ширкати алюминийи тоҷик» то андозае паст карда, иқтидори истеҳсоливу содиротии онро баланд бардорем ва ба ин восита ҳамчунин барои мардуми кишварамон ҷойҳои кори иловагӣ фароҳам оварем.
Дар ин замина Ҳукумати мамлакат Барномаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминийи аввалияро барои солҳои 2007-2015 қабул карда, мавриди татбиқ қарор дода истодааст, ки он на танҳо барои афзун гардонидани ашёи хоми саноатӣ, балки барои афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти тайёри саноатӣ дар дохили мамлакат мусоидат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти корхонаи мазкур бо криолит ҳанӯз дар замони шӯравӣ маҳсулоти истеҳсолкардаи комбинати маъдантозакунии «Такоб» ба Федератсияи Русия интиқол мегардид ва баъди коркард дар шакли криолит боз ба корхонаи алюминийи Тоҷикистон харидорӣ ва оварда мешуд.
Бо мақсади паст кардани сатҳи вобастагии ширкат аз ашёи хоми хориҷӣ ва мавриди истифода қарор додани имконияту захираҳои дохилӣ, аз ҷумла ашёи хоми маҳаллӣ, мо имрӯз дар ноҳияи Ёвон ба сохтмони иншооти истеҳсоли криолит шурӯъ кардем, ки доир ба масъалаи бунёди он дар ҷараёни сафари кории худ ба  ноҳияи Ёвон моҳи майи соли 2008-ум супориш дода будам.
Мувофиқи санадҳои мувофиқашуда арзиши лоиҳавии корхона қариб 200 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз аллакай беш аз нисфи он, яъне ба арзиши зиёда аз 100 миллион сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ ба ҳудуди он оварда шудааст.  
Бояд гуфт, ки дар ин муддат ҷиҳати омодагӣ ба бунёди корхонаи криолит як қатор корҳои зарурӣ, аз ҷумла ба маблағи зиёда аз ҳашт миллион сомонӣ корҳои сохтмони бинои маъмурӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои сохтмончиён ва харидории таҷҳизоту масолеҳи сохтмонӣ анҷом дода шудаанд.  Дар айни ҳол бинои маъмурӣ, хобгоҳ ва ошхона барои 180 нафар коргар, дармонгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои хизматрасонии маишӣ, ки ҳамаи онҳо бо лавозимоту таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шудаанд, ба хизмати мутахассисону коргарон омода мебошанд.
Мувофиқи лоиҳа корхонаи сохташаванда дорои иқтидори солонаи истеҳсоли 18 ҳазор тонна фториди алюминий ва 12 ҳазор тонна криолит мебошад, ки барои таъмин кардани эҳтиёҷоти «Ширкати алюминийи тоҷик»  пешбинӣ гардидааст.
Дар вақтҳои наздиктарин, яъне баъди сохта, ба истифода додани корхонаи истеҳсоли намакҳои фтордор, ки бунёди он низ дар назар дошта шудааст, 500 нафар мутахассису коргар бо ҷои доимии кор таъмин хоҳад шуд.
Ҳамчунин дар паҳлӯи корхонаи сохташавандаи криолит корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат низ бунёд карда хоҳад шуд, ки иқтидори солонаи он 100 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Арзиши лоиҳавии ин корхона қариб 180 миллион сомонӣ буда, он бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият хоҳад кард.
Масъалаи сохтмони он, яъне корхонаи кислотаи сулфат, ки барои истеҳсоли криолит ва фториди алюминий зарур аст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дорад. Умедворем, ки дар ояндаи наздик бо бунёд ёфтани онҳо  «Ширкати алюминийи тоҷик»  бо ашёи хом ва садҳо нафар сокинони ноҳияи Ёвон бо ҷойи доимии кор таъмин хоҳанд гашт.
Бо мақсади истифодаи ҳарчи бештари ашёи хоме, ки барои истеҳсоли алюминий зарур мебошад, ҳоло  «Ширкати алюминийи тоҷик»  бо зиёда аз 30 корхонаи саноатии кишвар ҳамкорӣ карда, дар ин самт як силсила корҳоро анҷом дода истодааст. Аз ҷумла, дар натиҷаи ҳамкории судманди мутахассисони корхонаи мазкур ва муассисаҳои илмии мамлакат аз маъданҳои дар кишварамон истихроҷшаванда, аз ҷумла ангишти кони Назарайлоқ истеҳсоли анодҳои пухта ва хишти ба оташ тобовар ба роҳ монда шуд, ки дар гузашта онҳоро аз дигар кишварҳо ворид мекарданд.
Дар доираи чунин ҳамкориҳо ҳоло дар корхонаҳои саноатии мамлакат истеҳсоли як қатор қисмҳои эҳтиётии барои эҳтиёҷоти «Ширкати алюминийи тоҷик»  зарурӣ ба роҳ монда шудааст, ки онҳо низ солҳои пеш аз хориҷи кишвар ворид карда мешуданд. Чунин тарзи ҳамкорӣ имкон дод, ки на танҳо иқтидори истеҳсолии «Ширкати алюминийи тоҷик», балки имкониятҳои истеҳсолии як қатор корхонаҳои саноатии мамлакат низ бештар ва беҳтар истифода гардида, рушди соҳаи саноат таъмин карда шавад.
Ҷиҳати ҳарчи бештар гардонидани имкониятҳои истеҳсолии корхона ба наздикӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат Институти илмиву тадқиқотии металлургӣ таъсис дода шуд, ки ҳадафи асосии он аз нав ба роҳ мондани истифодаи партовҳои истеҳсолӣ, моддаву таркибҳои химиявӣ ва тибқи технологияҳои муосир пеш бурдани корҳои тадқиқотӣ мебошад. Итминон дорем, ки дар натиҷаи фаъолияти илмии пажӯҳишгоҳи мазкур дар оянда дар мамлакатамон боз корхонаҳои дигари саноатие  таъсис дода мешаванд, ки барои «Ширкати алюминийи тоҷик»  ашёи хом ё аз маҳсулоту партовҳои он дигар намудҳои маҳсулот истеҳсол хоҳанд кард. Дар ин замина дар шаҳраки Такоби ноҳияи Варзоб сохтмони корхонаи дорои иқтидори истеҳсоли солонаи 45 ҳазор тонна флюорити тоза ба нақша гирифта шудааст.
Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки ҳадаф аз ҳамаи ин тадбирҳо, агар аз як тараф рушди иқтидори истеҳсолӣ ва тараққиёти иқтисодии мамлакат бошад, аз тарафи дигар ҳарчи бештар бо ҷои кор таъмин кардани аҳолии қобили меҳнат ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ дар ин самт ҳамаи саъю талоши худ ва захираву имкониятҳои мавҷударо равона хоҳад кард.  
Шумо - ҳозирини мӯҳтарам, хуб медонед, ки соли оянда мардуми сарбаланди кишвари мо санаи азиз ва муқаддаси миллиамон - бистсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Бо дарназардошти ин, муассисон ва бунёдгарони корхонаи криолит ба зимма гирифтаанд, ки то ин ҷашни бузург онро сохта, ҳамчун тӯҳфаи идона мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.
Дар ин роҳ ба ҳамаи онҳо барори кор орзумандам.
Саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 629

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед