Хабарҳо
ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА СИТОДҲОИ ФАВРӢ ВА НАВБАТДОРИИ ШАБОНАРӮЗӢ ТАШКИЛ ГАРДИД
Бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус ва вусъат бахшидани корҳои кишоварзӣ, иҷрои босифат ва саривақтии буҷет, тибқи амри раиси шаҳри Турсунзода дар тамоми корхонаву ташкилоти шаҳр ситодҳои фаврӣ ва навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шудааст.
Шахсони масъул бо вазъи манзилҳои истиқоматӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ шинос шуда, дар ҳудуди шаҳр маъракаи безараргардонӣ пурзӯр карда шудааст. Бо ҷалби донишҷӯёни коллеҷу волонтёрони ҷавон аксияи «Худ ва аҳли оилаатро аз коронавирус ҳимоя намо» доир шуда, ба оилаҳои ниёзманд маҳлули спиртӣ, хлор, собун, ниқобҳо ва дигар маводи зарурӣ тақсим гардиданд.
Ҳамзамон, дар шаҳр ситоди фаврӣ дар самти иқтисодӣ фаъолият менамояд, ки доир ба истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба хароҷоти дуюмдараҷаву ғайримақсаднок, пардохти пурраи музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, нафақа, ҷубронпулию кумакпулиҳо, беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ ва танзими нархи маҳсулот дар бозорҳо чораҷӯӣ менамояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1790