Хабарҳо
БОЗДИД АЗ ҚИСМҲОИ НИЗОМИИ МАМЛАКАТ
Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллоҳ Раҳмонзода аз қисмҳои низомии воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур ва шаҳри Турсунзода дидан намуданд.
Зимни сафар аз омодагиҳои қисмҳои низомӣ вобаста ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, ҳолати бунгоҳҳои саломатӣ ва шароит дар вақти муолиҷа, ҳолати будубоши сарбозон, инчунин, ҷойи хоб, хурду хӯрок, ҷойҳои шустани дасту рӯй ва бадан, синфхонаҳои дарсӣ, майдончаҳои варзиш ва ҷойҳои тамрини ҳарбӣ, фароғативу маишӣ шинос шуданд.
Ширин Исматуллозода зимни суҳбат бо сарбозону афсарон иброз намуд, ки Артиши миллӣ — сипари боэътимодест, ки ба ҷасорату мардонагии ҷавонон асос ёфтааст. Хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар як ҷавон мебошад.
Ба сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати самаранок истифода намудани заминҳои дарихтиёрдоштаашон тадбирҳои судманд андешанд.
Ба муовини Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки қисмҳои низомӣ бо маводи хӯрока таъмин буда, захираи фаровони маҳсулоти хоҷагиҳои назди қисмҳои ҳарбӣ дар ихтиёри онҳо қарор дорад.
Ҳамчунин, барои таъмини ҳолати санитарию гигиенӣ ва тамрини сарбозон маводи антисептикӣ ва лавозимоти варзишӣ тақдим карда шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1894