logo

иқтисод

БОЗ ДАР БОРАИ МОҲӢ. ЧАРО ВАЗЪИЯТ ИСЛОҲТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД?

Иқлим ва фаровонии об барои рушди моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ имконияти фарох фароҳам овардаанд. Ба андешаи мутахассисони соҳа, агар имкониятҳои мавҷудаи моҳипарварӣ самаранок истифода шаванд, соле беш аз 100 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол кардан имконпазир аст. Ин дар ҳолест, ки талаботи яксолаи аҳолии ҷумҳурӣ ба гӯшти моҳӣ ҳамагӣ 85 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Саттор Хайруллоев, сардори КВД «Моҳии Тоҷикистон», зимни суҳбат гуфт, ки қабули Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022, аз андоз озод гардидани хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва дигар дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёдшавии хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот такони ҷиддӣ бахшид.
- Соҳибкорон маблағи аз имтиёзҳои андозӣ сарфакардаашонро барои бунёди ҳавзҳои нави моҳӣ истифода мебаранд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 353 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият дорад, аз ҷумла 76 хоҷагӣ, дар доираи барнома таъсис ёфт. Масоҳати ҳавзҳои моҳӣ ба 2568,1 гектар расидааст. Дар ҳавз, кӯл ва обанборҳо 65 намуди моҳӣ парвариш меёбад. Аз моҳиҳои хушзоти ватанӣ ҳафт зот барои парвариш ва сенздаҳ навъ сайдшаванда аст, - гуфт ӯ.
Тавре таҳлилҳо нишон доданд, истеҳсоли моҳӣ аз 2037,5 тоннаи  соли 2016 соли гузашта ба 2749,3 тонна расид. Дар се моҳи аввали соли равон бошад, 584 тонна моҳии молӣ истеҳсол гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 254,1 тонна бештар мебошад. Аммо ин ҳанӯз қонеъкунанда нест. Тибқи дурнамо, имсол дар ҷумҳурӣ истеҳсоли 4 ҳазору 500 тонна моҳӣ дар назар аст.
Дар шароити имрӯза дар ҷумҳурӣ парвариши гулмоҳӣ хеле муфид ва сердаромад мебошад. Аз як обанбори хурд метавон садҳо тонна моҳӣ ба даст овард. Ҳоло 12 хоҷагии гулмоҳипарвар фаъолият дорад. КВД «Моҳии Тоҷикистон» ба нақша гирифтааст, ки якҷо бо ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик» дар ноҳияи Шаҳристон дар заминаи хоҷагии нав парвариши гулмоҳиро густариш диҳад. Инчунин, обу иқлими кишвар барои ба роҳ мондани парвариши зотҳои дигар, аз ҷумла ширмоҳӣ, сазан, зағорамоҳӣ, буффалои амрикоӣ, сӯфимоҳӣ, карпи чармӣ, амури сафеду сиёҳ, пешонағафси сафеду ало, гулмоҳии рангинкамон, сафеди чашмсурх, гурбамоҳӣ, сагмоҳӣ (гомс), лақа ва моҳиҳои дигар мувофиқ аст.
Мутаассифона, сарфи назар аз дастовардҳо, соҳаи моҳипарварӣ ҳанӯз ҳам бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯст.

КАМБУДИ ХӮРОК
Тавре Саттор Хайруллоев иброз дошт, хӯроки моҳӣ, ки асосан, аз хориҷа бо арзиши баланд ворид мешавад, ба нархи гӯшти он низ таъсир мерасонад. Ин мушкилест, ки боиси аз байн рафтани ҳавасмандии хоҷагиҳо ва коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсол гардидааст. Дар Тоҷикистон корхонаи махсуси истеҳсоли хӯроки моҳӣ нест. Танҳо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон соли 2018 - ум 314 тонна ва соли гузашта 522,9 тонна хӯроки гулмоҳӣ харида шуд. Ба гуфтаи ӯ, моҳиҳое, ки дар обанборҳо парвариш меёбанд, аз нигоҳи экологӣ бартарият доранд ва барои консерва мувофиқанд. Аз ин рӯ, бунёди корхонаҳои хурди истеҳсоли консерваи моҳӣ  ва маҳсулоти дигари он бояд дар меҳвари таваҷҷуҳ бошад. Барои рушди моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ на кам аз 20 - 30 коргоҳи тавлиди моҳича зарур аст, то дар онҳо моҳичаҳоро парвариш намуда, барои захира ба ҳавз, кӯл ва обанборҳо сар диҳем.

КОҲИШИ ҲОСИЛНОКӢ
Гарчанде майдони парвариши моҳӣ дар ҷумҳурӣ зиёд гардид, ҳосилнокии обанборҳо ва ҳавзҳои моҳипарварӣ ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар солҳои 90 - уми асри гузашта ҳосилнокӣ аз як гектар 30 - 35 сентнерро ташкил медод. Айни замон бо сабаби норасоии хӯрока вазнгирии моҳӣ дар сатҳи паст қарор дорад ва ҳосилнокии ҳавзҳо аз як гектар ҳамагӣ панҷ - шаш сентнер аст.
Дар аксари хоҷагиҳои моҳипарварӣ иншооти обтаъминкунӣ ва техникаю технологияҳои моҳипарварӣ корношоям гардидаанд, ки ин вазъ ба ҳосилнокии ҳавзҳои моҳипарварӣ таъсири манфӣ мерасонад. Дар натиҷаи боронҳои сел ва дигар омилҳои табиӣ ҳамасола як қисми кӯлҳо, обанборҳо ва ҳавзҳои моҳипарварӣ корношоям мегарданд. Беҳтар намудани вазъи ҳавзҳои моҳипарварӣ барои то 20 - 30 дарсад баланд намудани ҳосилнокӣ, афзоиши ғунҷоиши моҳӣ дар ҳар гектар ва кам гардидани хароҷоти иловагӣ мусоидат менамояд.

ШИКОРИ ҒАЙРИҚОНУНӢ
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки то ҳол бархе афрод аз бепарвоии роҳбарони сохторҳои дахлдор суиистифода карда, ба шикори ғайриқонунии моҳӣ даст мезананд. Моҳидорӣ ба воситаи истифодаи таҷҳизоти худсохти барқӣ ва тӯрҳои калони моҳигирӣ боиси нестшавии намудҳои нодири он гардидааст. Обанборҳои мо дар мавзеъҳои обпартоӣ тӯрҳои муҳофизатӣ надоранд ва ҳангоми ба дарёҳо сар додани об миллионҳо моҳича ба водиҳо сарозер шуда, аз инкишоф бозмемонанд ва қариб 80 - 90 дарсади онҳо талаф меёбанд. Дар хоҷагиҳои алоҳида дар аксар  маврид ба иллати сатҳи пасти малакаи тахассусӣ барои пӯшондани хароҷот инкишофи биологии моҳиҳо ба эътибор гирифта  намешавад. Моҳиҳои ҳанӯз вазнногирифтаро шикор карда, ба бозор мебароранд. Баъзе хоҷагиҳои моҳипарварии шаҳру ноҳияҳо, ҳарчанд масъулияти рушди моҳипарвариро ба уҳда гирифтаанд, ба таври зарурӣ фаъолият намекунанд, самти кори худро дигар карда, дар замини барои ташкили ҳавзи моҳипарварӣ ҷудошуда ғалладона кишт кардаанд. Барои мисол, дар вилояти Суғд аз 53 хоҷагии моҳипарварӣ 24, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 81 хоҷагӣ 35 хоҷагӣ фаъолият намекунад. Чунин мушкилӣ дар ВМКБ низ ба назар мерасад.

НОРАСОИИ МУТАХАССИС
Нарасидани мутахассисон мушкили дигари соҳа мебошад. Аксар кормандони хоҷагиҳо дониши  хуби моҳипарварӣ надоранд ва ба кор ҳавасманд нестанд. Сабаби асосӣ паст будани маош аст. Бояд роҳҳои ҷалби мутахассисони баландихтисосро ҷӯё шуд, то баъд аз рафтани нафарони ангуштшуморе, ки собиқаи кории зиёди моҳипарварӣ доранд, мушкилӣ дучанд нашавад.
- Аз соли 2018 то ин дам 1298 нафар бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин гардид, ки ин қонеъкунанда нест. Мувофиқи таҳлилҳо, ба ҳисоби миёна дар 6500 гектар ҳавзи моҳипарварӣ тақрибан 10 ҳазор нафарро бо ҷойи кор таъмин намудан мумкин аст,- гуфт Саттор Хайруллоев.

ХУЛОСА:  ВАЗЪ ҲАНӮЗ  ҲАМ ИСЛОҲТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД
Тавре маълум гашт, вазъи имрӯзаи моҳипарварӣ дар ҳақиқат ташвишовар мебошад. Мушкилоти зикргардидаи соҳаи моҳипарварӣ боиси зиёд шудани хароҷоти истеҳсоли моҳӣ ва гароншавии нархи маҳсулот дар бозор шудааст. Имрӯз нархи гӯшти моҳӣ дар бозору дуконҳои кишвар гарон, гулмоҳӣ боз ҳам гаронтар буда, на ҳамаи қишрҳои аҳолӣ имкони хариди онро доранд. Дар ошхонаҳо як ҳисса (порс) гулмоҳӣ аз 60 то 100 сомонӣ, ҳатто аз ин ҳам баланд арзиш дорад. Баробари ин, аксари моҳии ошхона ва нуқтаҳои сарироҳӣ аз назорати мутахассисон нагузаштаанд ва сертификати мутобиқат надоранд.
Вазорати кишоварзӣ, КВД «Моҳии Тоҷикистон» ва идораҳои дигари дахлдорро зарур аст, ки аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои фаврӣ андешанд ва Тоҷикистонро аз кишвари воридкунанда ба содиркунандаи моҳии хушсифат табдил диҳанд.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2020    №: 86    Мутолиа карданд: 474
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед