logo

фарҳанг

ҲОШИМ ГАДО. ҲУНАРМАНДЕ, КИ ДАР САҲНА ИНҚИЛОБ КАРДААСТ

Арбоби барҷастаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, профессор, Артисти халқии ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III Ҳошим Гадо 10 май 83 – сола мешавад. Дар беш аз 60 солаш саҳнаи театри тоҷикро обод, санъати миллиро шуҳраи офоқ намудааст. Беш аз 100 нақши мондагор дар театру синамо, 250 ҷилд асар нишону давоми умри пурбаракаташ мебошанд. Нобиғаи санъати тоҷик баҳрест, ки дар пиёла нағунҷад, ҳамчунин, дар як очерк фаро гирифтани фаъолияти эҷодияш, дастоварду бозёфтҳои шигифтангезаш. Аз ин рӯ, чанд лаҳзае аз рӯзгораш дар саҳна зикр намудем, то ҳазорон шефтагони ҳунари волояш бори дигар нақшҳои офаридааш ва кафкӯбиҳои худро ёд оранд. 
«Аз тамошои намоиши «Эдип», ки коргардон ва офарандаи нақши асосияш – шоҳ Эдип Ҳошим Гадоев мебошад, ончунон ба ваҷд омадам, ки қудрати баёнаш надорам. Дар Ҷопон ба актёр унвон ё орден намедиҳанд. Актёрони бузурги онҳо сарвати миллӣ маҳсуб меёбанд. Ҳошим Гадоев актёри бузург ва сарвати халқи тоҷик мебошад. Агар намояндагони ин халқи шариф, ки ҳоло дар толор нишастаанд, розӣ бошанд, пешниҳод мекунам, ки Ҳошим Гадоев сарвати халқи рус низ эълон карда шавад». Ин суханҳо ба директори театри Дӯстии халқҳои шаҳри Москва Михаил Чигир тааллуқ доранд.
Бояд гуфт, ки ин баҳои ниҳоят баланд аст. Ҳамзамон, наметавон наафзуд, ки нисбат ба истеъдоди фитрӣ ва маҳорати фавқулодаи ин нобиғаи санъати тоҷик баҳои дигаре буда наметавонад. Имкон надорад эътироф накардан ё худ чашм пӯшидан, ки нақшҳои Ҳошим Гадо чи дар театр ва чи дар синамо бо диду дарку ҷозибаи нав офарида шудаанд. Зеро дар ҳар як нақш ҳунараш бо тобиши нав ва аксар вақт ғайричашмдошт таҷаллӣ мекунад. Ва метавон гуфт, ки маҳз дар ҳамин навҷӯию навгӯӣ асолати маҳорати бемислаш зуҳур меёбад. Буданду ҳастанд дар санъати миллӣ ҳунармандони асил, ки саҳнаро бо бозии соҳиронаи худ гул мекунонанд, тамошобинро мафтун месозанд. Аммо шеваю фарқияти Ҳошим Гадо дар он аст, ки саҳна барояш ҷои бозӣ нест, ҷои зист аст. Зистан бо ҳаёти қаҳрамонаш. Ба ҳадде, ки дар он маҳлул мешавад, худро билкул фаромӯш сохта. Воқеан ҳам, бозидану зистан ҳамсанг нестанд. Зеро ба сурати образ даромадан маҳорати аз машқ пайдогашта бошад, ба сират вуруд шуда тавонистан, ки ниҳоят кам даст медиҳад, аз файзи истеъдод аст.
Бисёр шуда, ки дар ҷашни мавлуд ҳунарманде, олиме, омӯзгоре, сиёсатмадор ё мансабдореро ончунон тавсифу ситоиш мекунанд, ки ҳатто Афлотун худро ҳақир ёфта, бори хиҷолат мекашад. Вале Ҳошим Гадо ба чунин болобардориҳо, иғроқбозиҳо, ғулувгӯйҳо ниёзе надорад. Чаро ки ҳарчи офарид, аз дил офарид ва ба дилҳо раҳ гирифт. Чаро, ки барои сохтан аввал худ бисӯхт. Ин аст, ки нақшҳои офаридааш дар дидаву дилҳо нақш бастанд. Ин аст, ки на танҳо дар Ватани хеш ангуштнамо гашт, балки намоди санъати миллии тоҷик дар соири кишварҳо шуд. Пас кӯҳро чӣ эҳтиёҷ, ки баландаш гӯянд?                 
Бешак, дар зиндагӣ, ки шебу фарози зиёд дораду ҳар фард афтодану хестан, дӯсту душман, ҳаводору бадхоҳ, ба қуллаи мурод расидан кори саҳл нест. Ва наметавон гуфт, ки роҳи Ҳошим Гадо дар ҷодаи баргузидааш ҳамеша гулпӯш буд, чуноне баъди ҳар намоишаш саҳна мешуд. Аммо метавон гуфт, ки барои барҷаста баромадани ҳар нақш «хуни ҷигар кам мекард». Бо ин ҳама шуҳрат, бо ин ҳама пирӯзиҳои ҳайратовари саҳнавӣ ба назар ҳеҷ орзуе намонда, ки дасташ надода бошад. Танҳо ба назар аст ин. Ва ман бовар дорам, ки чун ӯ ба ин сатрҳо бирасад, оҳи бадарде аз қалбаш бадар меорад. Ҳошим Гадои муваффақ чанд даҳсола инҷониб ҳамоно ҳунарманди армонӣ монда: аз давраҳои ҷавонӣ орзуи рӯи саҳнаи тоҷик овардани намоишномаи «Спартак» мекард. Имрӯз ҳам Спартакро хоб мебинад.
Ҳошим Гадо бо вуҷуди солҳои охир аз саҳна дур будан, бори дигар собит сохт, ки ҳанӯз лак-лак сухани ногуфта дорад. Ва роҳи баёнашро ҳам ёфт. Китоб навишт. Ончунон суханаш фаввора зад, ки 250 (!) ҷилд шуд. Оё нависандае дорем, ки фикрҳои нуҳуфтааш ба ин фузунӣ рӯи коғаз оварда? Аз ин зикр мурод на қиёс, ки кӣ кам навишта ё зиёд. Мурод зикри паҳлуи нави истеъдоди ӯст. Аммо алъон нисбат ба асарҳои сершумораш, ки таҳқиқи ҳусну қубҳашон кори мунаққидон аст, бо ҳамин иктифо намуда, китоби рӯзгори рангини ин нобиғаи ду асрро варақгардон месозем, то аз шоҳкориҳояш дар саҳнаи на танҳо тоҷик, балки дигар миллатҳо бори дигар бо муҳаббату сипос ёд кунем.

БЕ МУРАББӢ ЗЕРИ ГАРДУН…
Барои аз пайраҳа то шоҳроҳ расидан бояд умр бедареғ сарф кард. Лек қонуни зиндагӣ чунин аст, ки вақте дар бинои ташаккули касбии худ нахустин хиштҳои донишу омӯзиш мегузорем, ҳар кадом бояд раҳнамое, маслиҳатгаре, устоде дошта бошем, вагарна деворҳо ба каҷӣ раванд. Ҳошим Гадо чун аз айёми наврасию ҷавонӣ, ки пеши назараш кохи умеду орзуро бо ҳазор рангу оҳанг ҷилвагар  месохт, ёд меорад, гуфтораш моломоли оҳанги сипос мегардад, аз азизоне, ки дар ин давра раҳнамояш, муттакояш буданд. Шукргузорӣ аз сифатҳои умдаи бузургон аст, ки сар ба осмон расида бошанд ҳам, заминро фаромӯш насозанд. «Сухан аз забони Луқмон хуш аст».
- Ман писари ҷанговар, ҳимоятгари Иттиҳоди Шуравӣ Гадомад Ҳошимовам, ки соли 1911 дар деҳаи Порвори ноҳияи Шӯрообод ба дунё омадаам. Модарам Шоҳбӣ Паҳлавонова ном дошт. Борҳо такрор кардааму ҳоло ҳам мегӯям, ки баъд тақдир маро бо халқи бузурги рус пайваст. Пас аз хатми синфи 10 соли 1956 бачаяки деҳотиро дар Маскав педагогҳои барҷастаи рус ба тарбият гирифтанд, ки тақдир минбаъд онҳоро ба ин ё он тарз бо Тоҷикистон пайваст.

Кистанд онҳо, ки парвариданду хононданду ба поям гузоштанд? Пеш аз ҳама, бояд профессорҳо, педагогҳои маҳорати актёрии Донишкадаи давлатии санъати театрӣ (ГИТИС) Олга Ивановна Пижова, Борис Владимирович Бибиков, Михаил Петрович Чистяков, Нина Викторовнаро ном бурд. Дар курси режиссёрӣ бошад, сабақ аз педагогҳои он замон басо маъруф Н. П. Охлопков ва В. Ф. Дудин мегирифтам. Муносибаташон нисбатам меҳрубонии волидонро мемонд, ҳамзамон ниҳоят сахтгир буданд, махсусан Б. В. Бибиков. Вақте мепурсидамаш, ки чаро ба ман ин қадар сахтгирӣ мекунад, мегуфт: «Аз худодода талаб низ бештар аст». Ин педагогҳои барҷаста дар санъат таҳаввулот ба амал оварданд.
Дар ВГИК бо устодхонаи профессорҳо Борис Бибиков ва Олга Пижова танҳо як устодхонаи Сергей Герасимов ва Тамара Макарова қудрати рақобат дошт. Даҳҳо ситораҳои минбаъдаи театру кино аз онҳо сабақи ҳунар гирифтаанд. Онҳо на танҳо ба халқи рус, балки ба мардуми Осиёи Марказӣ низ хизмати арзанда мекарданд. Маҳз тавассути ҷаҳду талоши ин педагогҳо кулли театрҳои Осиёи Марказӣ бо актёрҳо таъмин мешуданд, ки кори саҳл набуд. Олга Ивановна – ҳунарпешаи маъруфи театр ва кино, режиссёр, педагог дар рушди театрҳои миллии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, саҳми шоиста гирифтааст. Соли 1945 О. Пижова тарки саҳна намуд, бо армони набозидани охирин нақши худ – Аркадина дар намоиши «Чайка» дар Театри ба номи Моссовет. Ноилоҷ рафт, чунки аз бемории вазнин нобино шудан таҳдидаш мекард. Устоди азизам соли 1972 чашм аз олам пӯшид. Дар қабристони Новодевичйеи Маскав дар ёдгории рӯи қабраш моҳихӯрак дар парвоз тасвир шудааст.
Борис Владимирович низ дар театру кино нақшҳои мондагор бозида, асарҳои зиёдеро рӯи саҳна овардааст. Дар педагогика низ доди кор додааст. Бибиков ва Пижова аз соли 1934 дар ГИТИС омӯзгорӣ кардаанд. Шогирдони зиёдашон гулҳои сари сабади киною театранд. Вячеслав Тихонов, Нонна Мордюкова, Надежда Румянсева, Леонид Куравлёв… Чӣ номҳое, чӣ шахсиятҳое!
Тақдирро бинед, ки устоди азизам Борис Владимирович дар шаҳри Серпухови губернияи Москва чашм ба олами ҳастӣ (соли 1900) кушода бошад ҳам, дар ниҳояти умр (соли 1986) хонаи охираташ Душанбе шуд.
ГИТИС – муассисаи олии таълимии театрӣ дар Аврупо маҳсуб меёбад. Всеволод Мейерхолд назди он театре таъсис дод, ки дар ибтидо Театри ГИТИС ном бурда мешуд. Соли 1923 он аз донишгоҳ ҷудо гашт ва ба Театри ба номи Мейерхолд табдил ёфт. Соле пас номи А.В. Луначарскийро гирифт. Соли 1937 (дар соли таваллуди банда) дар ҷараёни азнавсозии донишкада факултаи театршиносӣ барқарор карда шуд. Тақдир!

«ПИСАРАМ, ХУДРО НАКУШ!»
Бо ҳидояти Парвардигор ва дастгирии одамони нек кулли мушкилоти давраи донишҷӯӣ паси сар шуд ва ГИТИС-ро бомуваффақият хатм намуда, ба Ватан баргаштам. Ба шаҳри Ленинобод (Хуҷанд), ба театри ба номи А.С. Пушкин фиристоданд. Ин ҷо намоишномаи бароям ниҳоят азизу хотирмони «Муҳаббати африқоӣ»-ро ба саҳна гузоштам ва худ яке аз нақшҳои асосиро бозидам. Тибқи намоиш маҳбубаамро куштанд, дӯстамро куштанд ва лаҳзае фаро мерасад, ки корд ба сина задан мехоҳам. Тасвирам ба дараҷае табиӣ буд, ки зане аз толор фарёд зад: «Писарам, худро накуш!» Баъди чанде маро ба Душанбе мехонанд, ба Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ.
Дар асарҳои Ҳошим Гадо ҳамеша муаммо, фалсафа, ҷиддият ва зарофат мавҷуданд, чаро ки ӯ худ инсон-муаммост. Ҳунарманди мумтоз беш аз 100 нақш бозида, ки аксарияташ асосист, хулосаи ҷолибе пеш меорад: танҳо дар мавриде аз қуллаи эҷодии актёр метавон гуфт, агар дар се дақиқа он қадар нишон диҳад, ки дигаре дар тӯли тамоми спектакл нишон дода наметавонад. Ғояти сахтгирӣ, серталабӣ? Шояд, лекин дар акси ҳол актёри қаторӣ метавон монд. Ва худи ӯ низ ба қуллаи мақсуд осон нарасидааст.
- Дар оғози карйера ба ман нақш намедоданд, гоҳе бозидани нақшҳои беовоз ё нақшҳо бо ду – се ибора муяссар мегашт, - ёди қадамҳои аввал мекунад Маэстро. - Дар ин лаҳзаҳо таъбири К.С. Станиславскийро ёд меовардам: «Нақшҳо хурд намешаванд, актёрҳо хурд мешаванд». Ва нақшҳоямро чунон ғайриодӣ меофаридам, ки нақшҳои асосиро «пахш» мекарданд, то дер дар хотирҳо мемонданд. То ҳол аз ин миён се нақшро ёд дорам. Якумаш, нақши тӯтӣ. Тӯтиям ғайричашмдошти тамошобинон чун булбул ба чаҳ-чаҳ медарояд. Ин намоиш ҳамагӣ чанд дақиқа давом дошт. Баъди хатмаш тамошобинони ҳайратзада ба ман мегуфтанд: «Ақлнопазир! Чӣ хел тавонистед дар як фурсати кӯтоҳ спектакли томро нишон диҳед?!».
Нақши дуюмро дар рӯзҳои ҷашнгирии 80-солагиям бозидам. Ба саҳна бо фрак баромада, бо вонамуди шаҳзодаи шарқӣ Калаф аз «Малика Тӯрондухт», ки то ба орзу расидан басо мушкилоту фоҷиаи рӯзгор таҳаммул намуд, тоҷ бар сар гузоштам. Сипас тоҷро ба калапӯш ва зангӯлаҳои масхарабоз иваз намудам, ба маъное, ки «ҳаёти мо худ як бозист» ва дар он аз шаҳзода то масхарабоз як қадам аст. Шояд ин лаҳзаи хурд бозгӯи фоҷиаи рӯзгори худам, роҳи худам ба олами санъат низ бошад, ки басо хор дошт.  
Нақши сеюмам дар намоишномаи чанде пеш бо донишҷӯёни курси яки Донишкадаи санъат таҳиякарда «Подиум» буд. Ба саҳна ман тасодуфан баромадам. Чунки иҷрокунандаи ин нақш наомад...
Ба идомаи суханаш метавон гуфт, ки дар толори донишкада аз ин нақши хурд Ҳошим Гадоро касе нашинохт. Тамошобинон аз якдигар мепурсиданд: «Ӯ кӣ бошад? Ягон махлуқи ғайризаминӣ? Ё соҳир, афсунгар ё Арлекин?» Махлуқи номаълум бо чашмони нимкоф ба ҳар ҳузурдошта дида медӯхт. Ончунон менигарист, ки дар бадан мурғак медамид. Ӯ канори саҳна рафта, дар нардбон нишаст ва аз киса қарта бароварда, рӯи саҳна пош дод.
Ин амали Ҳошим Гадо чӣ бори маънӣ мекашид, тамошобинонро дар гирдоби андеша гузошт.

ҲОШИМ ГАДО ЧӢ АМПЛУА ДОРАД?
Бо гузашти солҳо Ҳошим Гадо дар касб тавон ёфта, ном бароварда бошад ҳам, ба ҳар нақши навбатӣ ҳамоно тавре муносибат мекард, ки он дар саҳна ё синамо барояш аввалин асту маҳз аз чӣ гуна баромадани он  тақдири минбаъдааш ҳал мешавад. Ва истеъдоди нодираш, заҳмати худфарсояш ба ҷустуҷӯи роҳе мебурд, ки то ӯ пайи пое надида. Ва аз ин «сафар»-и эҷодӣ бо кӯлвори пурбор рӯи саҳна меомад. Сухан бо лаҳни худ гуфтан, симо бо диду дарки худ офаридан тору пуди эҷодаш, ки буд, ҳар нақшаш ҷолибу ҷаззоб, нотакрору мондагор тавлид мешуд.
Ҳошим Гадоро бо эътимоди комил метавон навовари санъати театрӣ унвон кард. Амплитудаи амплуаи беш аз 100 нақши дар театр ва синамо офаридааш ба дараҷае васеъ аст, ки онҳоро ба ягон самти муайяни эҷодӣ тахсис додан амри муҳол бошад. Дар репертуараш, дар анбони шоҳкориҳояш нақшҳои комилан гуногун, ҳатто ба ҳам муҳозӣ- фоҷиавӣ, мазҳакавӣ - фоҷиавӣ, ватандӯстӣ, мелодрамаҳои сирф оилавӣ, романтикӣ ва ҳаҷвиро метавон дид. Маъмулан ҳар актёр амплуаи баргузидаи худро дорад, ки тамоми умр дар доираи он ҳунарнамоӣ мекунад. Масалан, Чарли Чаплин, Луи де Фюнес, Юрий Никулин, Георгий Витсин, Савелий Крамаров мазҳаканигорони бузурги замони худанд, ки ҳар куҷо пайдо шаванд, ханда ба само мехезад. Актёрҳои нақшҳои фоҷиавӣ ё лирикӣ низ шефтагони худро доранд.
Қаҳрамони моро танҳо ба яке аз ин гурӯҳҳо побанд кардан иштибоҳ мебуд, зеро қудрати «ром» кардани ҳар гуна амплуаро дорад. Бо вуҷуди ин, Ҳошим Гадо, пеш аз ҳама, трагики беназири замони мост. Барои тақвияти ин хулосаю баҳо сухани актёри шаҳири шӯравӣ, раиси раёсати Иттиҳоди ходимони театрии ИҶШС Кирилл Лавровро ин ҷо ёд овардан бамаврид аст: «Ҳошим Гадо нобиғаи на танҳо театр ва синамои тоҷик, ҳамчунин, актёр – трагик, профессионали дараҷаи олист. Имрӯз бисёриҳо мегӯянд, ки театр мемирад. Аммо ман баъди дидани спектакли «Эдип» ва иҷрокунандаи нақши асосӣ шоҳ Эдип мегӯям, ки то вақте актёрҳое мисли Ҳошим Гадо зиндаанд, театр побарҷо хоҳад монд».

«ЭДИП» МОСКВАРО ТАСХИР МЕСОЗАД
«Эдип» аз нодиртарин бозёфтҳои Ҳошим Гадо ҳамчун актёр ва ҳамчун таҳиягар маҳсуб меёбад. Он самари орзу, ҷустуҷӯю такопӯи бистсолаи ҳунарманд аст. Ба он на танҳо дар саҳнаи Душанбе кафкӯбиҳои осмонкаф кардаанд. Спектакл ду маротиба – солҳои 1987 ва 1997 рӯи саҳнаи Маскав низ омад. Бори дувум намоиш ба Рӯзҳои фарҳанги пойтахти Тоҷикистон - Душанбе дар пойтахти Россия - Москва, ки мавлуд дошту 850-солагии худро таҷлил мекард, рост омад. «Эдип»-и Ҳошим Гадо маскавиҳоро моту мабҳут карду аз забони ҳам тамошобинони муқаррарӣ ва ҳам санъаткорону мунаққидони варзида дурру гуҳари таърифу тавсиф мерехт. Боз як далели ҷолиб. Ба ҳунарманди тоҷик  актрисаи номдори ӯзбек Соро Эшонтӯраева ва шавҳараш Зокир Муҳаммадҷонов меҳру муҳаббати хосса доштанд. Онҳо барои тамошои «Эдип» махсус ба Душанбе меомаданд. Ва ҳар бор Соро мегуфт: «Ман назди истеъдоду ҳунарварии Ҳошим Гадо дар нақши шоҳ Эдип сари таъзим фуруд меорам».  Тасодуфӣ нест, ки қаҳрамони мо барои рӯи саҳна овардани он ва бозидани нақши асосӣ сазовори унвони Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамчунин, Мукофоти давлатии ИҶШС гашта буд.
Ривояте ҳаст, ки чаро Шекспир, офарандаи симоҳои Гамлет, Лир, Тимони Афинӣ нақшҳои фоҷиавӣ бозидан намехост.
… Театри «Глобус»-и Шекспир. Имрӯз «Шоҳ Лир» намоиш дода мешавад ва ба тамошо шоҳбону Елизавета меояд. Аммо ду соат қабл аз оғоз трагики шаҳир, иҷрокунандаи нақши асосӣ Ричард Бебеҷ маҷрӯҳ мешавад. Намоишро мавқуф гузоштан мумкин нест ва ғайр аз Ричард нақшро танҳо худи Шекспир медонад. То ҳол ӯ аз нақшҳои фоҷиавӣ канора меҷуст. Лекин айни замон дигар илоҷе нест. Шекспир парику риш часпонду ба саҳна баромад. Театрдӯстони содиқи Лондон ягон вақт чунин бозиро надида буданд. Онҳо бо дарду алами инсонӣ дар урёнтарин ва сидқитарин шакл бархӯрданд: бо шоҳ Лир ба дараҷае шарикдард шуданд, ки ягон вақт бо дигаре нашуда буданд. Ҳамроҳи шоҳ ҷараёни табдили «саропо шоҳ» ба «саропо инсон»-ро аз сар гузаронданд. Ҳамроҳи Шекспир тавба кардан аз истибдод ва худдонамӣ, нодида гирифтани мардум – раванди дубора бино шудан, покшавии маънавиро таҳаммул намуданд. Хуллас, бозии Шекспир ба дараҷае муассир буд, ки тамошобин худро дар саҳна эҳсос намуд.
Вақте намоиш поён ёфту аз Шекспир парикро гирифтанд, диданд, ки дар як шом мӯяш сафед шудааст. Ин қисса ҳангоми дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ тамошо кардани спектакли «Эдип» беихтиёр ба ёд меояд. Зеро Ҳошим Гадо низ чун шоҳ - Эдип дар оғози намоиш ва Эдип-инсон дар тӯли тамоми воқеоти он бо ана ҳамин хел эътимоднокии равонӣ, рафтори табиӣ бо тамоми неруи эҳсосот ба олами ботинии инсон ворид мешавад, фоҷиаро дарк мекунад, ба зарурати тавбаи ботинӣ ва покшавии маънавӣ мерасад.

АЗ ШЕКСПИР ТО ҲОШИМ ГАДО
Дар ибтидои намоиш Ҳошим Гадо – Эдип шоҳи оқил, ором, ба худ мутмаин аст. Ӯ шаҳомати хеш – қаҳрамонеро, ки замоне Фивро аз Сфински мудҳиш наҷот додааст, пурра дарк месозад. Аз халқ бо такаббур, бо савлат, бо мартабаи баланд худро боло нагирифтааст. Шоҳ ба таври худ демократӣ ҳам ҳаст, агар ба эътибор гирем, ки муаллифи пйеса Софокл дар давраи шукуфоии демократияи афинӣ ба сар бурда, дар асараш таъсири он бармало эҳсос мегардад.
Чун аз Креонт мефаҳмад, ки то дар Фив мондани  гунаҳгори  куштори пешгузаштааш шоҳ Лай шаҳр  аз маргу  мириш ва дигар бадбахтиҳо вораста наметавонад, Эдип бо қатъияти ҳокими ба осудагии табааш манфиатдор аз пайи ҷустуҷӯи ҷинояткор мегардад. Дар ин зимн аз тафсилоту маълумоте, ки  Тиресийи  ғайбгӯй,  шупон ва дигарҳо манзураш  мекунанд,  дар  ниҳодаш  гумоне  тадриҷан  ғолиб меояд,  ки  ӯ,  Эдип  ҳамон  шахси ҷиноятсодиркарда – падари худ Лайро кушта, ба модари худ Иокаста издивоҷ карда мебошад, ӯ гунаҳгори ин ҳама маргу муриш ва бадбахтиҳост. Эътимод ба он, ки қотил дар шаҳр аст ва муътақидӣ ба он, ки ӯ, Эдип, қотил буда наметавонад, зеро Лайро гӯё роҳзанҳо куштаанд, афзудани бесаранҷомӣ ва изтироб, бо вуҷуди пайдо шудани шубҳа ба фарзияи худ бо субот бурдани тафтишот, савганди пайдо кардани ҷинояткор, худгунаҳгорсозӣ бидуни тараҳҳум ва гуноҳ ба гардан гирифтан, ба худ ҷазое муқаррар кардан, ки аз он сангинтару даҳшатноктар нест, яъне худро аз ду дидаи бино маҳрум сохта, аз дунёи рӯшан даст кашидан – ин ҳама таҳаввулот дар шууру  равони қаҳрамонро Ҳошим Гадо ба дараҷае муътамаду муассир нишон медиҳад, ки аҳли толор баробари Эдип амиқтарин фоҷиаи инсониро бо тамоми вуҷуд эҳсос мекунад.
Аз саҳна ба толор марде фуруд меояд, ки ҳама чашм ба чеҳраи ӯ дӯхта. Қадам оҳиста мениҳад Эдип: шоҳи ҳанӯз чанде пеш муқтадир алъон аз шаҳри азизаш бадар меравад, мусофире, ки ҳафтдари Фивро тарк месозад. Ӯ нобино шудаасту гадою танҳо, аммо шикаста нашудааст. Зеро бо олитарин додситон – додситони виҷдон ҳукми худро баровард. Ин ҳама на танҳо дар чеҳраи ғурурнок ва маҳзуни Эдип – Ҳошим Гадо, балки дар ҳар қадам, ҳар ҳаракаташ ҳувайдост.
Ин намоиш саропо замонавист. Эдипи Ҳошим Гадо шахсест, ки ба дӯш ҳамеша бори масъулият дорад – барои осудагии халқ ва пайвандон, барои рафторҳои худ. Ӯ майли гуноҳи худро аз қазову қадар донистан надорад. Ҳисси масъулият бошад, маънавиётро тақозо мекунад – ҳам барои дигарон, ҳам барои худ. Ва ин ду мушкил – масъулияти шахс барои кирдору гуноҳ ва маънавиёти шахс дар замоне, ки бисёр вақт аз ҷониби рақибон, ҳамчунин, бо майли худ ба созишкорӣ, виҷдонфурӯшӣ поймол мегардад - ин мушкилоти на танҳо атиқа, вақте драматургияи Софокл офарида мешуд, балки замони мо, муосирони мо низ мебошад. Ва камоли истеъдоду маҳорати нақшофаринӣ ва саҳнаороии Ҳошим Гадост, ки тамошобин беихтиёр на танҳо ба воқеоти намоиш дода мешавад, балки ба ҳамин хулоса ҳам мерасад.
Воқеан, оё баъди фарҷоми намоиш нафаре  парик аз ҳунарманд гирифта, ба мӯи сараш таваҷҷуҳ карда бошад? Барфи пирӣ, ки имрӯз дар боми сараш мебинем, шояд он лаҳзаҳо борида?

ТАРС БО ОҒОЗИ НАМОИШ ГУМ МЕШАВАД
Чанд сол қабл аз ӯ мепурсанд:
- Шумо ба нақшҳое майли том доред, ки бузургони пешинатон иҷро кардаанд. Дар бораи бозии онҳо садҳо китобу мақола навишта шудааст. Ҳаросе дар дилатон пайдо намешавад, вақте чунин накшҳоро интихоб мекунед? Несчастливсев дар «Ҷангал»-и Островский ва боз дар саҳнаи театри русӣ, Фердинанд дар «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер. Онҳоро ҳунармандони сатҳи ҷаҳонӣ офаридаанд. Шумо Суҳробро мебозед, аз шоҳасари безаволи Ҳаким Фирдавсӣ. Актёр-трагик бошед ҳам, нақши Хлестаковро аз мазҳакаи Гогол мегиред. Ва ниҳоят, Ҳамлет…
Актёр, ки ҷавоби мухтасарро дӯст намедорад, сухан реза мекунад:
- Маро, воқеан, тарс фаро мегирад – вақте ғояи намоиш пайдо мешавад, вақте машқҳо оғоз меёбанд ва дар арафаи ҳар спектакл. Лекин ҳамин ки намоиш сар шуд, тарс таркам мекунад. Чунки ман, ,аллакай на Ҳошим Гадо, балки Несчастливсев, Хлестаков, Ҳамлет ё Суҳробам. Аниқтараш, агар онҳо тарсанд, ман ҳам метарсам. Агар тақдирашон ҳалокат бошад, пас ман мемирам. Агар онҳо ҷинояткоранд, пас ман бояд суд шавам.                 
- Дар образи Ҳамлет Шекспир нобиға, гуманисти шаҳири давраи Эҳёро ба қалам додааст. Кай, чӣ тавр ва чаро дар фикри қаҳрамони шекспирӣ шудед, ки дар борааш ҷилд-ҷилд навиштаанду ӯро то Шумо, аз ҷумла дар Россия ҳунармандони маъруф П. Мочалов ва И. Смоктуновский бозидаанд?
- Ба фикрам, ба Ҳамлет ман тамоми умр тайёрӣ медидам. Ҳанӯз дар ГИТИС ин нақшро иҷро карда будам, бо истифода аз порчаи асар дар тарҷумаи олиҷаноби Абулқосим Лоҳутӣ. Маро осон даст надод эҳсосе, ки аллакай метавонам ин нақшро бозам. Барои иҷрои нақши Ҳамлет бояд на танҳо замони Шекспир, пйесаҳои бисёр хубашро омӯхт, балки ҳадди ақал қисмате аз рӯзгорашро бояд аз сар гузаронд. Қалби бе рӯҳ наметавонад он эҳсосотеро дарк созад, ки саропои шоҳзодаи даниёиро фарогиранд. Ба шумо боз як сирамро мекушоям. Мехоҳам на танҳо нақши асосиро дар «Ҳамлет» бозӣ кунам, балки онро рӯи саҳна низ биёрам.      
Пас аз ин суҳбат нахустнамоиши «Ҳамлет» баргузор мегардад. Мунаққидон навиштанд, ки Ҳамлети гадоевӣ дар асорати мавҳумоти феодалӣ  қарор дораду қарзи худро пеш аз ҳама дар зарурати ҷазодиҳии гунаҳгорон, қасосгирӣ барои обрӯи оила резондан мебинад. Чунин Гамлетро Ҳошим Гадо хушобуранг, пурҷӯшу хурӯш ва ҷолибу хотирмон бозид. Ӯ одами тундмизоҷу ҷафокаш аст, зикр мешуд дар тақриз, - лекин ба дараҷаи пурраи фалсафӣ ҳамон хушфикриеро надорад, ки чор қарн инҷониб одамонро вомедорад, тавассути баҳсу ҷустуҷӯ дар «Ҳамлет» ба бисёр саволҳои ҳастӣ посух дарёбанд.
Ҳошим Гадо ба чунин эрод розӣ нашуд, қаҳр кард, ранҷид. Аммо… Солҳо мегузаштанд. Спектакл такмил меёфт, дар нақши асосӣ тағйироти амиқ ба амал меомад. Ба образи нави Ҳамлет ва худи намоиш баҳо дода, наметавон гуфт, ки гурӯҳи ҳунарӣ пурқувваттар шуду бозии актёрҳо суфтатару равонтар. Лекин дар Ҳошим Гадо ҳарчи қавитар Ҳамлет – файласуф, шахси замони Эҳё зуҳур мекард, ки дар сар торафт бештар андеша аз диалектикаи воқеоту равандҳои Элсинорро иҳотакарда дошт.
Бо ҳама бузургӣ, Ҳошим Гадо, чун ғазабу ранҷишаш гузашт, ба ҳар ҳол сари эрод андеша кард ва дар он ҷавҳаре дарёфт, ки тавре мебинем, баъдтар суд дод.

ХУШБАХТӢ ДАР ЧИСТ?
Пешниҳоди директори Театри “Дӯстии халқҳо” – и  шаҳри Москва Михаил Чигирро дар ёд доред? Агар не, пас, диққат кунед: «Ҳошим Гадо сарвати миллии халқи рус низ эълом шавад». Ин баҳои баланди коршиноси варзида, пеш аз ҳама, нишони сипос ба ҳунарманди тоҷик барои тарғиби адабиёти классикӣ ва шӯравии рус, эътирофи ғайримаъмулӣ ва бо тобишҳои наву ғайричашмдошт рӯи саҳна овардани образҳое мебошанд, ки дар саҳнаи рус ҳунармандони номдор кайҳо ба дараҷаи комил шакл додаанд ва бовар доштанд, ки дигар ҳангоми офаридани ин нақшҳо ҷилои ҷадиде фузудан имкон надорад. Барои он ки ба ин гуфтаҳо пурра бовар намоед, аз миёни нақшҳои сершумори Ҳошим Гадо образҳои Несчастливсев аз намоиши «Ҷангал»-и Н. Островский ва Хлестаков аз «Муфаттиш»-и Н. Гоголро мухтасар ёдрас мешавем.
Аммо қаблан боз як мулоҳизаи ҷолибро манзур карданием, ки ба олами ҳунари ин абармарди саҳна равзанае боз шавад. «Ҳошим Гадо дурдонаи саҳнаи драмавии санъати муосири тоҷик аст. Ӯ истеъдоди нодир, шахсияти фавқулода буда, ҳар бори дар саҳна диданаш саропо тасхир мешавӣ. Хушоҳангии калом, зебогии ҳаракат, дилкашии намуди зоҳирӣ, барҷастагии таассураш дар образ аз лаҳзаи дар саҳна пайдо шуданаш ҷозибаи ғайриодӣ дорад ва билкул ба худ мекашад». Ин таассуроти санъатшиноси ленинградӣ Л. Н. Фирсова аст.   
Дар намоиши «Ҷангал», ки дар Театри давлатии русии ба номи Маяковский гузошта шуд, ҳам романтика ҳасту ҳам лирика, ҳам ҳаҷв асту ҳам риққатоварию ҷӯшу хурӯш ва ин ҳамаро Несчастливсев – Ҳошим Гадо басо моҳирона омезиш медиҳад. Қаҳрамони асосии намоиш Несчастливсев фардест некирода, зудранҷ, комилан ноуҳдабаро, ки дар сар ҳамеша фикри ба касе дасти мадад дароз карданро дорад. Дар пасманзари муносибати ба назар дурушташ бо Счастливсеви бепушту паноҳ меҳрубонӣ дар ҳаққи ӯ ва чун ӯ ашхоси мояи рӯзгорнадошта, вале бовиқору накукор нуҳуфтааст. Ин дилсӯзӣ, хоса дар лаҳзае рӯшан зуҳур мекунад, ки Ҳошим Гадои баландболо, чорпаҳлую тавоно Счастливсеви наҳифҷуссаро гӯё барои накуҳиш рӯи даст гирифта, ончунон боэҳтиёт ба фарш мегузорад, ки гӯйӣ ҳайкалчаи чинист.
Несчастливсев инсонест, ки мувоҷеҳи фоҷиаи шахсӣ шуда. Ӯ дар симои холааш наметавонад онеро пайдо кунад, ки дар хаёл мепарварид. Холааш беш аз пеш беор, худхоҳ ва аз ҳадди одамӣ берунтар мешуд. Дур шудан аз рафтори инсонӣ бошад, барои Несчастливсев хислати аз ҳама зишт аст. Ӯ аз мумсикию дилсардӣ, қабоҳату манфиатхоҳии ошкорои холаву ҷумла атрофиён ба гирдоби ғаму ғӯсса меафтад. Несчастливсев бандаи пул нест ва дигаронро низ чунин дидан мехоҳад. Ба ғуломони пулу сарват нафрат дорад, зеро васвасаи сарватандӯзӣ онҳоро чун инсон маҳв сохтааст.
Ҳунарманд нақшро ончунон табиӣ ва таъсирбахш мебозад, ки беихтиёр шумо ҳам ба чунин хулоса мерасед: пулро аз одамият боло гузоштан ибтидои фаност.

ХЛЕСТАКОВЕ, КИ ГОГОЛ  ДИДАН МЕХОСТ
Вақте коргардони шинохта Хушназар Майбалиев дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ намоиши «Муфаттиш»-ро рӯи саҳна овард, он аз тарафи мутахассисон чун як бозёфти арзишманди санъати миллӣ пазируфта шуд. Бори дигар собит гашт, ки театр қудрати бузурги эҷодӣ дошта, бо касбияти баланд рӯи саҳна овардани асари арзишманд боиси ошкор гаштани балоғати истеъдоду маҳорати ҳунармандон аст. Метавон гуфт, ки муваффақияту шуҳрати намоишро, пеш аз ҳама, ҳунарнамоии беҳамтои Ҳошим Гадо таъмин намуд.
Қабл аз нахустнамоиш ҳайрату саволи умум ин буд, ки ҳунарманди барҷастаи намоишҳои фоҷиавӣ Ҳошим Гадо ба нақши мазҳакавӣ чӣ муносибате дорад? Интихоби ӯ дар нақши Хлестаков оё иштибоҳ нест?! Магар қоқинаи шоиртарош, лофзани аблаҳу ҳақир нақши ӯст?! Аммо бо саршавии намоиш, дарки нахустин сухану ҳаракатҳо мефаҳмӣ, ки ин ҳама саволу тааҷҷубҳо ноҷо будаанд. Ба фаросати коргардон қоил мегардӣ.
Аз нахустин лаҳзаи вориди саҳна шудан, вақте Хлестаков давида меояду чун таъқибшуда ба чор тараф нигоҳ кардаю аз ҳар садо ба тарс меафтад, то анҷоми намоиш тамошобинро эҳсоси дигар ва муҳимтаре фаро мегирад. Маълум мешавад, ки Хлестаков як шахси бадбахт аст, сарнавишташ на танҳо хандаовару бемаънӣ, балки фоҷиавӣ низ мебошад.
Дар Хлестакови Ҳошим Гадо хислати бачагона – майл ба бофтан ҳаст, ки ба дурӯғгӯии ақлнопазир мегузарад. Баъзан чашмони маҳзун ва беҷуръатӣ дар ҳаракат қаҳрамони «Шинел»-и Гоголро ба ёд меорад. Пеши чашм нохост шахси тамоман дигар пайдо мешавад: ҳаракатҳо озод, имову ишора омирона. Зеро қаҳрамон ҳарчи орзу дошт, гӯё ба даст овард. Манзараҳои бофта яке паси дигар зуҳур мекунанд. Ин мисли дақиқаҳои ваҷду ҳаловат аст, ки Хлестаков дер боз интизори он буд ва метавонанд дигар такрор наёбад.
Ҳунарманд нақши қаҳрамони пурихтилоф, гуногун, баъзан ҳатто дилкаш, гоҳе ниҳоят фосиқ ва заифашро олиҷаноб мебозад. Ҳама чиз – имою ишора, писханд ва мавзунии ҳайратовар ба ифшои хислатҳои образ нигаронда шудааст. Ҳатто чӯбдаст, ки Хлестаков ҳамеша бо худ дорад, дар дасти Ҳошим Гадо «ҷон мегирад»: гоҳе он рамзи олуфтаи шаҳрӣ ва гоҳе шамшери мушкетёр мебошад. Тарзи кулоҳпӯшияш ҳам як достон аст. Кулоҳ ба табъи Хлестаков нигоҳ карда, баъзан пушти сар меравад, гоҳи дигар маъюсона то абру мефурояд...
Таърихи саҳнавии «Муфаттиш», дар умум, даҳҳо нақшофари Хлестаковро дар ёд дорад, ки онҳоро ҳунармандони мумтоз бозидаанд. Назди мо боз як Хлестаков дар иҷрои ҳунарманди соҳибзавқи тоҷик Ҳошим Гадо қарор мегирад, ки бешубҳа, дар сафи офарандагони нақши мазкур мақоми шоиста дорад. Қироати навоваронаи намоиш на дар он ифода меёбад, ки нақши мазкурро ҳунарманди саҳнаҳои фоҷиавӣ бозидааст. Ба Ҳошим Гадо, эҷодкори сарҳадшикан (Ҳамлет ва Иброҳимбек, Фердинанд ва Хлестаков, Девона ва Абуалӣ ибни Сино, Исмоили Сомонӣ ва шоҳ Эдип…) буффонада ва муболиға осон даст медиҳад. Лекин ӯ дидаву дониста, Хлестакови худро дорои хислатҳои фоҷиавӣ месозад, онҳоро таъкид мекунад ва баъзан аз будаш беш нишон медиҳад. Зеро бидуни муболиғаи рангҳо санъати театрӣ наметавонад вуҷуд дошта бошад.
Ба қаҳрамони «Муфаттиш» нигариста, зери таъсири бозии олиҷаноби Ҳошим Гадо гумон мекунед, ки дар намоиш гӯё танҳо Хлестаков бошад, дигар бозигарони нақшҳо низ ба тамошобин табдил ёфтаанд! Бале, дар саҳна Хлестаковеро мебинед, ки ба образҳои офаридаи Илйинский, Чехов, Гарин ва дигарон шабеҳ нест.
…Дар намоиш бо пайдо шудани шӯрангези оромӣ – ба ном муфаттиш, мансабдори петербургӣ Хлестаков хислатҳои персонажҳо зуҳур мекунанд. Дар саҳна эҳсосот ба ҷӯш меояд, харидуфурӯш авҷ мегирад дар манзари шуҳратхоҳӣ, аблаҳию тарсуӣ. Зеро танҳо порахӯрҳои бадастафтода, одамакони ночизу сифла аз пайдошавии ӯ чун барги бед ба ларза оянд. Дар ин ҳолати истеҳзоомез театр анъанаро идома медиҳад. Ҳама қаҳрамонон фиребгару аблаҳу ҷоҳилони гузаро, махлуқони нодону дуруштанд. Аммо дар тавзеҳи Хлестаков театр сухани нав мегӯяд, ки он образро амиқтар, муосиртар ва барои замони мо низ хавфноктар мекунад – эҳтиёт шавед, Хлестаков! 
Баъди чанде намоиши мазкур дар Ленинград (Санкт-Петербург) ба тамошо гузошта шуд ва ҳангомае хезонд ногуфтанӣ. Мунаққидон, коргардонҳо ва ҳунармандони номии рус зимни баҳогузорӣ таъкид мекарданд: «Боистеъдодтарин ҳунарманди нав, Мочалови тоҷик тавлид ёфт». Гурӯҳи намояндагони фарҳангу санъати Гаҳвораи инқилоб китоби «Павел Мочалов»-ро бо чунин навиштаҷот туҳфа намуданд: «Гулчанбари ҳунарманди гениалии рус Павел Мочалов ба ҳунарманди ҷавони боистеъдоди тоҷик Ҳошим Гадоев дода мешавад».
Воқеан ҳам, маҳз Ҳошим Гадо бори нахуст дар таърихи театри шӯравӣ Хлестаковро ба образи фоҷиавӣ табдил дод. Эҳтимол, Н. В. Гогол чунин Хлестаковро дида, ниҳоят мегуфт: «Ана ҳамин аст Хлестакове, ки ман навиштаам!».

НАҚШЕ, КИ БА БРЕНД ТАБДИЛ ЁФТ
Шумо ҳарби тан ба тани Рустаму Суҳробро аз филми ҳамноми коргардони шаҳир Борис Кимёгаров, ки бо силсилафилмаш («Достони Рустам», «Рустам ва Суҳроб» ва «Достони Сиёвуш») «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро солҳои 70 – 80-и қарни гузашта дар паҳнои Иттиҳоди Шуравӣ бори дигар вирди забонҳо намуда буд, ёд доред? Бори нахуст онро, тақрибан, 45 сол пеш дида будам ва ҳамин ҳоло зимни иншои ин сатрҳо кулминатсияи филм – бо фитнаи шоҳони Тӯрону Эрон  Афросиёбу Ковус панҷаи марг ба пайкари якдигар задани падару писар пеши назар меояд ва фиғони кӯҳкафони Рустам, ки фарзанд бо дасти худ мекушад, дар гӯшам бори дигар садо медиҳад.    
… Бист сол қабл қаҳрамони Эрон Рустам ҳамсари ҳомилааш, духтари ҳокими Самангон, Таҳминаро бо амри зарурат тарк месозад. То бо корнамоиҳо шуҳрат пайдо кардани писари ояндааш, ба Таҳмина гуфтани номи худро манъ мекунад. Дар ин муддат писари Таҳмина Суҳроб дар дарбори шоҳи Тӯрон Афросиёб ба воя расид ва паҳлавоне мешавад, ки пушташ замин надида. Чун Афросиёб аз асрори таваллуди Суҳроб воқиф буд, аз тарси он ки ду сарбози бузург – падару писар зидди ӯ иттиҳод мебанданд, Суҳробро сипаҳсолор мекунад алайҳи Эрон. Бо таъкид, ки Рустам душмани асосист ва, пеш аз ҳама, варо бояд кушт. Қабл аз юриш, Таҳмина ба Суҳроб номи падарашро ифшо мекунад, аммо Рустам аз саркардаи сипоҳи рақиб будани писараш ғофил аст. Ковус аз тарси неруи Суҳроб Рустамро аз бадарға бозхонда, розӣ мекунад, ки бидуни ифшои ном вориди майдон шавад. Таҳамтани палангинапӯш Бимболат Ватаеви осетинӣ, ки дар нақши Рустам воқеан интихоби олиҷаноби Кимёгаров аст ва бозёфти дигараш Ҳошим Гадо – Сӯҳроби хушқомат, зӯрбозу ва покдил, бехабар аз дасисаҳои шоҳон ба истиқболи марг мераванд.
Ин лаҳзаҳо дил аз ғояти изтироб ларзида, беихтиёр илтиҷо мекунӣ, ки якдигарро бишносанд падару писар. Аммо…
Ҳам Бимболат Ватаев ва ҳам Ҳошим Гадо ончунон моҳирона, балки соҳирона, нақш меофаранд, ки аз ибтидо то интиҳои филм дунёро фаромӯш месозӣ. Ҳамчунин, аз неруи сухани муаллифи сенария Григорий Колтунов ва маҳорати коргардонии Борис Кимёгаров мафтун мешавӣ. Бе муҳобо, нақши Суҳроб аз бузургтарин нақшест, ки Ҳошим Гадо дар синамои тоҷик офаридааст. Онро коршиносони синамо бренди Ҳошим Гадо унвон кардаанд. Барои ин филм офарандагон ва актёрҳо сазовори Мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рудакӣ шуданд. Баҳои коргардони номии рус Сергей Бондарчук ёд меояд, ки гуфта буд: «Аз рӯи маҳорат Ҳошим Гадоев актёри ҳолливудист».

АЗ  ХОТИРАҲО
Ба олами синамо Ҳошим Гадо соли 1963 бо нақши Камол дар филми «Дувоздаҳ соати умр» ворид шуд. Давоми даҳсолаҳои минбаъда, дар зиёда аз 50 филми студияҳои синамои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Беларус, Алҷазоир ва дигар кишварҳо бозӣ кард. Ҳунари волояшро, махсусан, дар ҳамсоякишвар – Ӯзбекистон меписандиданд. Дар «Ӯзбекфилм» ҳафт нақши асосиро иҷро кардааст, аз ҷумла дар чор филми коргардони машҳури ӯзбек Латиф Файзиев «Ситораи Улуғбек», «Наташа Хонум», «Дар хизмати Ватан» ва «Бахудойӣ».
Соли 1990 дар киностудияи «Ӯзбекфилм» актёри номӣ яке аз нақшҳои асосӣ – сарватманди турк Агат Мораро дар филми муштараки Ӯзбекистон, Россия, ИМА, Испания ва Марокаш «Муҳорибаи се шоҳ» басо ҷолибу хотирмон меофарад. Бояд зикр кард, ки дар ҷараёни наворбардорӣ тамоми амалҳои мураккабу хавфнокро бидуни каскадёрҳо худ иҷро кард. Зимнан, нақши мазкурро бояд ҳунарманди ҳолливудӣ Умар Шариф мебозид. «Вақте на каскадёр, балки худам аз киштӣ бо шамшер зери дандон аз баландии 20 метр ба баҳр, ҷаҳида, шинокунон ба соҳил расидам, коргардони филм Суҳайл Бимбарк хурсандона ба оғӯш гирифту гуфт: «Офарин, Гадоев! Шумо бар Умар Шариф ғолиб омадед». Аз тарҷумон пурсидам, ки ин суханаш ба чӣ маънист. Тарҷумон ҷавоб дод, ки ин нақшро бояд актёри амрикоӣ иҷро мекард. Ӯ панҷ миллион талаб карду коргардон чор миллион доданӣ буд. Баъд ба Бимбарк гуфтаанд, ки ин нақшро ҳунармандони Осиёи Марказӣ қариб муфт мебозанд. Оқибат ҳамин тавр ҳам шуд»,- ба хотир овард Ҳошим Гадо.     
 
«ДЕДЕ ГОРГУД» ВА «ҲОШИМ БУЛОҒИ»
Дар қарибии шаҳри Боку чашмае ҳаст бо номи «Ҳошим булоғи», яъне «Чашмаи Ҳошим». Дар болои чашма онро дар лавҳае филизӣ сабт кардаанд. Ба кадом муносибат ҳунарманди тоҷик дар Озарбойҷон «соҳиб»-и чашма шуд?
Дар филме, ки соли 1975 дар Озарбойҷон ба навор гирифтанд, дар саҳнае Ҳошим Гадо бо буққаи хашмишуда афтударафт мекунад. Ва боз худ, бе каскадёр. На танҳо душвор, хатарнок буд бо ҳайвони ғазабкарда сар ба сар шудан. Бидуни ягон силоҳ танҳо пӯсти паланг дар китф ҳарб вазнин омад. Лекин ниҳоят бо истифода аз пайти муносиб азамати думетра буққаро аз шох гирифта, ба замин пахш кард. Тамошобинони зиёде, ки ҳангоми наворбардории ин лаҳза шоҳиди ҳол буданд, бо ваҷд ба баҳодур кафкӯбӣ намуданд. Дертар чашмае, ки назди он задухӯрди мазкур ба амал омад, расман номи ҳунарманди тоҷикро гирифт.
Сухан аз дурдонаи синамои Озарбойҷон «Нури гулханҳои хомӯшшуда» аз рӯи эпоси миллии «Деде Горгуд» меравад, ки дар он ҳунарвари тоҷик симои Ғазан-хон, қаҳрамони таърихии халқи озарро таҷассум кардааст. Тибқи филмнома, Ғазан-хон ба душман асир меафтад, аз гарданаш арғамчин ба чор асп баста, чор сӯ кашиданаш мехоҳанд. Вале ӯ арғамчин даст гирифта, ҷониби худ мекашад ва ҳар чор савораро аз аспашон сарозер меафканад. Чунин қудрати бениҳоят дошт ин таҳамтани достонӣ.
 Алъон на худ аз бозии актёри мумтоз дар ин филм нақл мекунам, балки чанд сатр аз меҳрномаи яке аз ҳазорон ҳаводорони озарияш Элхон оғлу Исмоилов меорам, ки шояд бештар нишонрас бошад:
«Ҳошим Гадоев – ин феномени образҳои таърихӣ дар синамои шуравӣ ва ҷаҳонӣ мебошад. Симои гарми Ҳошим Гадоев, иҷрокунандаи роли асосии «Нури гулханҳои хомушшуда» Ғазан-хон се насл инҷониб ба озариҳо азиз аст. Барои ин сари таъзим фуруд оварда, дастонашро мебӯсам. Барои беназир офаридани образи шоҳ Ғазан-хон ӯ дар қалби мардуми Озарбойҷон абадӣ маъво гирифтааст, ки ин барои ҳунарманди асил бахти ҳақиқист.
Ман 51 сол дорам ва қариб 40 солаш, аз лаҳзае, ки бори аввал филми «Рустам ва Суҳроб»-ро тамошо кардам, мафтуни ҳунари фавқулодаи Ҳошим мебошам.  Ончунон ки Суҳробро ниҳоят олӣ бозид, нақши Ғазан-хонро ҳам бо чунин ҳашамати шигифтангез манзур кард.  Баъди «Нури гулханҳои хомӯшшуда» Ҳошим Гадо дар ду филми дигари озарӣ нақш офарид. Яъне, ӯро коргардонҳои мо низ меписанданд. Ҷаҳонпаҳлавонон Рустаму Суҳроб, ҳамчунин Ғазан-хон, ки ҳазорсолаҳо дар зеҳни халқҳоямон нишаста буданд, ба шарофати санъату маҳорати нотакрори ӯ умри нав ёфтанд. Бовар дорам, ки ин симоҳои офаридааш барои синамои тоҷику озар шоҳкориҳои таърихӣ хоҳанд буд».

БА ҶОИ ОХИРСУХАН
150 нақш дар театру синамо дар 60 сол, ки аксарияташ асосист, рақами шигифтангез аст.
Бешак, санъаткори навовар Ҳошим Гадо буду шудашро ба рушди театру синамои миллӣ, обрую нуфузи сарҳадшикани он бедареғ бахшид. Тавонист аз худ осори гаронмоя ба ёдгор гузорад. Ва имрӯзу фардо ҳар боре сухан аз абармардони санъати тоҷик равад, номи ӯ аз аввалинҳо ба забон хоҳад омад. Бо эҳтиром, ифтихор ва сипос. Бахт аз ин зиёд мешавад?

Хуршеди ҶОВИД, "Ҷумҳурият"

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04-12.05.2020    №: 86 - 90    Мутолиа карданд: 452
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед