logo

иқтисод

«ЗОТПАРВАРӢ ВА МУШКИЛОТИ ОН»

Посух ба матлаби  «Зотпарварӣ ва мушкилоти он», ки 11 феврали соли 2019 дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи "Ҷумҳурият" (№ 31) нашр шудааст.
Матлаби номбурда, ки дар он оид ба зотпарварӣ ва мушкилоти он сухан меравад, дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифт.

Тибқи маълумоти вазорат, айни замон дар ҷумҳурӣ 71 хоҷагии зотпарварӣ мавҷуд мебошад, ки аз онҳо 4 муассисаи давлатии  зотпарварӣ дар тобеияти Вазорати кишоварзӣ буда, хоҷагиҳои зотпарварии боқимонда дар тобеияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва соҳибмулкон қарор доранд.
Ҳарчанд Вазорати кишоварзӣ сиёсати давлатиро дар соҳаи зотпарварӣ амалӣ намояд ҳам, ваколатҳои назорати камшавии саршумори чорвои зотӣ, фаъолияти хоҷагиҳои зотпарварӣ, новобаста аз шакли хоҷагидорӣ ва тартиб додани протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои риоя накардани талаботи зотпарварӣ, ки пештар ба салоҳияти собиқ Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ дохил буданд, айни замон ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудаанд.
Дар мақола оид ба фаъолияти ҶСП «Парандапарварии Шаҳринав» ибрози назар шудааст. Ҷои таъкид аст, ки аз моҳи феврали соли 2018 соҳаи парандапарварӣ аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод гардид ва ин барои беҳтар шудани фаъолияти корхонаҳои парандапарварӣ такони ҷиддӣ бахшид. Дар заминаи корхонаи парандапарварии ноҳияи Шаҳринав 5 корхонаи хурду бузург оид ба парвариши мурғони гӯштӣ ва тухмӣ таъсис ёфта, ҳоло фаъолият намуда истодаанд. Аз рӯи маълумот, дар ин корхонаҳо 264305 паранда парвариш меёбад ва то ин давра 2956,2 ҳазор дона тухм ва 55 тонна гӯшти мурғ истеҳсол карда шудааст.
Дар самти хушзоткунии чорвои парваришёбанда дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва бахши аҳолӣ тайи солҳои охир аз тарафи мутахассисони вазорат ва олимони соҳа корҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд. Айни замон барои беҳтар намудани зоти чорво дар миқёси ҷумҳурӣ 297 нуқтаи бордоркунии сунъӣ мавҷуд буда, ҳамасола тавассути онҳо зиёда аз 38-40 ҳазор сар чорвои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолӣ бо роҳи сунъӣ бордор карда мешавад.
Ҷиҳати беҳтар намудани зоти чорво ва зиёд кардани маҳсулнокӣ бо роҳи табиӣ тавассути Вазорати кишоварзӣ аз тарафи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар якчанд ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон корҳо амалӣ шудаанд. Давоми 5 соли охир марҳила ба марҳила ба ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳаи мазкур 77 буққаи хушзот дастрас гардонда, 4720 модагови аҳолӣ бо роҳи табиӣ бордор ва 3760 гӯсолаи хушзот гирифта шудааст.
Ҳамзамон, дар филиалҳои муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ ва хушзоткунии чорвои вазорат ва Маркази биотехнологияи Институти чорводории АИКТ ҳамасола 60-65 ҳазор воя – ҳосили буққаҳои зотӣ истеҳсол ва барои истифодабарӣ ба нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ дастрас карда мешавад.
Дар самти рушди соҳаи бузпарварӣ дар ноҳияҳои баландкӯҳ тайи солҳои охир аз тарафи Вазорати кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд, аз ҷумла аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба ноҳияи Ишкошими ВМКБ 100 бузи зоти тоҷикии серпашм дастрас карда шуд. Тибқи маълумот, тайи ду соли охир онҳо ба иқлими ин минтақа мутобиқ гардида, саршумор то 146 сар афзудааст.
Дар баробари ин, соли 2019 барои беҳтар намудани зоти бузҳои маҳаллӣ ва рушди соҳаи бузпарварӣ дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба истиқоматкунандаи ҳамин водӣ Ҳ. Чоршанбиева ба таври ройгон 20 бузи зоти тоҷикии серпашм дода шуд.
Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти мутахассисони соҳаи бордоркунии сунъӣ аз тарафи Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мунтазам курсҳои бозомӯзӣ гузаронда мешаванд.
Аз тарафи олимони соҳаи чорводорӣ якҷо бо мутахассисони соҳа тӯли солҳои охир корҳои зиёде ба анҷом расида, аз ҷумла зоти аспи тоҷикӣ, типи чорвои сиёҳалои тоҷикӣ, зоти бузҳои серпашми тоҷикӣ, офарида шудаанд.
Бояд иқрор  кард, ки дар ҳақиқат, айни замон фаъолияти як қатор хоҷагиҳои зотпарварӣ бо сабаби набудани имтиёз ва коста гардидани базаи модию техникии онҳо суст гардидааст.
Аз ин рӯ, барои рушди соҳаи зотпарварӣ аз тарафи мутахассисони вазорат вазъи хоҷагиҳои зотпарварӣ таҳлил гардида, барои пешрафти соҳа ва беҳтар намудани фаъолияти хоҷагиҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои зарурӣ ирсол шудаанд.
Вазорати кишоварзӣ бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои дахлдор баҳри рушди соҳаи зотпарварӣ дар оянда низ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Мирзозода Музаффар Бурҳон, муовини вазири кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2020    №: 86    Мутолиа карданд: 60
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед