logo

Хабарҳо

ҒОРАТГАРӢ. МИЛИТСИЯИ ПОЙТАХТ БА ДАСТИ ДУ НАФАР ЗАВЛОНА ЗАД

Кормандони раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе шаҳрвандон Манучеҳр Боиров, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ва Фирӯза Тошпулодова, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакиро ба гумони содир намудани силсилаҷиноятҳои ғоратгарӣ боздошт намуданд.

Дар ин бора маркази мабуоти РВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, дар рафти пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян шудааст, ки номбурдагон шабона дар кӯчаҳои пойтахт ба ғоратгарӣ машғул шуда, бо истифода аз зӯрӣ даст ба ҷайби сокинон задаанд. Аз ҷумла, Манучеҳр Боиров (соли таваллудаш 2003) 4 марти соли ҷорӣ тақрибан соати 20:30 дақиқаи шаб ҳангоми дар соҳили дарёи Душанбе қарор доштанаш шаҳрванд Умед Тешаевро мавриди латукӯб қарор дода, телефони мобилӣ, ангуштарини тиллоӣ ва як миқдор маблағҳои пулии номбурдаро ба таври ошкоро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса фирор намудааст. Худи ҳамон рӯз дар дили шаб, сокини дигари шаҳри Душанбе – Абдусамад Шоевро мавриди латукӯб қарор дода, аз ҷайби ӯ телефони мобилӣ ва 1180 сомонӣ маблағи пулиро аз они худ намудааст.
Маркази матбуоти РВКД таъкид мекунад, гумонбаршавандагон бо ҳамин усул дар чанд мавриди дигар даст ба амали ғайриқонунӣ зада, 7 марти соли ҷорӣ телефони мобилии шаҳрванд Далер Табаровро низ ғорат карданд. Тафтишот муайян намудааст, ки ин ду нафар дар панҷ маврид, ба шаҳрвандон дар маҷмӯъ, беш аз 10 ҳазор сомонӣ зарар расондаанд.
Айни ҳол, нисбат ба онҳо тибқи талаботи моддаи 248 (ғоратгарӣ) – и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Чунин тоифа бояд дар назар дошта бошанд, ки ҳеҷ як амали ғайриқонунӣ бе ҷавоб намонда, ҷинояткорон ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1700
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед