logo

иҷтимоиёт

РӮЗИ ҒАЛАБА. ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД!

Дар таърихи инсоният воқеоте ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамияташон боз ҳам бештар мешавад. Дар саҳифаҳои таърихи башар воқеаҳои мудҳишу хунин ва фоҷиабори зиёд сабт шудаанд, ки фаромӯшнашаванда аст. Пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ бар Германияи фашистӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки аз он 75 сол сипарӣ мешавад, аз ҷумлаи онҳост. Таърихи башар ҷангеро, ки боиси чунин қурбонии зиёди ҷонӣ ва хисороти моддиву маънавӣ шуда бошад, то ҳол ёд надорад.

Бояд гуфт, ки пирӯзӣ бар фашизм ба ивази ҷони даҳҳо миллион нафар сарбозону афсарон, аз ҷумла фарзандони Тоҷикистон, аҳолии осоиштаи дар минтақаҳои таҳти амалиёти ҷангӣ ва ақибгоҳ қарордошта, маъюб шудани миллионҳо нафари дигар ва гуруснагиву маҳрумиятҳои гӯшношунид ба даст омадааст.
Аз оғози ҷанг то ғалаба фарзандони халқи тоҷик дар қатори дигар миллатҳо дар ҳама ҷабҳаҳо иштироки фаъолона доштанд. Маҳз дар натиҷаи муборизаи муштараку қотеонаи халқҳои бародар оташи он ҷанги даҳшатнок хомӯш, озодии мардуми сайёра таъмин ва вабои фоҷиабори фашизм бартараф карда шуд.
Дар баробари дигар сокинони Тоҷикистон симоҳои нексиришти иштирокчиён ва муборизони роҳи озодӣ аз  шаҳру деҳоти Панҷакент 5785 нафар мардуми одӣ ва бе таҷрибаи ҷангӣ  ба майдонҳои набард ба сафи Артиши Шӯравӣ фиристода шуданд. Аз ин шумора қариб 2400 нафар ба ҳалокат расид ва ё  бенишон гардид. Сарнавишти 1675 нафар ҷанговароне, ки ба зодгоҳ баргаштанд аксарияти онҳо бо тани захмӣ, маъюб, нотавону хастаҷон зиндагӣ карданд ва бештаринашон  ин ҷаҳонро падруд гуфтанд. Тақдири 1723 нафари дигар номаълум аст. Хотираи талхи ин ҷанг аз дили халқи мо, хусусан онҳое, ки даҳшату ваҳшониятҳои онро бо чашми худ дидаанд, аз қалби касоне, ки дар набардҳои хунин бевосита иштирок намуда, бо ҷоннисориҳои худ дасти фашизмро кӯтоҳ намудаанд, ҳанӯз нарафтааст.
Корнамоии фарзандони мардуми Панҷакенти бостон бештар дар майдонҳои сахти хунини ҷанг – мудофиаи шаҳрҳои Сталинград, Ленинград, набардҳои Курск, Воронеж, Орёл, Смоленск, муҳорибаҳои озодкунии Полша ва Венгрия дар қӯраҳои оташи ҷанг нопадид ва ҳалок гардиданд.
Ҳарчанд дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Тошкент, Бухоро, Фарғона ва дигар шаҳрҳои калон полку дивизияҳои таълими низомӣ амал мекарданд ва роҳи бисёр ҳамдиёрони мо ба майдонҳои набард тавассути ин таълимгоҳҳо буд, бо вуҷуди ин, шумораи зиёди даъватшудагон бидуни омодагии низомӣ, рост ба майдонҳои ҷанг фиристода шуда буданд.
Вале ба ин нигоҳ накарда, ҳамдиёрони мо дар майдонҳои набард ҷасорат ва корнамоиҳои бемисл нишон дода, сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, ордени Шараф ва дигар медалҳо шуданд.
Солҳо мегузаранд, аммо ин Ғалаба, корнамоию ҷонбозиҳо ва қаҳрамониҳои бобоёну падарон доимо дар лавҳаи хотираҳо абадӣ хоҳанд монд. Рӯзи Ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги  шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад. Ва имрӯз боиси ифтихори мост, ки паҳлу ба паҳлуи намояндагони халқҳои дигар садҳо ҳазор нафар фиристодагони халқи тоҷик, яъне фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон низ дар таъмини Ғалаба саҳми арзишманди худро гузоштаанд.

Зебинисо ПӮЛОТОВА,
корманди Осорхонаи
ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ,
шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2020    №: 87    Мутолиа карданд: 373
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед