logo

иҷтимоиёт

КОРОНАВИРУС. 50 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОН СИРОЯТШАВИРО ЭҲСОС НАМЕКУНАНД

Имрӯзҳо тамоми расонаҳои олам роҷеъ ба  бемории коронавирус, ки қариб дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон паҳн гардида, инсониятро ба изтироб овардааст, сухан мегӯянд. Ҳар кас мехоҳад, ки дар бораи COVID-19  маълумоти бештар дошта бошад, то алайҳи ин беморӣ муқовимат нишон дода, ба он гирифтор нашавад. Дар ин бора суҳбате доштем бо Одинаев Ниёз Сафарович, мудири кафедраи эпидемиолгияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб.

- Тибқи маълумот, COVID-19 аз оилаи коронавирусҳоест, ки дар даҳсолаҳои охир чандин маротиба ба пандемия табдил ёфта, боиси қурбониҳои зиёд гаштааст. Вируси нав бо намуди ғайричашмдошт зуҳур кард ва тамоми инсоният алайҳи он ба мубориза бархестааст.  
- То соли 2002  ҳамагӣ чор намуди коронавируси барангезандаи бемориҳо маълум буд, ки онҳо дар қатори вирусҳои мавсимии гурӯҳҳои бемории шадиди вирусии  роҳҳои нафас (ОРВИ) шомиланд. Агар ҳар сол хуруҷи риновирусҳо бештар бошад, дар ҷои дувум коронавирусҳо меистанд. Баъзан коронавирусҳо бо риновирусҳо якҷоя дар мавсими тирамоҳу баҳор беморӣ меоваранд. Ба он калонсолон, ҳамчунин, кӯдакон соле то 6 - 10 маротиба гирифтор мегарданд. Хушбахтона, ин бемориҳо сабук мегузаранд ва оқибати нохуш надоранд.
Соли 2002 дар Осиёи шарқӣ бемории илтиҳоби ғайриодии шуш якбора хуруҷ кард. Он дар муддати кӯтоҳ ба 37 мамлакат паҳн гардида, қариб 8000 нафар сироят ёфт ва 774 нафар аз норасоии шадиди нафаскашӣ фавтид. Чун миқдори фавт ба 9-10 дарсад мерасид, ҳама ба таҳлука афтоданд. Аввалин бор олимони немис ин барангезандаро аз луоби роҳҳои нафас муайян намуда, SARS – VоC ном гузоштанд. Олимон аз пайи ихтирои даво ва ваксина шуданд. Аммо беморӣ чӣ тавре ки якбора пайдо шуда буд, ҳамон тавр аз байн рафт.
Дар ошкорсозӣ ва шинохти барангезандаи  SARS - VoC-2, ки дар Ветнам хуруҷ намуд, бо қимати ҷон вирусологи амрикоӣ Милан Урбани  саҳм гирифт. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ)  ӯро ба Ветнам, ба ёрии мардум фиристод. Дар мамлакат вазъият хеле мураккаб буд. Дар шифохонаҳо беморони бисёр ҷон медоданд, табибон либосҳои муҳофизатӣ надоштанд ва миёни онҳо низ қурбонӣ кам набуд. Бо талошу исрори Урбани ҳукуматдорон дар мамлакат карантин ҷорӣ намуданд.
Чун корҳои табобатӣ ба низом даромад, Милан бо маводи лаборатории ҷамъовардааш ба Банкок парвоз кард. Аснои парвоз эҳсос намуд, ки сироят ёфтааст ва ҳамаи аломатҳои бемориро дақиқа ба дақиқа дар дафтараш  навишт. Ӯ шаби сеюм дар ҳуҷраи эҳёгарӣ ҷон дод. Аввалин бор аз шуши ӯ ин барангезандаро ёфта, бемориро аниқ карданд ва онро  SARS - VоC - 2  ном гузоштанд, ки ин муҳр ба номи ӯст. Пас аз  ҳафтае  олимони немис низ ин вирусро пурра ташхис намуданд.
Бо ҳамин, лашкари вирусҳо, махсусан, коронавирусҳо то соли 2013 инсониятро фориғ гузоштанд. Соли 2013 бемории илтиҳоби ғайриодии шуш  дар Арабистони Саудӣ авҷ гирифт. Аввалин қурбонии он дар яке аз беморхонаҳои Англия  вафот кард. Аз  шуши ӯ барангезандаи коронавирус ёфт шуд, ки онро MERS номгузорӣ намуданд. Зимни ташхис маълум шуд, ки ин беморӣ ба ӯ аз уштур гузаштааст. Ба уштурҳо бошанд, аз кӯршапаракҳо гузаштааст. Аз ин беморӣ 2500 нафар сироят ёфта,  866 нафар вафот кард.
- Пас аз 9 сол боз ҷомеаи ҷаҳониро коронавирус бо номи COVID-19 ба изтироб  овард ва дар як муддати кӯтоҳ дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд. Он аз дигар вирусҳо бо чӣ фарқ мекунад ва сирояти он чӣ гуна сурат мегирад?
- Охири соли 2019 Чин ба СУТ аз пайдоиши вируси намуди нав дар шаҳри Ухан хабар дод, ки он баъдтар COVID-19 ном гирифт. Дар муддати кӯтоҳ он қариб дар тамоми кишварҳои дунё паҳн гашт. Барангезандаи он мутанти коронавирус мебошад, ки аз кӯршапаракҳо ба пинголин ва аз онҳо ба одам гузаштааст. Агар марговарӣ дар коронавирусҳои пешин ба ҳисоби миёна то 10 дарсад мерасид, дар COVID - 19 2-3,5 дарсадро ташкил медиҳад. Яъне хавфи марговариаш се-чор маротиба камтар аст. Тавре имрӯз аксарият медонанд, коронавирус бо роҳҳои қатрагӣ-ҳавоӣ ҳангоми сулфа, атса, сухангӯӣ ва тамос мегузарад.
- Умедворем, ки бо гарм шудани ҳаво ин беморӣ коҳиш ёфта, аз байн меравад.
- Коронавирус дар муҳити гарм ва хушк таъсири марговарашро гум мекунад. Чунки қабати болоиаш аз чарбу иборат мебошад ва дар гармӣ мулоим мегардад. Бинобар ҳамин, ҳангоми гарм будани ҳаво дару тирезаи хонаҳоро кушода, ҳавои онҳоро зуд - зуд иваз кардан хеле муфид аст. 

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2020    №: 87    Мутолиа карданд: 449
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед