logo

иҷтимоиёт

АБРОРИ ТИРАНДОЗ. ФАРОМӮШ НАШУДААСТ!

Аброр ҷавони чолоку далеру рӯинтан буд. Дар ҳама корҳои хайр, ташвишу тараддуд неруи ҷавониашро дареғ намедошт. Волидон ният доштанд, фасли тирамоҳ хонадораш кунанд. Аммо аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ як сол сипарӣ шуду дар овони ҳабдаҳсолагияш ӯро ба майдони набард фиристоданд.

Дар шаҳри Акмола (имрӯза Остона) шаш моҳ дарси омодагии ҳарбӣ хонд. Номаҳояш ба дили падару модар ҳарорату гармӣ мебахшиданд. Рӯзи 9 майи соли 1945 муждаи пирӯзии сулҳ бар ҷанг, рӯшноӣ бар торикӣ ва хайр бар шар ба дилҳо суруру ба дидаҳо нур бахшид. Теъдоде аз сарбозон ба зодгоҳ бозгаштанд. Аммо Аброрқул Раҳмонов наомад. Ӯро ба ҷанги зидди Япония фиристоданд. Дигар аз ӯ номае нарасид...
Вақте толибилми дабистон будам, сарнавишти амакам Аброрқул маро ба андеша мебурд. Рӯзе аз ҷомадонҳо ду расми куҳнае пайдо карда, ба падарам нишон додам. Диданду гуфтанд, ки ин аксҳои бародарашон Аброрқул аст. Яке қабл аз ҷанг гирифта шудааст, дигареро аз Пруссия фиристодааст. Аз корномаи ҷангии Аброрқул Раҳмонов ба истиснои андак маълумоти пароканда тақрибан чизе намедонистем. Ӯ дар куҷо ҷангида, дар куҷо шаҳид шуда ва марқадаш дар куҷост? Ва соли 2013 аз нависандаи рус, ҷангноманавис, муаллифи асари бисёрҷилдаи "Ӯ гумгашта нест, ӯ барои Ватан ҷон додааст», роҳбари гурӯҳи «Ҷустуҷӯ»  Василий Григоревич Мединский  ин нома ба дастамон расид:
«Дуруд, хешовандони азизи шаҳиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ Аброрқул Раҳмонов!
Ба Шумо хабар медиҳем, ки мо хоҳиши шуморо иҷро кардем, сарнавишти сарбози азизи шумо Аброрқул Раҳмоновро равшан намудем, донистем, ки ӯ дар куҷо ҳалок шудаву куҷо мадфун аст ва чӣ гуна қаҳрамоне дар ҷангҳо будааст, бо вуҷуди ин иқрор мешавем, пайдо кардани ӯ дар ҳуҷҷатҳои бойгониҳо аз сабаби ғалатнигориҳои ному насабаш тақрибан имконпазир набуд. Дар яке аз ҳуҷҷатҳо насаби ӯро ба ҷойи Раҳмонов «Рахманов» навиштаанд, ном бошад, тамоман таҳриф шудааст: ба ҷойи Аброрқул «Аврор». Чунин хато дар ҳуҷҷатнигорӣ бештар аз сабаби номҳои барои хушнависони ҳарбӣ ноошно доштани аққалиятҳои миллӣ рӯй медоданд. Танҳо пас аз он ки шумо ба мо дар бораи дар ҳайати полки 785-уми тирандоз ҷангидан ва моҳи августи соли 1945 ҳалок шудани Аброрқул Раҳмонов хабар додед, мо сарнавишти ӯро то охир ифшо кардем ва дар ҳуҷҷатҳо мукофоти ҳарбии ӯро пайдо кардем.
Сарбоз Аброрқул Раҳмонов, санаи таваллуд 1925, зодаи деҳаи Бедаки вилояти Ленинобод, 21 июни соли 1942 аз ҷониби комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷакент ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст. Дар ҷанг узви ВЛКСМ, миномётчии қаторӣ, баъдтар сержанти хурд, сиромӯзи полки 785-и дивизияи тирандози 144, ки дар муҳорибаҳои Пруссияи Шарқӣ ва Шарқи Дур бо Япония иштирок кардааст. Дар «Феҳристи номии талафоти дивизияи тирандоз аз моҳи августи соли 1945» номи Аброрқул Раҳмонов зикр шудааст, ки 13 августи соли 1945 ҳалок шудааст ва на дар деҳаи Мумин, тавре ки шумо ба мо навишта будед, балки дар стансияи Мулини Манчжурия мадфун шудааст.
Баъди ҷанг аскарони дар стансияи Мулини Хитой дафнгардида ба кишвари Уссурийск оварда, дубора дафн карда шуданд. Мо номи ӯро боз дар ҳуҷҷатҳои мукофотҳо пайдо кардем. Дар фармони қумандони полки 785-и тирандози дивизияи тирандози 144 аз 27 ноябри соли 1944 омадааст:
«Биёрандаи мина, аскари қаторӣ Раҳмонов Аброрқул с. т. 1925, узи ВЛКСМ, барои дар муҳорибаҳо худро ҳамчун ҷанговари матину далер нишон доданаш, бо медали «Барои хизматҳои ҳарбӣ» мукофотонда мешавад.
Дар ҳамлаҳои ҷангии Пруссияи Шарқӣ дар наздикии стансияи Швиргален душман се бор бо танкҳо ба ҳуҷум гузашт. Барои нобуд кардани онҳо минбатарея фаъолияти хуб нишон дод. Аброрқул Раҳмонов дар зери оташи сахти душман ба ду гурӯҳи тӯпчиён мина оварда, тӯпҳоро сари вақт ба парондан омода мекард. Ҳуҷуми барқвори душман бо талафоти бузурги худи он бартараф карда шуд».
Хотираи фарзанди шарафманди халқи тоҷик Аброрқул Раҳмонов, ки барои Ватани сотсиалистии мо ҷонашро фидо кард, гиромӣ бод!
Бо эҳтиром, В. Мединский. 29. 04. 13.»
Баъди ин нома бори дигар боварамон афзуд, ки «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!».

Искандари РАҲМОН, шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2020    №: 87    Мутолиа карданд: 60
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед