logo

Хабарҳо

FINA САНАИ БАРГУЗОРИИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНРО ТАҒЙИР ДОД

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии варзишҳои обӣ (FINA), чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ, ки мебоист соли оянда дар шаҳри Фукуокеи Ҷопон доир мегашт, ба соли 2022 (13 – 29 май) гузаронда шуд.
Чунин тасмим ба он хотир аст, ки Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио – 2020, бо сабаби пандемияи COVID – 19 соли 2021 баргузор мешавад.
- Баъд аз ҳамкорӣ бо ҷонибҳои дахлдор мо бовар дорем, ки қарори қабулшуда шароити беҳтарро барои иштирокчиёни чемпионат фароҳам меорад, - гуфт президенти FINA Ҷулио Маглион.
Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ миёни собиқадорон низ дар Ҷопон аз 31 май то 9 июн ба нақша гирифта шудааст.

БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ҶАҲОН БА СОЛИ 2023 ТАВҲИЛ ДОДА ШУД
Бозиҳои соҳилии ҷаҳон, ки бояд соли оянда баргузор мешуд, бо сабаби пандемияи COVID – 19 соли 2023 доир мешавад.
- Дар робита ба он ки Бозиҳои олимпии Токио – 2020  ба соли оянда таҳвил дода шуд ва пас аз шаш моҳ Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин – 2022 ба нақша гирифта шудааст, Кумитаи иҷроияи Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) ба хулоса омад, ки баргузории Бозиҳои соҳилии ҷаҳон миёни ду бозиҳои олимпӣ фишори бузург болои кумитаҳои миллии олимпӣ мешавад. Албатта, варзишгарон ва барномаи бозиҳо фарқкунандаанд, аммо кумитаҳои олимпӣ бояд дастаҳояшонро омода созанд. Бо таҳвил додани бозиҳо мо ҳаҷми кори кумитаҳои миллии олимпиро камтар мекунем ва барои омодагӣ ва сафарбар кардани беҳтарин варзишгаронашон дар соли 2023 имкон фароҳам меоварем, - омадааст дар изҳороти ANOC.
Бар пояи хабари Кумитаи миллии олимпии Тоҷикикистон, аввалин Бозиҳои соҳилии ҷаҳон соли 2019 дар Доҳа (Қатар) доир гашт ва аз рӯи нақша он бояд ҳар ду сол баргузор мешуд, вале акнун баъд аз чор сол доир мегардад.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1852
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед