Хабарҳо
НУРОБОД. ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ҒИЗОӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ
Дар ноҳияи Нуробод бо сарварии раиси ноҳия Ҳасан Дӯстзода аз ҳисоби масъулони сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ситоди ноҳиявӣ ба фаъолият пардохтааст.
Гурӯҳи корӣ ба ҳар як деҳаю маҳалла сафар намуда, вобаста ба пешгирии бемории коронавирус, вусъат бахшидани киштукори баҳорӣ, бахусус картошка, истифодаи оқилонаи заминҳои ҳавлӣ, хоҷагиҳои ёрирасон, роҳ надодан ба баландшавии нархи маҳсулот ва масъалаҳои дигари рӯзмарра бо сокинон суҳбату вохӯриҳо доир намуд.
Дар вохӯрӣ иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба зиёд намудани майдони кишти картошка, самаранок истифода намудани заминҳо, захираи маҳсулоти озуқа ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин вохӯриҳо, ҳамчунин, Амонулло Салимзода, вазири кишоварзии ҷумҳурӣ, диққати сокинонро ба масъалаи кишти баҳорӣ ҷалб намуд. Инчунин, ба масъулон дастур дод, ки мардумро бо тухмии босифат таъмин намуда, кишти картошкаро дар ҳама заминҳо назорат ва барои сари вақт ба анҷом расондани корҳои саҳроӣ ба ситоди ноҳиявӣ мунтазам ҳисобот пешниҳод намоянд.
Бо дастури раиси ноҳия, аъзои ситод аз заминҳои ҳавлии сокинони деҳоти ноҳия боздид намуд. Ба сарварони хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ супориш дода шуд, ки дар 60 дарсади заминҳояшон картошка кишт намоянд.
Сокинон бо дастгирӣ аз ин иқдом аз масъулон хоҳиш намуданд, ки барои онҳо тухмии хушсифат бештар муҳайё шавад. То ин дам дар ноҳия дар 1332 гектар зироати кишоварзӣ, аз ҷумла ғалла 142 гектар, полизӣ 3, сабзавот 125 ва картошка 720 гектар кишт шуд, ки 55 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад.
Тавре аз ҷараёни корҳои саҳроӣ бармеояд, то имрӯз ҳамаи каналҳои обёрии ноҳия аз таъмири умумӣ бароварда шуда, барои шодоб намудани заминҳои корам омодаанд.
Сокинони ноҳия дастурҳои Пешвои миллатро сармашқи кор қарор дода, талош доранд, ки дар таъмини амнияти ғизоии мамлакат саҳми муносиб гузоранд.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1996