logo

Хабарҳо

МАОРИФ. АВВАЛИН МАРКАЗИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ФАЪОЛ ГАРДИД

Бори аввал дар литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе  дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ маркази таҳсилоти фосилавӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар расми ифтитоҳи марказ 58 ихтироъ ва лоиҳаҳои хонандагони кашшоф муаррифӣ шуданд.

- Ин аввалин маркази таҳсилоти фосилавӣ барои зинаҳои ғоибона буда, ҳамчун яке аз сохторҳои донишгоҳ раванди низоми фосилавиро дар гурӯҳҳои фосилавии донишгоҳ идора мекунад.  Ҳангоми таҳсили фосилавӣ таълимгоҳҳо метавонанд аз  шаклҳои гуногун, монанди барномаҳои компютерии махсус интихобшуда ва ба донишҷӯёну хонандагон мувофиқ, конфронс - робита, почтаи электронӣ, онлайн-мессенҷерҳо ва ғайраҳоро истифода намоянд, - иброз дошт Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, ҳини ифтитоҳи марказ.
Ин марказ амалигардонии раванди таълимро бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ дар масофаи дур бе иштироки омӯзгор ва донишҷӯён имконпазир мегардонад. Кори система шаффоф буда, тамоми маводи таълимӣ ба таълимгиранда дастрас мебошад.
Тавре ҷонишини директори литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе  Суҳбатулло Саъдуллоев иброз намуд, дар ниҳоди дарсҳои фосилавӣ маркази олимпиадаи байналмилалӣ низ ҷой дорад, ки хонандагон тавассути он метавонанд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намоянд.
Марказ дорои барномаи ZOOM буда, тариқи он дарсҳои фосилавӣ хеле сода ва фаҳмо мегузаранд. Бо ин барнома омӯзгорон метавонанд дарсҳои худро ташкил намуда, рақами инфиродии худро ба хонандагон пешниҳод намоянд. Дар  ин сурат хонандагон метавонанд ба рақами инфиродии омӯзгор дохил шуда, дар дарси ин омӯзгор ширкат варзанд.
Бартарияти барнома дар он аст, ки вақти суръати суст доштани хати интернет низ фаъол боқӣ мемонад. Дар як дарс то 100 хонанда метавонад иштирок кунад.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1845
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед