Хабарҳо
МИНТАҚАИ РАШТ. САНГЛОХ БОҒИСТОН МЕШАВАД
Дар мавсими киштукори баҳорӣ баробари хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ аз ҷониби кормандони сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Рашт бунёди боғи дарахтони мева идома дорад.
Маҳбуб Маҳмудзода, сардори шуъбаи сарраёсат, иттилоъ дод, ки кормандони хадамот ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 гектар боғ бунёд мекунанд.
- Кормандони хадамот дар мавзеи Бинии Сафиёни Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт дар масоҳати 2 гектар боғи замонавӣ бунёд намуда, дар он зиёда аз 1000 бех ниҳоли мевадиҳандаи себу нок, шафтолую зардолу ва чормағз шинонданд. Онҳо ният доранд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Тоҷикобод, Лахш, Нуробод ва Сангвор аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳо ва доманакӯҳ боз 4 гектар боғи нав бунёд намоянд, - гуфт ӯ.
Мавзеи Бинии Сафиён дар соҳили дарёи Сурхоб то ин дам як макони санглохи бекорхобида буд. Барои тахту ҳамвор намудани замин ва кишти зироату бунёди боғ дар ин ҷо меҳнату хароҷоти зиёде сарф шуд.
Ҳоло дар байни ниҳолҳо зироатҳои полизӣ, картошка, ғаллаю лӯбиё ва алафҳои бисёрсола мекоранд.
Дар назар аст, ки бо мақсади таъмини кормандони хадамот бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ боз дар ҳар як ноҳияи минтақа 1 - гектарӣ боғи ниҳолҳои замонавӣ бунёд карда шавад.
Худодод ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1867