logo

иҷтимоиёт

ҚАҲРАМОНҲО НАМЕМИРАНД!

Ёди 113 ҷавонмарди деҳаи Пушинг, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ баҳри ҳимояи Меҳан бар зидди фашизми гитлерӣ мубориза бурданд

Соли 1941. Ҳуҷуми аҳдшиканона ва ноҷавонмардонаи фашизми гитлерӣ ба хоки Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС). Ин хабари шум  сокинони кишварҳои иттиҳодро ба даҳшат овард, бесаранҷом намуд. Дар баробари дигарон меҳнаткашони деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара, ки аз хати фронт фарсахҳо дур буданд, воқеаи нохушро шунида ба изтиробу ҳаяҷон омаданд, аммо ғамгину афсурда нагаштанд.

42 ҚАҲРАМОН, БО ЯК ҶАҲОН ОРЗУ
Бо шунидани шумхабари ҳуҷуми фашистон ба хоки ҷумҳуриҳои бародар 113 ҷавонмарди далеру шуҷои деҳа ба ҳимояи Ватани шӯравӣ камар бастанд. Падарону модарон, гуларӯсону дилбарон, ҷигарбандону наздикон фарзандону шавҳарон, бародарону дӯстдорони хешро ашкрезон ба ҷанг гусел карданд, вале бо умеди баргаштан ва дидани дубораи дидор. Аммо чунин нашуд. Зард Холмуродов, Раҷаб, Саид ва Шариф Пировҳо, Саид Муҳибов, Рамазон Сафаров, Одил Нуралиев, Насим Олимов, Алӣ Раҳматов, Зубайдулло Муродов, Холбобо Иброҳимов, Савзалӣ Шарифов, Нусрат Хоҷаев, Шараф Қурбонов, дар маҷмӯъ, 42 нафар ҳангоми ҳимояи Ватан ҷон доданд. Дар муҳорибаҳои шадид, байни обу оташ мардонавор ҷангиданд, ҷонашонро барои ҳимояи Ватан, озодӣ ва хушбахтии насли оянда дареғ надоштанд, ҳарчанд бо худ як ҷаҳон орзуву умедро ба хок бурданд.
Баъди ғалаба 71 нафар ба деҳа баргашт. Вале, афсӯс, чанд сол мешавад, ки дар деҳа чорабинии Рӯзи Ғалаба бе иштирокчиёни ҶБВ баргузор мегардад, ҳамагиро аз даст додем, бар асари пирӣ, беморӣ, ҷароҳатҳои ҷисму қалб моро тарк карданд.

АЗ ГӮРИ ШУМО ШУЪЛА ЗИДДИ ҶАНГ БАРОЯД
Ҳарчанд имрӯз онҳо миёни мо нестанд, номи некашон дар дилу дидаи пайвандону сокинони деҳа ҳамеша фурӯзон хоҳад монд. Хосса хонандагон ҳамеша аз эшон ба некӣ ёд мекунанд ва корнамоиву ҷонфидоияшонро баҳри ҳимояи Ватан намунаи ибрату пайравӣ мешуморанд.
Дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 ҳар сол бо хонандагон ҷамъ меоем. Нахуст ба албом ва лавҳаи мармарин менигарем, ки номи 113 нафар иштирокчӣ дар онҳо сабт аст. Ҳадафи таъсиси албому лавҳаро ба хонандагон шарҳ медиҳем: ин эҳтирому арҷгузории имрӯзиён ба корномаи иштирокчиёни ҶБВ, яъне гузаштагони хеш аст ва шумо ҳам бояд ин пайвандиро мустаҳкам созед!
Ва ҳамин тавр, оғоз меёбад таҷлили Рӯзи Ғалаба дар деҳаи мо. Ба мазори деҳа наздик мешавем. Ҳама ҷо ором, фақат сабзаҳои баҳорӣ ва гулҳои наврӯидаи лола алвонҷ мехӯранд. Оромгоҳи иштирокчиёни ҷангро як – як зиёрат мекунем, ба хотири шод гардондани арвоҳашон аз Қуръони карим оятҳо тиловат менамоем ва дар баробари ин, оид ба корнамоиҳояшон ба хонандагон маълумот медиҳем.
Зиёрати мо аз оромгоҳи сержанти шуҷоъ Мирзоалӣ Олимов сар мешавад. Мардуми деҳа ӯро “Қаҳрамон” ном мебурданд. Соли 1939 дар ҷанги зидди Финландия ва солҳои 1941 - 1945 дар ҶБВ иштирок варзид. Ӯ барои озод намудани Ленинград, шаҳрҳои Украина ва кишварҳои Аврупо саҳм гузошта, то Берлин душмани инсониятро таъқиб кард.
Ба оромгоҳи Кӯгани Шариф наздик мешавем, ки соли 1942 ба фронт рафта, то Берлин ҷангида буд. Махсусан, соли 1945 барои гирифтани баландиҳои Зелен ҷангҳои сахт мерафт. Душман намехост ин мавзеъро аз даст диҳад, зеро дар қафои он Берлин воқеъ буд.
Вақте сарбозон баландии Зеленро ишғол мекарданд, дар назди Кӯгани Шариф гулулае таркид ва ӯро аз по афтонд. Дар беморхонаи Варшава 4 моҳ табобат гирифт ва соли 1946 ба Ватан баргашт. Тирҳои душман дар баданаш ӯро то охири умр азоб доданд. Мо бо хонандагон ҳангоми дар ҳаёт будан ба аёдаташ мерафтем. Захми ҷанг ӯро бистарӣ кард ва 10 соли охири умр дар бистари беморӣ хобид. Бо дастони ларзон захмҳои баданашро нишон дода мегуфт: “Шумо, ҷавонон, он рӯзҳои сахтеро, ки мо дидем, ҳаргиз набинед”.
Ин гуна далериву ҷасуриро фарзандони дигари деҳа Саид Қурбон, Шарбат ва Табаралӣ Тешаевҳо, Раҳмонқул Шарифов, Восеъ Холматов, Нарзулло Ҳукмиддинов, Нусрат Мирзоев, Аҷик Сафаров, Ғуломқодир Сафаров ва Сайдаҳмад Олимов ҳам дар он солҳо нишон доданд.
Ҳангоми баромадан аз оромгоҳ шеъре ба ёдам омад:
Аз хоки шумо лолаи хушранг
барояд,
Аз гӯри шумо шуъла зид(д)и ҷанг
барояд.

ДАР СУҲБАТИ БАРОДАРИ ҚАҲРАМОН
Пас аз зиёрати оромгоҳи қаҳрамонон мо ба хонаи бародарон ё наздикони яке аз иштирокчиёни ҷанг рафта, суҳбати хонандагонро бо онҳо баргузор менамоем. Имсол ба хонаи бародари иштирокчии ҷанг Гурези Маҳмуд Холи Маҳмуд роҳ пеш гирифтем.
Тавре бародараш иброз дошт, Гурези Маҳмуд соли 1939 ба сафи артиши шӯравӣ даъват мешавад. Нахуст даҳшати ҷангро Гурези ҷавон дар Финляндия аз сар гузаронд. Минбаъд хизмати аскариро дар шаҳри Москва ҳангоми таҳсил дар курси лётчики қиркунанда идома бахшид.
Ҳангоми ҷанг ӯ дар муҳорибаҳои назди Москва, Сталинград, Курск ширкат варзид ва дар озод намудани Беларус ва Украина саҳм гирифт. Ин ҷавони ҷасур ҳангоми озод намудани шаҳри Лвов корнамоиҳо нишон дод, вале зимни чунин набардҳо соли 1944 қаҳрамонона ҳалок гардид.
Ӯ барои корнамоиҳо ва муҳорибаҳо ҷиҳати ҳифзи Ватан бо ордени “Шараф” ва 3 ордени “Ситораи сурх” мукофотонда шудааст.
- Гурез бародари аз ҳама калони мо буд, ҷавони зебо, ҷуссаи паҳлавонӣ дошт, нотарс буд. Шояд ҳамин сабаб шуду барои таҳсил дар курси лётчикӣ интихобаш карданд,  - гуфта бобои Холи Маҳмуд ба ҳикоя кардан оғоз намуд. - Бо ҳамсараш Тобон ҳамагӣ 1 рӯз зиндагӣ кард. Арӯс дар хона монд, 10 сол ҳамроҳи мо Гурезро интизор шуд. Афсӯс, ҷанг барои бисёриҳо доғ монд. Модарам Ҷиёнбӣ барои Гурез, кампири Зарра барои Саъдулло, момаи Оиша барои Зард, ки аз ҷанг барнагаштанд, то охири умр нола карданду сӯхтанд. – Бобои Хол суҳбат мекарду ба расми бародараш Гурез менигарист, вале ҳамин ҷо омаду дигар натавонист, ашк аз чашмонаш ба шоридан сар кард, гиря гулугираш намуд ва дигар сухан гуфта натавонист...
Достони “Мавҷҳои Днепр” – и устод Муъмин Қаноат ба ёдам омад ва онро зери лаб замзама кардам:
Замони кӯдакии ман ту аз ҳама
калон будӣ,
Миёни аҳли деҳи мо ҷавони
паҳлавон будӣ,
Чанори соябон будӣ, мадори
хонадон будӣ,
Вале зи хоксориат ба чашм
ноаён будӣ,
Бародарам, бародари ба ҷону
дил баробарам...

БА ҶОЙИ ХУЛОСА
Гузашти 75 сол собит намуд, ки барои зудудани даҳшати Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз лавҳи хотири халқ вақт оҷиз аст. Аслан, вақт оҷиз нест, замоне ки сухан дар бораи таърих ва ҳаводиси он меравад. Вақт довар аст, ба қадри ҳама чиз мерасад, арзиши воқеаҳоро, қимати онҳоро муайян месозад ва барои пасояндагон дарсу ибратҳои бешумор ба ҷо мегузорад. Магар мешавад, ки таърихро фаромӯш кард, ба корнамоии падарону бародарон, умуман, гузаштаи хеш хиёнат варзид? Ҳаргиз не! Дар ҳоле ки ҳазорон умеду армон хазон шуд, кӯдакон бе падар, модарон бе фарзанд, гуларӯсон бе шавҳар ва дилбарон аз бахти хеш маҳрум гаштанд. Ин ҷанг, яъне Ҷанги Бузурги Ватанӣ, низому оромии зиндагиро аз миён бурд, ба хонадони мардум фоҷиаҳои зиёдро овард ва дар дилҳо захму ҷароҳатҳои бешумору бедармон гузошт.
Корнамоиҳои мардони ҷонфидо, пеш аз ҳама, барои насли наврас сабақ аст, намунаи ибрат аст. Аз ин рӯ, мо – омӯзгорон вазифадорем, ки корнамоиҳои бобоёну падарони далери худро ба насли наврас фаҳмонда, ҳимояи Ватанро шиори ҳамешагии хеш қарор диҳем.

Тағаймурод РАҲМОНҚУЛОВ,
Аслиддин ЧОРИҚУЛОВ,
омӯзгорони МТМУ № 5, деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара,
Бахтовар КАРИМЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.05.2020    №: 88    Мутолиа карданд: 44
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед