logo

иҷтимоиёт

АЗ ЗИНДАҲО ҲАМ ЗИНДАТАР

Эй падарҳо, бо баҳои ҷон музаффар гаштаед,
Нурбахши зиндагӣ чун шамси Ховар гаштаед.
Ӯ, Саидқул Турдиев, имтиёз дошт, метавонист, ки ба ҷанг наравад, аммо рафт. Агарчи медонист, ки ин ҷанг аз ҷангҳои дигар, хосса аз ҷанги шаҳрвандӣ, тафовут дорад…
Соли 1912 дар Хонободи Балҷувон ба дунё омад. Зулму истибдоди амириро дар зодгоҳаш шоҳид гардид. Ва баъд алайҳи он мубориза бурд.
Таҳсил кард. Дар ободонии водии Вахш саҳм гирифт. Агрономи совхози «Вахш» буд, ки бо ордени «Нишони фахрӣ» қадр гашт.
Соли 1936 ин хоҷагӣ туфайли донишу таҷриба ва кордонии ӯ ҳосили баланди пахта гирифт. Ба сафи ҳизби коммунист пазируфтандаш. Ин вақт ӯ 25-сола ҳам набуд.
Пас аз соле, аз ҳавзаи рақами 219 ба депутатии Совети Олии ИҶШС номзад пешбарӣ гардид. Мардум якдилона овозаш доданд. Моҳи декабри соли 1937 сардори Управленияи пахтаи ҷумҳурӣ, муовини дуюми Комиссарияти халқии заминшиносии ҷумҳурӣ пешниҳод ва тасдиқ шуд.
21 июни соли 1941 Пленуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон баргузор гардид. Пас аз иштирок дар ин  пленум Саидқул ба зодгоҳаш Хонободи Балҷувон рафт. Бо дидори модари пир, зодгоҳаш ва наздикону пайвандону ҳамдеҳагонаш хумор шикаст. Аммо ба ӯ хабар расонданд, ки зуд ба Сталинобод баргардад. Дар тааҷҷуб афтод, сабаб пурсид. Гуфтанд, ки ҷанг сар шуд.
Саидқулро дар қатори дигар вакилони Шӯрои Олии ИҶШС боз ба Маскав - пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ даъват карданд.
Ҳангоми баргаштан ба Душанбе аз ҷанг, аз муҳофизати Ватан андешид. Тасмим гирифт, ки алайҳи душман, фашизм биҷангад, чун ҳоло ҷавон асту тандуруст ва ҳам таҷрибаи ҷангӣ дорад.
Ба Комиссарияти ҳарбӣ омад, бо ариза. Дар ариза хоҳиш мекард, ки ӯро ба майдони набард барои муҳофизати Ватан бифиристанд. Аммо аризаашро бозпас гардониданд. Гуфтанд, ки чун мутахассис барои кишвар лозим аст. Ва ҳам иҷозат нашудааст, ки мутахассиси асил ва депутати Шӯрои Олии ИҶШС-ро ба фронт бифиристанд.
Ба назди Дмитрий Протопопов, роҳбари вақти давлат, котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон, омад то ӯ дар иҷрои ин кор мусоидат намояд.
Роҳбари вақти давлати тоҷикон ба Саидқул дар хусуси ақибгоҳ, ҳимояи он, тарбияи мутахассисон, пеш бурдани кор ва ободонии Ватан гуфт, то ӯро аз раъйяш баргардонад. Аммо ин ҳам натиҷа надод.
Ба унвони Михаил Иванович Калинин, раиси Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС, дар хусуси ихтиёран ба майдони набард рафтанаш нома навишт. Пас аз чанд рӯзи интизорӣ комиссари ҳарбии  ҷумҳурӣ полковник Шейпк бо Саидқул телефонӣ ҳамсуҳбат шуд. Полковник ӯро даъват намуд. Баъди истиқболи гарм ба ӯ гуфт, ки «хоҳишатро дар Маскав ба инобат гирифтанд. Аммо бояд аввал дар омӯзишгоҳи ҳарбӣ таҳсил бинамоӣ».
Саидқул дар андеша фурӯ рафт ва пурсид: «Бояд чӣ қадар таҳсил намоям?»
Полковник посух дод, ки панҷ-шаш моҳ.
- Магар дар замони ҷанг ин бисёр нест?- боз пурсид Саидқул.
- Дар замони осоишта на панҷ-шаш моҳ, балки бояд чанд сол таҳсил намоӣ,- гуфт комиссар.
Модару хоҳар ва хешовандону наздиконаш барои гуселаш омаданд. Ҳамаро дилпур сохт, ки бо ғалаба бармегардад.
Дар ҳайати дивизияи 136-уми тирандози Киев, армияи 38-уми фронти Украина ҷангид.
Аз дафтари қайдҳои ҳайати офитсерон чунин сатрҳоро пайдо карданд: «Лейтенант Турдиев Саидқул Алиевич, фармондеҳи ротаи тирандози баталёни сеюми полки тирандози 342, соли таваллудаш 1912, 3 октябри соли 1943 кушта шуд…».
Дар тафсилоти ин муҳориба, ки дар Бойгонии марказӣ ҳаст, омада буд: «Дар назди баталёни сеюми полки тирандозии 342-юм вазифа гузошта шуда буд, ки дар самти Вишиневск аз дарё гузашта, тарафи чапи дивизияро аз душман муҳофизат намояд. Шаби 3 октябри соли 1943 аз соати 1-и шаб то 4-и субҳ ҷанговарони баталён ба чор гурӯҳ тақсим шуда, бо заврақҳо ба навбат аз дарё гузаштанд ва се қатори пеши хандақҳои душманро ишғол намуданд. Ҳангоми васеъ намудани платсдарм ҳайати шахсии баталён қаҳрамонона ҷангида, ҳуҷумҳои  қувваҳои бонуфузи душманро чандин маротиба ба ақиб гардонд.
Бо сабаби беист оташфишонии артилерия ва миномётҳои душман, бомбаборонкуниҳои паиҳами авиатсияи вай ҳамаи пулемётҳои вазнини мо аз кор баромаданд, аксари солдату офитсерҳо маҷрӯҳ ва ҳалок гардиданд. Бинобар ин, илоҷи боздоштани шашумин ҳуҷуми ҷавобии душман намонд.
3 октябр, соати 6-и пагоҳӣ, аз соҳили рост ҳамагӣ як нафар ҷанговар баргашта омад, ки ӯ лейтенанти хизмати тиббӣ, командири взводи санитарии баталёни сеюм Резниченко буд. Дар бораи қаҳрамонона ҳалок гардидани командири баталён Машков ва депутати Шӯрои Олии ИҶШС Турдиев ӯ хабар овард. Баъдтар аз соҳили рост боз чор ҷанговар баргашта омаданд. Онҳо суханони Резниченкоро тасдиқ намуданд».
Василий Спиридинович Голот, котиби калони баталёни алоҳидаи 42-юми тирандози дивизияи 136-ум, аз Саидқул Турдиев чунин ёдоварӣ кардааст: «Агарчи худи Турдиевро надида бошам ҳам, номашро бисёр шунидаам. Ӯро дар штаби баталёни мо ҳамчун офитсери диловар тавсиф мекарданд. Ӯ як муддат командири разведка буд ва сапёрҳои мо ба онҳо ҳангоми ба амалиёт баромаданашон ёрӣ мерасонданд».
Ҷасади ин марди шуҷову мубориз дар қабристони Байковаи Украина аст. Ҳамяроқони ӯ аз пӯлоди холис лавҳаи ёдгорие сохтанд, ки дар он навишта шудааст: «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, депутати Совети Олии СССР Турдиев Саидқул Алиевич, 1912-1943».
Оре, Саидқул Турдиев имтиёз дошт, метавонист, ки ба ҷанг наравад ва ҳалок нагардад, намирад. Аммо ӯ медонист, ки ҳар он кӣ барои Ватан ҷон фидо мекунад,  ҳаргиз намемирад. Ва ӯ аз зиндаҳо ҳам зиндатар аст.

Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.05.2020    №: 88    Мутолиа карданд: 46
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед