logo

иҷтимоиёт

ЛУТФУЛЛО БУЗУРГЗОДА. ДИЛЕ, КИ БАРОИ ВАТАН МЕТАПИД...

Ҷанг дар ҳама ҳолат маҳкумшаванда аст. Бавижа, рафти муҳориба, хунрезӣ, куштор, садои тиру туфанг, ғалоғула ва нолаҳои ҷонхароши маҷрӯҳону ҷисмҳои беҷони қурбониён ба дили эҷодкор ва пажӯҳишгар бетаъсир намемонанд. Аз ҷумла, дили фарзанди шуҷои миллати тоҷик Лутфулло Бузургзода, ки дар дифои Меҳан ҷонбозиҳо кардааст, на ҷангро, балки пирӯзии халқ ва шодмонии хонаводаашро ба ҷон мехост. Орзуи ягонааш бори дигар дидани Ватан ва пайвандонаш буд, аммо…

ДОНИШҶӮЕ, КИ КИТОБИ ДАРСӢ НАВИШТ
Соли 1932 Лутфулло Бузургзода бо ҳаммуаллифии Баҳром Ҳоҷизода ва Абдусалом Деҳотӣ китоби дарсии «Забони модарӣ»-ро навишт. Он замон ӯ дар академияи педагогии Самарқанд донишҷӯи курси 2 буд. Се сол пеш аз ин, яъне соли 1929, ки дар зодгоҳаш шаҳри Исфара омӯзгорӣ мекард, пйесаи «Зуҳро»-ро иншо карда, дар ҷаридаи «Фарғонаи нав» интишор дода буд.
Минбаъд ӯ то оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ сиву ҳашт асар доир ба шевашиносӣ, луғат, фолклор, забоншиносӣ, таърихи забону адабиёти классикӣ ва муосир таълиф кард. Аз ҷумла, соли 1940, як сол қабл аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ китоби «Фонетикаи забони адабии тоҷик»-ро интишор дод, ки ба қавли Носирҷон Маъсумӣ: «Ин аввалин асари ҷамъбастии забоншиносии тоҷик буд». Бузургзодаи 28-сола, аллакай чун пажӯҳишгари пуркор ном бароварда буд. Шарқшиноси машҳури шӯравӣ Бертелс ба раиси базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС бо нома муроҷиат карда навишта буд: «…Хоҳиш мекардам, ки аз Тоҷикистон ҷавони дорои истеъдоди модарзод Лутфулло Бузургзода ба аспирантураи Институти забон ва тафаккури ба номи академик Марри (АФ ИҶШС) дохил шавад, зеро дар симои вай на танҳо як олими бузурги тоҷик, балки Иттиҳоди Шӯравиро тасаввур мекунам».
Аз ҳамин эътирофи шарқшиноси бузурги рус маълум аст, ки нубуғи Лутфулло Бузургзода дар ҷавонӣ ҳувайдо гардида буд.

ШЕВАШИНОСИ МУМТОЗ
Лутфулло Бузургзода, пеш аз ҳама, шевашиноси барҷаста буд. Ӯ шеваҳои гуногунро бо эҷодиёти шифоҳии мардум якҷоя ҷамъ ва таҳқиқ мекард. Меҳру муҳаббат ва ишқу алоқаи фаровони Бузургзода ба фарҳангу тамаддуни ин миллат сабаб шуд, то ба ҳама манотиқи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ сафар кунад ва аз забони халқ 6426 мисраъ шеър, 474 чистон, 956 зарбулмасалу мақол, 371 афсонаву қиссаҳои мардумиро навишта гирад. Танҳо дар деҳаи Зиракии шаҳри Кӯлоб бо 63 гӯянда суҳбат карда, намунаҳои адабиёти шифоҳиро ҷамъ овард ва ба хидмати илм гузошт. Китобҳои «Шеър ва достонҳои Бобоюнус» (1940), «Халқ месарояд», «Инъикоси шӯриши Восеъ дар фолклор» намунаи олии осори мардумиро фаро гирифтаанд.
Тавре аз ишороти бузургзодашинос Валӣ Самад бармеояд, олим ин ва дигар корҳои илмии мондагорро ҳамагӣ дар муддати 6-7 сол сомон додааст, ки тасаввурнопазир мебошад. Вале беш аз даҳ асари муҳими ӯ гум шуд, ки ҷои афсӯс аст.

«ДАР ҶАНГ ҲАМА НАМЕМИРАНД»
Олим бо ихтиёри худ ба ҷабҳа рафта, дуву ним сол дар шаҳрҳои Москва, Калининград, Волхов, Ленинград, Минск-Витебск бар зидди фашистони гитлерӣ қаҳрамонона ҷангид. Ӯ аз аввалинҳо буд, ки ба дифои Меҳан бархоста, хомаро ба тиру теғ иваз кард. Охирин ҷумлае, ки дар хонааш, дар шаҳри Душанбе ба коғазаке навишта буд, ин аст: «То боздид, азизони ман». Он замон аҳли хонаводааш дар шаҳри Исфара буданд.
Барои дарки самимияти Лутфулло Бузургзода ба Меҳан ва хонаводааш чанд ҷумла аз номаҳояш кофист. Номаҳо бори дигар муҳри тасдиқ мезананд, ки ҷанг рӯҳу равони соҳибдилонро бештар мекоҳонад. Ба ҳамсараш 7 феврали соли 1943 навиштааст: «…Агар душворӣ кашед, ҳар чизе, ки рост меояд, фурӯшед. Аз либосҳои ман ягонтоашро барои хотира нигоҳ доред, кифоя, дигарашро фурӯшед, бачаҳо гурусна намонанд».
Чанд рӯз пештар аз маргаш менависад: «Дар ҷанг ҳама намемиранд, мурдан намехоҳам!... Тоҷикистон ва шумоёнро боз дидан мехоҳам! Ба ин умеди калон дорам!». Дар ин ҷумлаҳои сенуқтадору хитобӣ чӣ қадар дарду ормон нуҳуфтааст. Чӣ қадар бераҳму ҷаррор будани ҷанг ва ҷангҷӯён равшан шудааст. Вале, сад дареғ, ки сарнавишт ин хоҳиши ӯро иҷро накард ва 12 ноябри соли 1943 тири фашисти бетараҳҳум синаи ӯро шикофт. Тиру туфанги сарду берӯҳ, душмани хунсарду лоқайд чӣ донад, ки киро кушт. Аммо миллати тоҷик ба рағми ноадолатии ағёр ёду номи бузургони фидоиашро ҳаргиз ба фаромӯшӣ намедиҳад ва баъд аз 75 сол Лутфулло Бузургзода ёд мешавад, на он фашисти гумноми бадният.

Б. САЛИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.05.2020    №: 88    Мутолиа карданд: 46
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед